Дар вилояти Хатлон бо ширкати раиси вилоят ва раиси Итифоқи журналистони Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор гардид, ки дар он ба 108 нафар намоядаи ВАО, собиқадорони соҳа аз ҷониби раиси вилоят бо сипоснома ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Рӯзи матбуот, ки дар идораи телевизон ва радиои вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар он намонядагони ВАО-и маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишҷуёни риштаи рӯзноманигори ДДБ ба номи Носири Хусрав ширкат доштанд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар баромади худ аз таърихи матбуоти тоҷик сухан карда, саҳми кормандони ВАО-ро дар рушди вилоят хуб арзёбӣ кард.
Раиси вилоят аз мушкилоти рӯзномаҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, бо теъдоди кам нашр шудани онҳо, бесифат дизайнер шудан, хонданбоб набудани маводҳои нашршуда ва дигар камбудиҳои ҷойдошта, изҳори нигаронӣ кард.
Дар ин рӯз озмуни вилоятии “Неруи сухан” ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо диплом ва туҳфаҳои раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, ба собиқадорони матбуот, намояндагони ВАО сипосномаи раиси вилоят ва дигар туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Ғайр аз ин раиси вилоят ба идораҳои газетаю маҷалаҳои маҳаллӣ 36 адад компютер ва принтер тӯҳфа кард. Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода ба роҳбари дастгоҳи раиси вилоят супориш дод, то иди Наврӯз барои газетаҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вилоятӣ ва маҷалаҳо 40 адад дастгоҳҳои акбардории замонавӣ дастрас кунанд.
Раиси Итифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода ва чанде аз собиқадорон медалҳои ҷашнии “100-солагии матбуоти тоҷик”-ро тақдим кард.
http://faraj.tj/habari-ruz/hatlon-dar-108-solagii-matbuoti-tojik-108-nafar-qadrdony-shudand/