Мушкилоти баргузории нишатҳои матбуотӣ
     TJ RU EN
01:31 / 2024-12-21

Мушкилоти баргузории нишатҳои матбуотӣ

Инак 15 сол аз рӯзи ба  имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" (№ АП-1677 аз 04.03.2005) сипарӣ гардид, вале то ҳанӯз мушкили дастрасӣ ба иттилоот барои ВАО ва рӯзноманигорон рӯзмарра аст. 

Имрӯз масоили сифати баргузории нишастҳои матбуотиро таҳлил намуда, ба хулосае меоем, ки муҳаққиқ М. Муродӣ дар маводи таҳлилии худ чор сол қабл таъкид намудааст. Дар зер маводи мазкур манзури шумо мегардонем.

БАЪЗЕ ПРОБЛЕМАҲО ДАР БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Дар ин таҳқиқ моҳият ва аҳамияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ» ва дар заминаи он ташкил намудани нишастҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи шахсӣ нақши ин Амрро дар баланд гардидани мақоми журналистон дар ҷомеа ва беҳтар шудани дастрасии иттилоот нишон медиҳад. Ҳамзамон ӯ зимни баррасии мавзӯъ баъзе камбудиҳоро дар усули ташкили нишастҳои матбуотӣ, муносибати журналистон ва роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ин чорабинӣ, сифати варақаҳои иттилоотӣ ва амсоли ин ошкор намуда, барои ислоҳи онҳо пешниҳодҳои судманд ироа медорад.

Бо матни пурраи мавод шумо метавонед бо пахши пайванди зер шинос шавед.

http://taj.nansmit.tj/baze-problema%d2%b3o-dar-barguzorii-nishast%d2%b3oi-matbuot%d3%a3-2/


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима