Тавсия мешавад ҳангоми мулоқот бо мардум, рафтан ба як макони умумӣ, рафтан ба маконҳои шулӯғ( пуродам) ва сарпӯшида, истифода аз василаи ҳамлу нақл ва ғайра моск истифода шавад.
Дар ҳолатҳои дар манзили шахсӣ будан метавон аз моск истифода накард.
Доруҳои муассир дар ҳоли тавлид шудан ҳастанд. Вале то кунун равиши муассире барои муқобала бо вирус таъйид нашудааст.
Каратини фикрию ҷисмии бемор аз рафту омади ӯ бо ҷомеа пешгирӣ ҳуда ва аз бурузи мубталоёни наслҳои дуюму сеюм ҷилавгирӣ мешавад. Бо оби ҷорӣ ва собун зуд-зуд дасти худро шустан ё аз моддаҳои зидди уфунӣ истифода кардан.
Азбаски ҳаво дар осонсурҳои кабинадор хеле кам аст ҳангоми савор шудан аз моск истифода шавад. Имкон дорад дар дохили лифт вирус вуҷуд дошта ва дар ҳолати ламс кардан ё даст задан аз ангушти даст истифода нашавад. Агар тугмаи осонсурро бо ангушт пахш кардед бикӯшед то ин ангушт ба баданатон нарасад.
Бояд моск бипӯшед. Пас аз ламс ва даст задан ба маконҳои умумӣ бояд дасти худро бишӯед. Мусофирони дигар низ моск пӯшид ва одоби сурфа карданро риоя кунанд. Панҷараҳои (Тирезаҳо) мошинро то ҳадди охир боз кунанд.