Бешак, таъсиси рӯзномаи «Бухорои шариф» далели равшани худшиносии миллӣ мебошад. Зеро танҳо миллати хештаншинос аз пайи таъсиси рӯзнома мешавад. Яъне, боз ба қавли маъруфи «Бухорои шариф», «миллати берӯзнома миллати безабон аст».
Чунин ҳолат дар таҷрибаи тамоми миллатҳои Шарқ мушоҳида шудааст. Ба ин маънӣ фаъолиятҳои ҷадидон, равшанфикрону маорифпарварон ва ниҳоят, рӯзномаи «Бухорои шариф» дар ташаккули афкори миллӣ, шинохти миллат дар Мовароуннаҳру Туркистон нақши муҳим бозид. Албатта, ин ҳолат ба сабабҳои гуногун, аз ҷумла, таъсири хориҷа, мусоид гаштани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд гаштани ҷаҳонбинӣ, бо назари танқидӣ ба зиндагии хеш нигаристани аҳолии минтақа вобаста аст. Бо назари танқидӣ нигаристан ба ҳаёти хеш дар маромномаи рӯзномаи мавриди назар низ сабт гаштааст. Яке аз нуктаҳои муҳимме, ки далели худшиносии мардуми Осиёи Марказӣ мебошад, он аст, ки акнун рӯзномаи онҳо «бегонаҳо» ва «аҷнабиён»-ро фарқ мекард, ба ин хулоса расида буд, ки хориҷиён ба ин хок ба нияти истеъмор по гузоштаанд. Ҳатто, дар рӯзномаи «Бухорои шариф», ки то андозае тобеъ ва дар назорати давлати Руссия буд, чанд бор ин маънӣ ба таври нозук ва пардапӯшона изҳор шудааст.
Маҳз бо мақсади раҳоӣ аз дастнигарии «бегонагон» муаллифони шеър ва мақолаҳои публитсистии рӯзнома ба танқиди ақибмондагӣ, танбалӣ даст зада, таҳсили илм, равнақи тиҷорату саноат ва иқтисодро тарғиб намудаанд. Яке аз ҷиҳатҳои дигари шинохти миллат ифтихори миллист. Дар шеъру мақолаҳои зиёд аз таърихи пуршараф ва гузаштагон ёд шудааст. Аммо баробари ин, таъкид мегардад, ки танҳо бо ифтихори хушку холӣ наметавон пеш рафт, балки бояд саъю кӯшиш намуд ва «падари хеш гашт». Муаллифони рӯзнома ба замони нав бовар доранд ва онро давраи эҳёи миллат мешуморанд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки худшиносии миллии тоҷикон маҳз аз оғози асри бистум шурӯъ шуда, ташаккул ёфта, то ба имрӯз омадааст. Дар ин бобат рӯзномаи «Бухорои шариф» саҳми бузург гузошт. Зеро хулосаи муҳимми муаллифони «Бухорои шариф» ин аст, ки танҳо бо рушди илму маориф, иқтисод, саноат ва тиҷорат хушбахтии миллатро таъмин кардан имконпазир мебошад.
Гуфтан мумкин аст, ки теъдоди хеле зиёди мақолаҳои «Бухорои шариф» зимни баррасии масъалаҳои илму маориф, рушди иқтисоду саноат, обёрикунӣ, ҳатто, қисмати баландмазмуни ашъори рӯзнома ба баланд бардоштани рӯҳи миллӣ, шинохти Ватан бахшида шудааст.
Дар хабарҳои гуногун низ эҳсоси ватандӯстии кормандони рӯзнома ошкор мегардад. Дар хабаре омадааст, ки «Аз барои ободии сайри Регистони Бухорои шариф ҳар навъ тамошои аҷиб ва ғариб омада, алалхусус, бозихонаи сирк омада, бозиҳои аҷоиб ба аҳолии Бухорои шариф нишон дода аз ибтидои сайри мазкур то вақти тамом шудан чанд бор бозӣ нишон дода, аз ваҷҳи ҳусули маблағ нуҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтдаҳ суму сӣ тин манфиат дида, баъд аз тамомии сайр ба Когон рафтааст, ҷиҳати тӯл наёфтани сайри мазкур ва нашудани сайр дигар хеле афсӯс доштааст». Эҳсоси ватанпарастии аҳли рӯзномаи «Бухорои шариф» то андозаест, ки дар ҷавоби номаи мазкур оид ба сайри хуби Наврӯзӣ навиштааст: «Аз идора: Ҷойи афсӯси мо фақат ҳамин аст, ки ин маблағи газофаро агар бародарони бухороии мо ҳарсола харҷи як мактаби миллӣ мефармуданд, беҳтар аз сайру тиётр лаззат ва манфиат мебурданд. Агар чунончи атфоли худамонро тарбия ва таълим намоем, худашон покизатар аз онҳо сайрҳо дода ҷамоатро мутанабӣ намуда, нафъ ва оидоташ ҳам дар кисаи худамон, яъне аҳлу авлоди Ватан мемонд».
Ҳисси ватандӯстии кормандони рӯзнома, махсусан, муҳаррир Мирзо Ҷалол Юсуфзода дар мавриди номи нашрия баръало мушоҳида мешавад. Дар ихтори шумораи 19 марти соли 1912 зикр шудааст: «Баъзеҳо дар хусуси исми рӯзномаи мо ишколе намудаанд, мегӯянд: табдили ин исмро ба исме дигар бояд кард. Арз мешавад: нияти мо зинда намудани номи Бухорои шариф аст, ки исми шарифи ӯ матрук нашуда, дар азминаи отия ҳам ба шарофат мазкур бошад. Вагарна имрӯз ва фардо аст, ки исмаш Бухорои куҳна хоҳад шуд» («Бухорои шариф», №7). Дар ҳақиқат, чунин ҳолат ба миён омада буд. Аллакай намояндагони давлати рус ба шаҳр роҳ ёфта, пойтахти аморатро Шаҳри куҳна ва шаҳраки навсохтаи худ — Когонро Шаҳри нав меномиданд ва дар байни халқ ин номҳо ривоҷ меёфтанд. Фаҳмиши мардуми мо бошад, ба дараҷае буд, ки онҳо метавонистанд Бухорои шарифро пагоҳ-фардо бо тақлид «Бухорои куҳна» ва Когонро Бухорои нав номанд, чуноне, ки дар мавриди Тошканд чунин ба амал омад. Ҳамин тавр, номи Бухоро аз байн мерафт. Ин аз мактуби ҳамовозии хонандае ҳам маълум мегардад, ки бо таъсири омоли рӯзнома фикраш тоза гаштааст. Номаи мазкур дар шумораи 25 марти соли 2012 зери рубрикаи «Мактуб аз Бухоро» омадааст: «Муҳтарам, муҳаррири рӯзномаи «Бухорои шариф»…Ба хидмати муҳаррири арҷманди фитратбаланд арз мешавад, ки аз рӯйи ифодаи нумраи ҳафти рӯзномаатон маълум мешавад, ки яке аз бародарони бухороӣ… аз ваҷҳи нисбаи рӯзномаи онон, ки номида шудааст, ба рӯзномаи «Бухорои шариф» дар шубҳа шуда, ошкор худро баён намудааст, ки ҳароина номи рӯзнома… «Бухорои шариф» нашуда, номи мазкур табдил меёфт, хуб буд» («Бухорои шариф», №12). Баъд аз ин, муаллиф аз он изҳори шукрона мекунад, ки муҳаррир дар қатори мардуми ватанпараст ба хотири ҳурмати «ин хоки беҳтар аз чаман» ҷавоби шоиста навишта, даҳони чунин одамонро баст. Дар олам рӯзномаҳо зиёданд ва «ҳар кадом аз ном ҷавҳари зоти худро маълум менамояд ва рӯзномаи шумо, ки «Бухорои шариф» номидаед, ҳамватанони азизи моро муждаи ҷовидонӣ бахшидаед». М.Дабирӣ («Бухорои шариф», №12). Албатта, чунин номаҳо хотири аҳли рӯзномаро болида гардонда, онҳоро ба фаъолияти самарабахш ба фоидаи миллат дилгарм менамуд. Вагарна кор кардан дар он муҳити тангу тор барои журналистони аввалини тоҷик осон набуд.
Мавзӯи Ватан бори аввал дар таърихи миллати тоҷик ба пуррагӣ ва равшан дар публитсистика ва ашъори «Бухорои шариф» инъикос ёфтааст. Мақолаҳои публитсистии ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ бо намунаҳои ашъори ватандӯстона дар ҳар саҳифаи рӯзнома ҷой дода шудаанд ва ҳамдигарро комил мекунанд. Баъди ҳар мақола ашъори ба Ватан бахшидаи шоирон ба табъ расидааст. Масалан, дар шеъре бо номи «Тӯтӣ», ки бо тахаллуси «Оинадор» интишор гардида, масъалаи худшиносӣ, ватандӯстӣ чунин ба миён гузошта шудааст:
Аз дасти ту кашем магар дод то ба чанд?
Покӯби зиллат аст Ватан, шод то ба чанд?
Эй бар Ватан ту нохалаф авлод то ба чанд?
Бар ҷони дӯст оин ҳама бедод то ба чанд?
Бар сӯи душман ин ҳама наззора то ба кай?
Бори аввал дар ашъори «Бухорои шариф» мафҳуми Ватан, миллат низ то андозае мушаххас гардидааст. Дар ашъори классикон тобеият ба дину имон, давлат дар ҷойи аввал меистод. Аммо мавзӯи Ватан бори нахуст дар «Бухорои шариф» конкрет гашт. Муаллифони ашъори ватанпарастӣ зери ин мафҳум ҳудуди муайян, аз ҷумла, Аморати Бухоро, Варорӯдро дар назар доранд. Дар чанде аз намунаи ашъор ба ҷойи ишқи маъшуқа ишқи Ватан дар ҷойи аввал гузошта шудааст. Ин аст, ки муаллифони «Бухорои шариф» андешаҳое, аз қабили «Манам, ки пеши ман ошиқист лайлу наҳор, Ба ғайри ишқи бутонам дигар набошад кор»-ро бо тамасхур ба ёд меоранд ва ошкор изҳор медоранд, ки замони тавсифу ёру гулу булбул гузаштааст.
Бояд гуфт, ки ба ҷойи шеъри лирикию иҷтимоӣ, васфи ёру дилдор васфи Ватан пеш омад. Чунин ҳол барои дарки мафҳуми Ватан ба мардум ёрӣ расонд. Ин гуна ашъор ба тамоми ҷуғрофияи тоҷикнишини Шарқ нигаронда шудааст. Дар натиҷа ашъори иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи муаллифони «Бухорои шариф» ба Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Туркия таъсири сафобахш расонд. «Бухорои шариф» аввалин воситае буд, ки ба эҳсоси миллӣ, худшиносии миллии тоҷикони ҷаҳон таъсири муҳим расонд.
Чунончи шеъри «Тавбанома»-и Ф.Адиби Бухороӣ бо байти зер сар мешавад:
Эй Ватани дӯстони донишманд,
Қадратонро кунад Худой баланд…
Дар чанд маврид калимаи «Ватан» дар сарлавҳаҳои ашъор ба кор рафтааст. Аз ҷумла, номи шеъри Ҳоҷӣ Муллоҳодӣ (тахаллусаш «Масрур») «Қасидаи Ватания» аст. Шеър калон буда, чанд байти он чунин аст:
Ба гӯши ман ҳама дам мерасад садои Ватан,
К-эй диловар дилҳо шунав нидои Ватан.
Расул гуфта, ки ҳубулватан миналимон,
Чаро намешунавӣ савти дилрабои Ватан?
Наҷотбахши Ватан дар куҷост то накард
Ки хуни дил шуда ҷорӣ зи дидаҳои Ватан…
Шоир дар охир аз худо барои иҷрои мақсадҳо мадад хостааст, вале ба ин масъала идораи нашрия шарҳ додааст, ки иҷрои мақсадҳо аз кӯшиши худи одам низ вобаста аст: «Аз идора: Дар иъсори қадима низ аз Худо ва рӯҳуламин дархост менамуданд, ихтисосе ба ҳасри ҷадид надорад. Лекин Худо ва рӯҳуламин аз одам саъй ва ҳиммат хостаанд!»
Шеъри дигари муаллифи мазкур дар шумораи 9 августи соли 1912 «Манзумаи Ватания» ном дорад, ки он ҳам ҳаҷман калон буда, чанд мисрааш чунин аст:
Эй ватанпарварони некатвор,
Бишнавед аз муҳоҷиру ансор,
Арзи ҳолест аз забони Ватан,
Ки ба ҳақ гуфт он хуҷасташиор… («Бухорои шариф», №111).
Бояд қайд кард, ки бори аввал мафҳуми Ватан, маънии «Ватан — модар» дар ашъори Абдуррауфи Фитрат соли 1909 дар «Сайҳа», шеърҳои «Хиттаи Бухоро» ва «Ватани ман» ба чашм расидааст. Баъд он дар навиштаву ашъори муаллифони «Бухорои шариф» идома ёфт. Аз ин маълум мегардад, ки истилоҳҳои мазкур дар ашъори маорифпарварони тоҷик дар оғози асри бистум ба кор рафт ва ин ҳам яке аз хусусиятҳои навигариҳои ашъори онҳо мебошад.
Эҳсоси ватандӯстӣ аз як нома дар зери рубрикаи «Мактуб аз Бухоро» низ мушоҳида мешавад. Хонанда бо имзои «БТД» навиштааст, ки дар рӯзномаи Ишқобод мақолаеро хонда, ки дар он аввал аз гулзорҳои Бухоро таъриф ва пасон ифлосии кӯчаҳои шаҳрро танқид кардаанд. Хонандаи бухороӣ менависад, ки покиза нигоҳ доштани кӯчаву майдонҳои Бухоро қувваю маблағи зиёд наметалабад. Бигзор бо фармони ҳукумат сарварони гузарҳо муваззаф карда шаванд, ки кӯчаҳои тобеи худро бо қувваи мардум тоза нигоҳ доранд. Ҳамчунин, бунёди як табобатхонаи бемории чашмро дар шаҳр иқтизо намудааст.
Мақолаи дар шумораи 22 марти соли 2012 чопшудаи Мирзо Сироҷи Ҳаким «Қадаре фаъолият лозим аст» аз ҷиҳати мазмун ба мақолаи минбаъд чопкардаи ӯ дар маҷаллаи «Оина» монандӣ дорад. Ин мақолаҳо бо ҳисси ватандӯстӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи миллат эҷод шудаанд: «Ҳар гоҳ мо, мардуми Бухоро, чашми худро кушода як назар фуқарои замони гузаштаи худро пеши чашм биёварем, хоҳем дид, ки мо миллати ҳам дорои улум ва фунуни олия буда, дар ҷиргаи милали мутамаддина ба шумор мерафтем. Муаллими мо Форобӣ, ҳакими мо Бӯалӣ, уламои мо Бухорӣ, шуарои мо Рӯдакӣ буданд, ки ҳар кадом ягона ва фариди асри худ буда, номашон ҳанӯз зиннати бахши сафҳаи таворих аст («Бухорои шариф», №10)… Ин суханон куҳна шудан надоранд. Аз забони равшанфикрон ҳар вақту замон ба гӯш мерасиданд.
Яке аз мақолаҳое, ки аз ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ саршор аст, навиштаи Амин ибни Расул «Таҷаддуди Бухоро» мебошад, ки дар шумораи 26 апрели соли 1912 дарҷ гардидааст. Он бо як байти устод Рӯдакӣ бо андак таҳрир (ба ҷойи «мир»- «илм») шурӯъ мешавад:
Эй Бухоро шод бошу шод зӣ,
«Илм» сӯят меҳмон ояд ҳаме.
Қайд мешавад, ки Бухоро як вақт бо илм ва шарофати хеш машҳури ҷаҳон буд ва ин аст сабаби ба он изофа шудани калимаи «шариф». Шӯҳрати он танҳо бо «зарафшон» буданаш нест, балки «машъалҳои фурӯзони илм ва маърифат, ки дар ин хиттаи пок равшан буданд, Бухороро ба манзалаи найири тобони ҷаҳони фазлу ирфон расонида буд… Як Ситораи (дар зер шарҳ дода мешавад, ки «исми модари ибни Сино аст») Бухоро тавлиди шамси оламтобе менамояд, ки исми он алсинаи исломӣ Ибни Сино ва ба фарангӣ Овесен аст. Ибни Сино касе аст, ки миёни уламои ислом бузургтар аз он олиме зуҳур нанамуда. Доираи сити Ибни Сино ба ҳудуди олами ислом низ маҳдуд набуд. ӯ шамсе буд, ки ба тамоми олам метобид» («Бухорои шариф», №40).
Ҳамин минвол, агар тамоми шумораҳои «Бухорои шариф»-ро мавриди таҳлил ва пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки нақши ин ҷарида дар таҳким ва тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии миллӣ хеле бориз мебошад.
https://pressa.tj/tajikistan/buhoroi-sharif-va-o%d2%93ozi-hudshinosii-mill%d3%a3/