БАЪЗЕ ПРОБЛЕМАҲО ДАР БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ
     TJ RU EN
01:42 / 2024-12-21

БАЪЗЕ ПРОБЛЕМАҲО ДАР БАРГУЗОРИИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Дар ин таҳқиқ моҳият ва аҳамияти Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон «Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ» ва дар заминаи он ташкил намудани нишастҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Муаллиф дар асоси мушоҳида ва таҷрибаи шахсӣ нақши ин Амрро дар баланд гардидани мақоми журналистон дар ҷомеа ва беҳтар шудани дастрасии иттилоот нишон медиҳад. Ҳамзамон ӯ зимни баррасии мавзӯъ баъзе камбудиҳоро дар усули ташкили нишастҳои матбуотӣ, муносибати журналистон ва роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба ин чорабинӣ, сифати варақаҳои иттилоотӣ ва амсоли ин ошкор намуда, барои ислоҳи онҳо пешниҳодҳои судманд ироа медорад.

Калидвожаҳо: конференсияҳои матбуотӣ, Амр, ташкил, баргузор, мушкилот, иттилоот, муносибат, рӯзноманигорон, роҳбарон, инъикос, баррасӣ, вазорату идораҳо.

Дар шароити рушди технологияи нави иттилоотӣ, тадриҷан мураккаб ва нисбатан хавфнок гардидани ҷараёни ҷаҳонишавӣ, нақши васоити ахбори омма боз ҳам муҳим ва боризтар мешудааст. Дар ин марҳила ВАО натанҳо дар раванди бархурди фарҳангҳо ва гуфтугӯи тамадунҳо мусоидат мекунад, балки дар инҳисори тафаккури мардум ва пешгирӣ аз ҳаргуна зуҳуроти номатлуб, сар задании ошӯбу муноқишаҳо нақш мегузорад. Дар ҷаҳони муосир имконият ва афзалияти ВАО бештар гардида, нақш ва таъсири он боз ҳам афзудааст. Ин аст, ки ҳар гуна қудратҳо мехоҳанд аз ин восита ба манфиати худ истифода кунанд. Бошад, ки фаъолияти он танҳо ба як мақсад – огоҳии холисонаи мардум аз воқеиёт ва рӯйдоди иҷтимоӣ, инъикоси муваффақиятҳо, комёбиҳо, мушкилот ва монеаҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёт, ошкор намудани камбудиҳо ва баррасии беғаразонаи онҳо равона карда шавад.

Воситаҳои ахбори оммаи кишвар новобаста аз шакли таинот аз аркони муҳим ва ҷудонашавандаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тарғиби сиёсати ҳукумат, корномаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, рушду инкишофи ҷомеа ва мамлакат нақши сазовор мегузоранд. Имрӯз дар кишвар бо шарофати истиқлолияти давлатӣ барои таъсиси расонаҳои хабарӣ, фарогирии фазои иттилоотӣ ва воқеъбинонаву холисона ба роҳ мондани фаъолияти рӯзноманигорӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқиву қонунӣ мавҷуданд. Гузашта аз ин Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди матбуот ва дигар воситаҳои ахбори озод таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фараҳам овардани шароиту имкони дастрасии иттилооти расмӣ, қавитар намудани ҳамкории шахсони мансабдор бо журналистон ва ба минбари баланди таҷассумгари афкори созанда табдил додани он мекӯшад. Ба имзо расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил ва баргузар кардани нишастҳои матбуотӣ” дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пас аз ҷамъбасти натиҷаҳои ҳар семоҳа (2005, 4 март, рақами АП-1677) ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилҳои воситаҳои ахбори омма” (2009, 7 феврал, рақами 622) далел ба ин гуфтаҳост.

Воқеан ба имзо расидани ин аснод ҳам дар дастрасии иттилооти расмӣ ва ҳам дар бедории ҳисси масъулиятшиносии шахсони мансабдор нисбати матолиби ВАО мусоидат кард. Бо шарофати ин амру фармон сухани матбуот арзиш ва таъсир пайдо кард, робитаи вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳо бо идораҳои ВАО нисбатан қавӣ ва мавқеи журналистон баландтар гардид.

Зимнан, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нишастҳои матбуотӣ дар таҷрибаи давлатҳои ИДМ падидаи тоза ва нодир буд. То қабули ин Амр роҳбарияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба сухани журналистон чандон эътибор намедоданд, матлаби матбуотиро «боди гузарон» мепиндоштанд, нашрияҳои мустақилро душман мегумоштанд. Муносибати журналистон ба воқеиёти иҷтимоӣ ба дараҷае расида буд, ки баъзе нашрияҳо ба таъриф ва бархе танҳо ба танқид мепардохтанд. Ҳуҷҷати мазкур ин фикрҳои ғалат, рафтори каммасъулиятона ва аз ҳама муҳиммаш ғаразҳои баъзе гурӯҳҳоро нисбати воситаҳои ахбори озод аз байн бурд. Бо баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки дар аввал ҳар семоҳа ва баъд соле ду маротиба гузаронида мешавад, имкон ба вуҷуд омад, ки рӯзноманигорон, хусусан рӯзноманигорони ҷавон аз коргоҳҳои гуногун дидан кунанд, бо шахсони мансабдор рубарӯ шаванд, аз вазъи кору фаъолияти онҳо воқиф гарданд, аз таҷрибаи ҳамкасбони худ баҳра бардоранд, мубодилаи афкор ба вуҷуд оранд, мундариҷаи нашрияҳояшонро рангин гардонанд. Аммо, чунончи дар «Суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик» таъкид шудааст: «Ҳадафи аслӣ аз ташкили нишстҳои матбуотӣ…. таъмин дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ аст». Ин нукта аз ду ҷанбаи нишастҳои матбуотӣ шаҳодат медиҳад, ки якумӣ ба журналистон мусоидат намудан ҷиҳати дастёбии иттилооти расмӣ бошад, дуюмӣ расонидани ин иттилооти муҳим ба шаҳрвандони кишвар аст. Ин ҷо рӯзноманигорон нақши пулеро иҷро мекунанд, ки он бояд вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро бо мардум бипайвандад, мардумро аз раванди корҳои расмӣ, ташаббускориву масъулиятхоҳӣ, барору комёбӣ ва ҳамчунин иллатҳои сади пешравиҳо ва амсоли ин огоҳ созад ва ба ин васила таваҷҷуҳи оммаро ба фаъолиятҳои мақомоти ҳукуматӣ ҷалб ва ҳисси ободкориву ватандӯстии онҳоро бедор кунад. Иҷрои ин нақш амали саҳл нест, балки донишу ҷаҳонбинӣ ва малакаву маҳорат мехоҳад. Вазъи баргузории нишастҳои матбуотӣ ва инъикоси онҳо дар ВАО, хоса матбуоти даврӣ аз омода набудани баъзе рӯзноманигорон, ҳамчунин роҳбарони бархе аз мақомот ва тобеини онҳо дарак медиҳад. Шакли ташкили нишастҳои матбуотӣ ва бозтоби онҳо дар ВАО нишон медиҳад, ки мо ҳануз ба моҳият ва мақсади асосии ин Амр пурра сарфаҳм нарафтаем ва ё дидаву дониста ба он эътибор намедиҳем. Чунин муносибат боис гардид, ки баъд аз 6 сол замони баргузории нишастҳои матбуотӣ аз ҳар сари се моҳ ба шаш моҳ табдил дода шуд. Дар шароити имрӯза, ки ҳар рӯз дар ҳаёти иҷтимоӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд, чунин фосила гирифтани нишастҳои матбуотӣ ба манфиати ВАО ва аудиторияи он буда наметавонад.

Аз кора гардидани Амри мазкур солҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, дар ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дигаргунии сифатӣ ба вуҷуд наомад, балки он ба қолаби маъмулии расмиятчигӣ мубаддал гардид, ки баъзе ниҳодҳо танҳо ба хотири иҷрои Амр нишастҳо ташкил менамоянд, баъзе роҳбарон аз рӯзноманигорон мегурезанд. Раванди иҷрои ин Амр нишон медиҳад, ки то ҳануз дар ин самт камбудиҳо зиёданд, ки ҳам ба роҳбарияти ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳам ба идораҳои ВАО - журналистон алоқамандӣ дорад.

Аввалан, эҳсос мешавад, ки дар баргузории нишастҳои матбуотӣ мувофиқакунонии ягона вуҷуд надорад. Баъзан дар як рӯз то 6 ва ҳатто аз ин зиёд вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо нишастҳои матбуотӣ ташкил мекунанд, ки бархе аз онҳо дар як вақт меафтад. Ин ҳолат мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла агар макони баргузории нишастҳо аз ҳам дур бошад, рӯзноманигорон дар нишастҳои навбатӣ сари вақт ҳозир шуда наметавонанд, баъдан чунин ҳолат хастагӣ ва вазнинӣ меорад ва ба иштироки фаъоли рӯзноманигорон лакнат мебахшад. Агар тарҳи баргузории нишастҳои матбуотӣ бо ҳамоҳангсозии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони кишвар мувофиқ кунонида шуда, реҷа дар сомонаи Иттифоқи журналистон гузошта шавад, тартиби баргузории нишастҳо ба низоми муайян медарояд.

Дуюм, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари рӯзноманигорон дар ин нишастҳо бидуни тайёрӣ меоянд, онҳо дар бораи мундариҷаи нишастҳо маълумот ва таассуроти комил надоранд, ки боиси хомӯшӣ ва ё ироаи саволи ноҷо, ба иборае «тарошаи аз бом афтода» мегардад. Дар ин бахш тамоми ташкилкунандагони нишастҳои матбуотӣ, хосса масъулини хадамотиҳои матбуотии ниҳодҳоро зарур аст, ки на камтар аз як ҳафта қабл аз баргузории чунин чорабиниҳо ба идораҳои ВАО варақаҳои иттилоотиро дастрас намоянд ва ё дар сомонаҳои Интернетии худ ҷой диҳанд. Ҳамчунин роҳбарияти идораҳои ВАО-ро мебояд, намояндаи худро пешакӣ вазифадор кунанд, то бо маълумотномаи дастрасшуда шинос гардида, бо тайёрии хуб ба нишастҳои матбуотӣ равад. Дар ин бахш аз рӯи имкон кӯшиш бояд кард, ки дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба соҳаи фаъолият ва эҷоди худ ширкат варзанд.

Сеюм, варақаҳои иттилоотие, ки аз ҷониби баъзе ташкилоту идораҳо таҳия мегардад, умумиву якранг буда, дар дарки моҳияти масъалаҳо ба рӯзноманигорон чандон кумак расонида наметавонанд. Бо иллати номукаммалии варақаҳои иттилоотӣ ва камогоҳии рӯзноманигорон баъзе нишастҳои матбуотӣ ба брифинг табдил меёбанд.

Чорум, дар нишастҳои матбуотӣ ағлаб рӯзноманигорони ҷавони камтаҷриба ва камогоҳ иштирок мекунанд. Баъзе роҳбарони вазорату муассисаҳо аз ин камтаҷрибагӣ ва ё камогоҳии журналистон истифода намуда, лаҷоми суханро пурра ба ихтиёри худ мегиранд ва ҳатто бархе аз онҳо рӯзноманигоронро дар дуруст дарк накардани аҳдофу афкорашон айбдор ҳам мекунанд ва ба насиҳат мепардозанд. Барои аз ин варта раҳо кардани рӯзноманигорони ҷавон ташкил намудани семинарҳои омӯзишӣ доир ба нишастҳои матбуотӣ метавонад мусоидат кунад.

 Панҷум, муносибати роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ба нишастҳои матбуотӣ гуногун аст. Баъзе роҳбарон масъулиятро бештар ҳис намуда, дар нишастҳо бевосита худ иштирок мекунанд, баъзеашон ин масъулиятро ба души муовинонашон мегузоранд. Баъзе нишастҳо дар вақташ баргузор намешаванд, дар бархе ниҳодҳо нишастҳоро се-чор нафар дастҷамъӣ мегузаронанд. Аксар маврид ровиёни нишастҳои матбуотӣ пресс-релизҳоро пурра қироат мекунанд, ки барои суолу баҳси хабарнигорон вақт намемонад. Чунин муносибат фиреби худу дигарон аст. Хуб мешуд, ки муҳтавои суханрониҳо дар шакли слайд бо мазмуни муррифӣ дар ҳаҷми 15-20 дақиқа манзури ҳозирон гардида, сипас суолу ҷавоби озод сурат мегирифт. Ин ҷо дар бораи баҳс гап нест, зеро дар таҷрибаи нишастҳои матбуотӣ, кам ҳолате шудааст, ки байни рӯзноманигорон ва намояндагони ниҳодҳои иҷтимоӣ доир ба ин ва ё он масъала мубоҳиса рух дода бошад.

Шашум, бардошти рӯзноманигорон аз нишастҳои матбуотӣ асосан дар сатҳи шарҳу тавзеҳ ва доираи жанрҳои хабарӣ, хоса хабару ҳисобот зери рубрикаи «Нишастҳои матбуотӣ» мунъакис мегардад. Баъзе рӯзноманигорон итилооти аз нишастҳои матбуотӣ дасрасшударо коркард накарда, ҷараёни ҷаласаҳоро бо тамоми ҷузъиёти зоҳирӣ: кай сар шуд, кӣ гузаронид, чӣ хел гузаронид, кӣ савол дод, посухҳо чӣ гуна буданд, кӣ ҷаҳл шуд, кӣ хандид ва амсоли ин нақл мекунанд. Дар тӯли таҷрибаи ин чорабинӣ ҳолатеро ба мушоҳида нагирифтаем, ки дар заминаи чунин нишастҳо ғояи эҷоди матолиби таҳқиқӣ ва ё танқидӣ дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ ва ё публитсистию бадеӣ тавлид шуда бошад. Тавлид нашудани чунин фикр фарзияи дуҷонибаро ҳосил менамояд: ё масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо корнамоиҳои коллективи худро ба таври воқеӣ тавзеҳ ва муаррифӣ карда наметавонанд ва ё рӯзноманигорон моҳияти нишастҳои матбуотиро танҳо дар инъикоси ахбории он донистаанд. Нишастҳои матбуотӣ танҳо барои як рӯз нестанд, онҳо бояд ба таҳқиқҳои минбаъдаи журналистӣ, ифшои камбудиву норасоӣ, тавсифи чеҳраҳои кору пайкор, тавлиди мақолоти сисилавӣ замина гузоранд. Табиист, ки хеҷ роҳбар камбудиашро пешорӯи журналистон ихтиёран ошкор намесозад, аммо рӯзноманигор вазифадор аст, ки камбудиҳоро пайдо кунад, омӯзад, собит созад ва мунъакис гардонад.

Аз нуқтаи назари моҳият ва мақсад нишастҳои матбуотӣ танҳо ироаи ҳисоботи нимсола ва дастрасии иттилооти расмӣ нест. Рисолати он аз ин баландтар аст. Чунин нишастҳо ҳам аз масъулони ниҳодҳои иҷтимоӣ ва ҳам аз роҳбарияти ВАО, минҷумла рӯзноманигорон муносибати ҷиддии касбиро мехоҳад. Барои рупуш нагардидани ҳақиқати ҳол дар ташкили нишастҳо ҳар ду ҷониб бояд омодагии ҷиддӣ бинанд, дар баргузории онҳо фазои озодро таъмин намоянд то мубодилаи табиӣ ва касбӣ ба вуҷуд ояд, ҳақиқат маълум гардад. Дар ин нишастҳо агар вазифаи манбаъ (вазорату ташкилот ва муассисаву корхонаҳо) пешниҳоди иттилооти воқеӣ, санҷидашуда ва холис бошад, вазифаи рӯзноманигорон маърифати дурусти иттилоот, коркард ва ба омма расонидани он аст. Гумон мекунам, агар ин ду ҷониб рисолати худро дар дараҷаи касбӣ иҷро кунанд, ҳосили нишастҳои матбуотӣ ҳам барои ВАО ва ҳам барои аудиторияи он ва ҳам барои пешрафти ҷомеа манфиати аз ин ҳам бештар хоҳад овард.

М. Муродӣ

http://www.pitfi.tj/sites/default/files/payomnomai_farhang/payomnoma_2016_no_1_33.pdf


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима