матБУоТ
     TJ RU EN
08:50 / 2024-11-16

матБУоТ

Дар Тоҷикистон чаро фикр мекунандки вазифаи матбуот бут тарошидан аз мансабдорон аст?

Дигар чӣ гӯям? Дигар ба ҳама маълум аст, ки сатҳи озодии сухан дар матбуоти даврии мо сол то сол коҳиш меёбад. Сабабҳои инро албатта ҳар кас ҳар хел шарҳ медиҳад. Баъзеҳо мегӯяд, ки ҳоло ҳама рӯ ба интернет овардааст, дигаре омилро дар “эҳтиёткорӣ”-и муассисон ва сармуҳаррирони нашрияҳо ҷустанӣ мешавад. Ҳамчунин, аз Тоҷикистон ба кишварҳои аврупоӣ “фирор” кардани як гуруҳи журналистон — ҳамкасбонамон низ, ба гуфтаи коршиносон, нақши матбуотро камтаъсир кардааст.

Андешаҳои боло албатта на ҳамааш ба воқеият наздиканд. Масалан дар масъалаи сеюм, ба фикрам, набояд дар натиҷагирӣ саросема шавем. Зеро на ҳамаи журналистони “фирорӣ” маҳз бо сабабҳои сиёсӣ аз Ватани азиз рафтаанд. Чунки бисёрии ин журналистон дар Тоҷикистон ҳам ба мавзуҳое даст намезаданд, ки “сахт” бошанд. Аз ин хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҳамкасбони мо барои беҳтар кардани шароити иқтисодии худ ба хориҷа рафтаанд. Вагарна, ҳоло ҳам, ки дар кишварҳои демократӣ фаъолият доранд, анқариб намебинем мавзӯеро баррасӣ кунанд, ки дар Тоҷикистон имкони инъикосашро надоштанд.

Ин ҳам воқеияти рӯзгори мост, ки чанд соли охир дар матбуоти даврии мо матлабҳои «тунд»-у «тез» кам ба назар мерасад. Вале хушомандзаниҳо зиёд аст. Аз ҳамин хотир, як қисми мансабдорони ноуҳдабаро роҳи бисёр осонро пайдо кардаанд: худсафедкунӣ! Яъне, ҳар гоҳе онҳоро танқид мекунанд, зуд баҳона пеш меоранд: «Рӯзноманигорон ҷангандозанд ва сабабгори тамоми бесарусомониҳо ҳаминҳоянд. Инҳоянд, ки моро асабонӣ мекунанд”. Ва ҳатто баъзеаш ба касалии дилу гурда дучор шуданро ҳам ба фаъолияти рӯзноманигорон рабт медиҳанд, ки воқеан ҷойи ханда ва ҳам гиря аст.

Пас, журналистон бояд чӣ кор кунанд? Вақте ба назди ин мансабдорони бемасъулият меравӣ, то маълумотеро гирифтаву ба хонанда пешниҳод намоӣ, онҳо бо сад баҳона аз додани иттилоъ худдорӣ мекунанд. Ман намедонам, он гоҳ мо ба касалии дил гирифтор мешавем ё онҳо?

Барои хонанда бошад, ин муҳим нест. Ӯ одат кардааст, ки аз нашрияҳо таҳлил хонад, воқеияти рӯзгори худро бубинад. Чунин давраро ҳам дар хотир дорад.

Ҳоло вазъият чӣ гуна аст? Ҳар мансабдор мехоҳад рӯзноманигоронро “шармсору шарманда” кунад, то мушкилоте, ки ба фаъолияташ алоқаманд ҳастанд, пинҳон монад. Ин магар аз рӯйи адолат аст?

Ҳатто мансабдореро мешиносам, ки як ҷавонро аз ҷойи кор сабукдӯш кард. Чунки вазифа ба “устод”- аш лозим шудааст. Аламовар он аст, ки “устод”-аш боз дар 2 ҷойи дигар кор мекардааст. Бекор набудааст ӯ! Ҳамаи ин хизматҳо барои чӣ бошад? Барои чопи 1 китоб?  Барои шеър? Чаро гонорари “устод”-ашро аз ҳисоби давлат рӯйпӯш мекунанд? Аммо ҷавонро бекор карданд. Вазъияти бади молиашро боз бадтар карданд. Пас чаро “хизмат”-и чунин мансабдоронро фош накунем? Албатта мекунем!

Дар вохӯриҳои охирашон Пешвои миллат иқрор карданд, ки журналистикаи мустақил ва шабакаҳои иҷтимоиву интернетро ҳам мехонанду мебинанд. Ёдатон ҳаст дар бораи ҳолати нозироти андози ноҳияи Шаҳритус ва таъкиди роҳбари давлат? Ё зикрашон аз Саодат Хоҷаева — сокини ноҳияи Восеъ — зани маълуле, ки аробаи зиндагиашро на бо дастон, балки бо пойҳояш мекашонад? Президент аз ӯ ҳамчун як зани боирода ном бурд. Ба роҳбарон барои кӯмак супоришҳои қатъӣ доду дар натиҷа ин зан ва хонаводааш дастгирии хубе аз тарафи давлату Ҳукумати кишвар дарёфт карданд.

Вале кӣ садди роҳ мешавад, то Президент бо матолиби нашрияҳо, хусусан матбуоти мустақил ошно нагардад? Ба фикрам, маҳз мансабдороне, ки тавони бардошти таҳлилу танқиди журналистонро надоранд.

Аз таҷрибаам дар муассисаҳои давлатӣ медонам, ҳар нафаре, ки субҳ ба кор оғоз мекард, аввал расонаҳои мустақилро варақгардон менамуд ва мегуфт, ки “инҳо ҳақиқатро менависанд, мабодо номи мо ҳам набошад?”.

Ин нукта албатта моро хеле хушнуд месозад ва мехоҳем дар маросими таҷлили Иди матбуот бо ҳамкасбон якҷоя иштирок намоему дарк созем, ки рисолати матбуот буттарошӣ нест!

Иди касбиатон муборак, ҳамкасбони азиз!

http://faraj.tj/nigohi-hos/matbuot/


Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима