Рӯзноманигор Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд
     TJ RU EN
09:47 / 2024-11-16

Рӯзноманигор Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 16-уми апрел рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Тавре Абдуманнон Шарифов, ҳимоятгари ӯ хабар дод, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост кард, ки Далер 2 солу 4 моҳ зиндонӣ шавад, лекин бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, додрас ба муҳлати камтар ӯро маҳкум кард.

“Се ҳолати сабуккунанда: бори авввал содир кардани ҷиноят, сидқан пушаймон шудан ва дар тарбия кӯдакони хурдсол доштанаш ба инобат гирифта шуд”, - хабар дод адвокат.

Вай афзуд, ки Далер Шарифов дар сухани ниҳоии худ айбномаро мутобиқи моддаи 189 КҶ ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эътироф накард.

Видео: Таджикский журналист получил один год тюрьмы

“Ӯ изҳор дошт, ки аз рӯйи ин модда худро гунаҳкор намешуморад, лекин иқрор шуд, ки дар китобаш ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро барои таҳияи китоб маҳкум карданд”, - афзуд адвокат.

Ба қавли ҳимоягар, ӯ аз суд дархост кардааст, ки Шарифов аз толори суд озод шавад. Аммо суд қарори худро содир кард.

“Далер изҳор дошт, ки аз қарори суд шикоят надорад. Дар ин масъала ман бо ӯ вомехӯрам ва шояд зерҳимояам фикрашро тағйир диҳад”, - гуфт адвокат. Падари Далер пас аз эълони ҳукм изҳори таассуф кард: “Орзу доштам, ки писарам имрӯз аз толори суд озод шуда, ба назди оилаи худ бармегардад. Мутаассифона, ин тавр нашуд”, - гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова ҳукм нисбат ба журналистро “ногаҳонӣ” унвон кард.

“Чун айбномаҳо тасдиқ нашуданд, чӣ гуна нисбат ба Далер Шарифов ҳукм содир карда тавонистанд? Суд озод набуд. Мо 3 рӯз дар ҳамин ҷо будем, вале ба толори мурофиа роҳ надоданд. Вақте мурофиаи додгоҳӣ ба охир расид, танҳо маро ду дақиқа иҷозат доданд ва даромада, бо Далер салом кардам. Албатта, ин таассуфовар аст”, - гуфт ӯ ба журналистон.

Ойниҳол Бобоназарова инчунин зикр кард, ки бори нахуст пас аз танаффуси тӯлонӣ мебинад, чӣ гуна рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид шуда, озодии ҳамкори худро талаб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28-уми январи соли равон боздошт гардид ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200416/rznomanigor-daler-sharifov-ba-yak-soli-zindon-makum-shud


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима