Беҳрӯз Шукруллоев: Идораи рӯзномаҳо низ бегуноҳ нестанд
     TJ RU EN
08:56 / 2024-11-16

Беҳрӯз Шукруллоев: Идораи рӯзномаҳо низ бегуноҳ нестанд

“Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст. Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад. Яъне, қавми берӯзнома мисли одами безабон аст”.

Устод Айнӣ

Газета, ки дар даврони гузашта "ҷарида", "ахборнома" ва "номаи рӯз" ном бурда мешуд, имрӯзҳо номи "рӯзнома"-ро ба худ гирифтааст, ки он воситаи расонидани ахбор аз воқеаву ҳодисаҳои рӯзмарраи инсон ба ҳисоб меравад.

Тибқи бақайдгирии давлатӣ ва баҳисобгирии ташкилотҳои табъу нашр айни ҳол дар ҷумҳурӣ 367 рӯзнома, ки 107 адади он давлатӣ ва 260 адад ғайридавлатианд ва дар баробари он 239 маҷалла, ки 110 ададаш давлатӣ ва 129 адад ғайридавлатӣ мебошанд, фаъолият доранд. Аммо на ҳамаи онҳо хонандаи худро доранд.

Дар ин замон сабаб чӣ бошад, ки халқ кам рӯзнома мехонанд ва рӯз то рӯз теъдоди рӯзномаҳои мо кам мегарданд. Мушкилӣ дар чӣ бошад? Дар хонанда ё дар рӯзнома? Ва ё дар замона? Мусоҳиби мо дар ин масъала Беҳрӯз Шукруллоев мебошанд.

— Устод, аввалан, сабаби хонанда набудани мардумро дар чӣ мебинед?

— Хонанда набудани насли муосири на танҳо мо, балки кулли ҷаҳон дар он аст, ки ба бемории “танбалӣ” гирифтор шудаанд. На танҳо рӯзнома, балки китоб ҳам намехонанд. Ба ҳисоби миёна, имрӯз дар ҷомеаи мо аз 100 нафар 15 нафар мутолиакунанда ҳасту бас. Мақсад аз мутолиаи китоб васеъ кардани ҷаҳонбинист ва мақсад аз мутолиаи рӯзнома гирифтани иттилоот аст, вале меҳри хондан, мақсади хонданро на танҳо ҷавонон, балки кулли ҷамъияти имрӯза гум кардаанд.

— Пас, чӣ бояд кард?

— Ин ҷо идораи рӯзномаҳо низ бегуноҳ нестанд, чун хонандаро ба худ ҷалб карда наметавонанд. Метавон бо роҳҳои гуногун хонандаро ба худ ҷалб намуд, аммо баъзе идораҳои рӯзномаҳо то ҳол дар «хоб»-анд. Агар редаксия тавонад, ки маводҳои фаврӣ ва «зинда»  ба чоп расонад, хонанда низ руҷуъ мекунад ба сӯи рӯзнома. Агар шавад, ки воқеан рӯзнома бошаду ҳамарӯза нашр шавад ва нархаш ҳам мусоид бошаду дар зудтарин фурсат ба гӯшаву канори кишвар рафта расад, шояд мавқеи имрӯз пайдонамудаи интернет танг гардад.

— Як гуруҳи ҷомеа ақида доранд, ки интернет рӯзе ҷойгузини рӯзномаи чопӣ мешавад. Шумо чӣ мегӯед?

— Агар интернет ҷойгузини рӯзнома мешуд, дар Амрикову Ҷопон ва ё дар Чин мешуд, ки ҳамарӯза рӯзномаҳо бо тиражи хеле зиёд ба чоп мерасанд. Метавон рӯзномаи “Асахи симбун”-и Ҷопонро мисол овард, ки ҳамарӯза ду маротиба — субҳ ва бегоҳӣ рӯйи чоп меояд ва он харидори худро дорад. Ин ақида комилан хатост. Рӯзнома мавқеи худро дошт, дорад ва хоҳад дошт.

— Пас сабаби камхонанда ва камхаридор будани рӯзнома дар чист?

— Сабаби аслӣ дар «хоби зимистона» рафтани журналист ва худи рӯзнома аст. Дар рӯзномаҳои мо мушкилоти ҷомеа кам гуфта мешаванд ва дарду доғи мардум кам рӯйи чоп меоянд. Ҳамчунин, маводҳои таҳлилӣ низ хеле каманд. Баъзан бо суханони беҳудаву ҳарзагӯӣ пур шудаанд. Бинобар ин, камхонанда ва камхаридоранд.

— Мавқеи рӯзнома дар асри гузашта чӣ гуна буд?

— Бениҳоят хуб буд. Чун ягона воситаи хабаррасон ба ҳисоб мерафт. Аз мавқее, ки дошт, сухан намегӯем, чун ҳама медонанд чӣ қадру манзалате дошт.

— Оё рӯзнома мавқеи гузаштаи худро дар оянда пайдо менамояд?

— Шояд. Умедворем, ки ин мушкилот бароварда гарданду идораи рӯзномаҳо камбудии худро бартараф созанд ва рӯзнома мавқеи худро боз пайдо намояд.

Бо мақсади муайян намудани хонандаи рӯзнома байни 35 нафари синну соли гуногун чунин пурсише гузаронидем: Оё Шумо рӯзнома мехонед? Кадом рӯзномаро бештар мутолиа менамоед? Бо чӣ мақсад?

Хушбахтона, аз 21 нафари дар пурсиш иштирокнамуда ҷавоби “бале, ҳа, мехонам, каму беш, ҳар ҳафта, аз сайтҳои интернетии рӯзномаҳо истифода мебарам, ба 4 рӯзнома обунаам…”- ро шунидем, ки мутаассифона, бештари онҳо зиёда аз 35 баҳори умрро аз сар гузаронида буданд. Дар пурсиши дуввум ҳар кас як рӯзномаро ном мебурд ва ба саволи саввум ҳар гуна шарҳ шунидем, аммо посухи на ҳама қобили қабул буд. Гарчанде 60 дарсади пурсидашудагон рӯзномахон буданд, аммо аксарият мақсади хондани худро ё намедонистанд ва ё фаҳмонида дода наметавонистанд.

Як нафаре, ки дар пурсиш иштирок карда буд, чунин изҳори андеша намуд: «Дар замони СССР газетаҳо мунтазам дар пайи ислоҳи камбудии ҷомеа буданд ва дар онҳо маводҳои бештар танқидӣ чоп мешуданд, ки танқид боиси ислоҳи камбудӣ, ободии ҷомеа, пешрафти давлат ва беҷазо намондани ҷурму ҷиноят аз тарафи вузарову кубаро мегардид ва рӯз то рӯз нашрия ба худ хонандаи нав пайдо менамуд. Аммо дар ин аср намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки ин гуна нест. Аксарияти саҳифаҳои газетаҳои имрӯза бо маводҳои таърифӣ ё калонҳаҷме, ки ҳеҷ мушкилии ҷомеа дар он инъикос наёфтааст, пур шудаанд, проблемаҳои ҷомеа бошад, дар «нӯги забон»-и занон ҳасту дар «Фейсбук». Агар газетаҳои имрӯза он равиши гузаштаро пешаи худ қарор диҳанд, хонанда низ пайдо менамоянд ва пеши роҳи ҳар гуна қонунвайронкунӣ гирифта мешавад».

Мутаассифона, аз 12 нафар ҷавоби “на” шунидем, ки мегуфтанд: «Рӯзномаҳои мо маводи хонданӣ надоранд». 2 нафар аз посух додан худдорӣ намуданд. Он шаҳодати ин буд, ки дар ҳаёт рӯзномаро ба даст нагирифтаанд.

Аз натиҷаи мусоҳиба ва назарсанҷӣ чунин хулоса баровардан мумкин, ки айб дар ҳар ду ҷониб аст. Умедворем, ки дар соли равон камбудиҳои ҷонибайн ислоҳ шаванд ва сафи рӯзномахонони мо афзояд ва ҷои зикр аст, ки суханони устод Айниро охирсухан қарор диҳем: “Агар мо шараф хоҳем, агар мо номус хоҳем, агар мо ҳуқуқ хоҳем, ба ибораи кӯтоҳ — агар мо ҳаёт хоҳем, бояд ки фурсат нагузаронида, чанг ба домони Сайфу Қалам занем… Эҳтиёҷоти ҳаррӯза ва нуқсоноти воқеии худамонро ба воситаи матбуот музокира намуда, ба ҳар дарди худ аз ин маъҷуни мураккаб, яъне аз матбуот даво ҷӯем”.

P.S. Рӯзномаи «Асахи симбун» («Рӯзи Ҷопон») нашрияи умумимиллӣ мебошад, ки аз ҷониби Mitsui Concern маблағгузорӣ карда мешавад. Тиражи он зиёда аз 10 миллион аст — 6 миллион нусха дар субҳ ва 4 миллион нусха дар шом. 66 дарсади рӯзномаи мазкур тавассути обуна паҳн карда мешавад. Рӯзнома 226 дафтари маҳаллӣ, 1 бюрои умумӣ, 61 дафтари минтақавӣ дорад ва аз 14 агентиҳои хабарӣ истифода мекунад. Ва ногуфта намонад, ки замоне “Ҷумҳурият” (собиқ “Иди тоҷик” ва “Бедории тоҷик”) ҳамарӯза бо 200 ҳазор тираж ба чоп мерасид. Аммо…

http://faraj.tj/musohiba/behruz-shukrulloev-idorai-ruznomaho-niz-begunoh-nestand/


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима