Таҷлили Иди Матбуоти тоҷик барои Шумо чӣ аҳамият дорад?
     TJ RU EN
08:53 / 2024-11-16

Таҷлили Иди Матбуоти тоҷик барои Шумо чӣ аҳамият дорад?

11 март аз таъсисёбии аввалин рӯзномаи тоҷикӣ- “Бухорои шариф” 108 сол сипарӣ мегардад. Ҳамасола ин рӯз ҳамчун Иди матбуоти тоҷик дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Мо аз журналистон пурсидем, ки таҷлили Иди Матбуоти тоҷик барои онҳо чӣ аҳамият дорад:

Далер Мерганов, муовини сармуҳаррири нашрияи “Садои Мардум” - Бо дарназардошти он ки дар ин рӯз аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – “Бухорои шариф” нашр шудааст, аҳамияти таҷлили ин сана ҳоҷат ба шарҳу тавзеҳ надорад. Сониян, ин ҷашн моро водор месозад, ки дар бобати нақши ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа ва манзалати журналистон дар ҷомеа ҷиддӣ ва амиқ биандешем. Зеро дар ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳо рӯз то рӯз шадидтар мешавад, иттилоот мақоми меҳварӣ касб кардааст. Аҳамияти дигар дар он зоҳир мегардад, ки замоне буд одамон тавассути камону тир ва танку тӯп бо ҳам мубориза мебурданд. Айни замон ҷойгоҳи онҳоро идеология ба таври чашмрас танг намудааст. Аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад. Биноан, дар радифи таҷлили ин ҷашн мо – журналистон ва масъулини Ҳукумат бояд сари он тамаркуз кунем, ки чаро саҳми воситаҳои ахбори омма вобаста ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ мувофиқи матлаб нест? Эътироф ва арҷгузорӣ кунем, ки барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам дар инъикоси таҳаввулот дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам аст. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Садҳо далел оварда метавонем, ки он озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад. Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки иттилоърасонҳо неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо - сулҳу ваҳдат равона менамоянд.

Дилором Зокирзода, журналист - Иди матбуоти тоҷик ҳушдори дигар ба аҳли ҷомеа ва ҳукумат аст, ки бубинед, журналистикаи тоҷик чӣ ҳол дорад. Ба назари ман, сол то сол рӯзноманигорӣ барои соҳибкасбаш хатарнок мешавад: журналисти тоҷик то рафт ноозод, аз ҳад зиед эҳтиёткор, яъне маҳдудкунандаи афкору парвози фикрии хеш мешавад, чунки эътимод надорад, ки баъди нашри мақолаву гузоришаш бефишор ва дардисар корашро идома дода метавонад. Тарс аз гуфтани ҳақиқат мушкили аслитарини журналистикаи тоҷик шудааст. Ҳоло дар фазои иттилоотии Тоҷикистон се гурӯҳи журналистон ҳастанд: аввалӣ дар сангари пеш асту талош дорад рисолаташро дар амри хабаррасониву огоҳонии ҷомеа аз таҳаввулоти Тоҷикистону ҷаҳон ҳадди аксар касбӣ иҷро кунад, дигаре, ки бо хабаррасонӣ неву барномаҳои ёрӣ дар пешбурди журналистикаи касбӣ (тренингу барномаҳои омӯзишӣ) машғул аст ва сеюмӣ, мутаассифона, гурӯҳест, ки бо айбкобӣ дар кори на мақомоту ҳукумат, балки ҳамкасбону ҳампешагони худ машғул аст. Мутаассифона, шумори онҳое, ки ба гурӯҳи аввал дохил мешавад, хеле маҳдуд ва ангуштшумор аст. Ман ҳукуматро сабабгори чунин вазъ меномам ва барои онҳое, ки мегӯянд “журналист бояд худаш ҷасур ва нотарс бошад”, мегӯям: журналист инсон ва шаҳрванд аст ва низоми давлатӣ вазифадор аст, ки шароити кор барои ҳама намояндагони касбу корро фароҳам ва ҳуқуқи онҳоро ҳимоят кунад. Ҳоло ҳамин ноамниву беэътимодӣ ба ҳимояи давлат дар муқобили фишору беқонунӣ аст, ки даҳҳо журналист тарки пеша карда чанд танашон таҳти ҳимояти ҳукуматҳои дигар кишварҳо ҳақиқатҳои Тоҷикистонро ҳамарӯза пӯшиш медиҳанд. Ҳукумат ва мақомдорон то ҳол нафаҳмиданд, ки матбуот ва журналистон бештар аз ҳар каси дигар тавони дидану гуфтани камбудиҳои ҷомеаро доранд, яъне дар ниҳоят саҳмгузори пешрафти рушди ҷомеаву давлат ҳастанд. Вале мақомоти мо аз тарси танқид дар дохили кӯшкҳояшон пинҳон шуда чашму гӯшро мебанданд, чунки барои онҳо муносибати хуб бо раҳбару кордиҳанда муҳимтар аз иҷрои вазифаҳои касбиашон шудааст.

Мутаассифам, ки табрики касбии ман чунин ранги торик дорад. Ин ба он сабаб аст, ки замоне журналистикаи тоҷик ранги рӯшан дошту нашъунамо мекард ва журналист будан ва журналист доштан барои ҷомеаву ҳукумат мояи ифтихор буд. Имрӯз пеш аз ҳама журналистони заҳматкашу содиқ ба касбу корро табрик мекунам, ин воқеан ҳам иди шумо аст.

Раҷаби Мирзо, журналист - Таҷлили ин ид пеш аз ҳама эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмати онҳоест, ки дар шароити душвор матбуоти тоҷикро асос гузоштанд, роҳҷӯӣ карданд, қавӣ намуданд. Ҳоло он заиф шудааст ва ҷашнаш ҳам расмиёте беш нест? Оре, аз имрӯз чизи каме дорем, ки боис ба ифтихор бошад ва таърих инро ба мо мебахшад, ё "тақозои замон" - ро мефаҳмад ё не, гапи дигар аст. Аммо ҳамчун як пораи таърих ин рӯзҳо ҳам боқӣ мемонанд, чун матбуот дар ҳар шакл таърих асту таърихсоз! Бо гузашти даҳсолаҳо, агар кадоме аз моро Худо ҳифз кунад, пеши насли баъдӣ сурх мешавем, ё агар нестем, ворисонамон бори вазнини моро хоҳанд бардошт, гапи дигар аст. Ин масъулиятро танҳо як фарди баномусу ватанпараст эҳсос мекунад. Ҳоло бошад, ба ҳамаи онҳое, ки самимона рисолату таъиноти касбии худро иҷро мекунанд ва дар нишастҳои расмӣ ба мукофотгирии фарроши идораҳои ВАО ва "балегӯ"- ҳои бахши журналистика, ки тасодуфан ба ин касби пуршараф омадаанд, қарсак мезананд, муборакбод мегӯям. Қарсакҳо зудгузаранд, аммо матбуот оина таърих аст!

Саъдӣ Маҳдӣ, декани факултети журналистикаи ДМТ - Рӯзи Матбуот аслан зодаи замони истиқлол аст. Он як навъ истиқлоли матбуоти тоҷик низ ҳаст. Мо тахмин 10 соли ахир аст, ки онро бо як тантанаи махсус ҷашн мегирем. Барои ман ин рӯз аз он ҷиҳат аҳамият дорад, ки дар ин рӯз донишҷуёни беҳтарини моро ба ҷоизаи машҳури Воҳид Асрорӣ қадрдонӣ мекунанд. Миннатдорам, ки Раиси Иттифоқи журналистон бо мо ҳамкорӣ мекунад ва пешниҳодҳои моро қабул мекунад ва дар комиссияи ИЖТ онро баррасӣ мекунанд. Ҳамчунин ба донишҷӯёни ятим кӯмак мекунанд. Аз ин нуқтаи назар ман сипос мегӯям ба комиссияи мазкур. Азбаски ин ба як анъанаи хубе мубаддал шудааст, рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ ба 2-3 нафар донишҷӯёни ятиму камбизоат кӯмакҳо мекунанд. Барои ҳамин донишҷӯён ин рӯзро бесаброна интизор мешаванд.

Бахтиёр Қутбиддинов, устоди факултети журналистикаи ДМТ - Таҷлили Иди Матбуоти тоҷик барои ман, аввалан, арҷгузорӣ ба меҳнати онҳое, ки аввалин нашрияи миллиро таъсис дода буданд. Сониян, бори дигар баъди як сол ҷамъ омадани қаламкашону аз якдигар пурсон шудан лаззат дорад.

Завқибек Саидаминӣ, журналист - Таҷлили Иди Матбуоти тоҷик барои ман як фурсатест, ки дӯстони зиёдеро, ки шояд баъзеашонро соле намебинам, дар ин ҷамъомад мебинам! Аҳамияташ ҳамин! Дигар, ба андешаи ман, дар чанд соли охир он адриналине, ки касби журналистӣ дошт надорад! Худсензурӣ ҷойи ҳамаро гирифт!

Хилватшоҳ Маҳмуд, журналист - Барои ман рӯзи 11 март ҳамчун рӯзи нашри аввалин рӯзномаи форсӣ-тоҷикӣ, ки онро ном "Бухорои шариф" аст, мебошад. Акнун таҷлили он ба гунаи худҷӯш ва эҳтиром ба анъанаҳои неки ниёгону арҷгузорӣ ба хидмати бузурги ҳамқаламони пешин хуб аст. Ҳоло дар масири матбуот кам чизе дорем, ки бо он ифтихор кунем, аз ин рӯ носталгия ва бузургдошти "Бухорои шариф" баҳонаест барои ёдоварӣ аз таърихи матбуоти миллат.

Азиз Нақибзод, журналист - Ин ҷашн маро ба дарки масъулият водор мекунад. Ба ёди таърих мебарад, ки поягузорони матбуоти тоҷик дар душвортарин вазъ ин шамъро рӯшан каданд. Ҳоло дар асри 21 айб аст, ки мо хомӯш кунем.

Рухшона Ҳакимова


Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима