Радиои Озодӣ надодани иҷозаи кор ба хабарнигоронро дар Қазоқистон танқид кард
Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ мақомоти Қазоқистонро барои надодани иҷозатномаи кор ба ду хабарнигори ин радио дар Қазоқистон танқид ва ин иқдоми мақомоти Қазоқистонро талоши дахолат ба фаъолияти радио номид. Мақомоти Қазоқистон ба Санат Урналиев ва Мария Мелникова иҷозаи кор надоданд.
Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ дар номае рӯзи 19-уми феврал ба унвонии вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ тасмими надодани иҷозаи корро "худсарона" ва "охирин нишонаи амалҳои ғайриқонунӣ" нисбати рӯзноманигорон унвон кард.
Оқои Флай гуфт, Санат Урналиев, яке аз ду хабарнигоре, ки иҷозаи кор дарёфт накардааст, рӯзноманигори дар сатҳи байналхалқӣ эътирофшуда аст ва аз соли 2014 ба ин тараф дар бахши қазоқии Радиои Озодӣ кор мекунад.
Президенти Радиои Озодӣ дар номааш навиштааст, ки сарпечӣ кардани мақомот аз додани иҷозаи кор монеи инъикоси ҳаводиси дохили Қазоқистон мешавад.
Ҷеймӣ Флай ҳамзамон аз фишор ва таъқиби рӯзноманигорон аз сӯи мақомоти Қазоқистон дар соли 2019 танқид кард. Вай навиштааст, ки ин фишорҳо то он ҳад "ҷиддӣ ва зиёд" буданд, ки сабаб шуданд, ба дастгоҳи раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев расман шикоят бурда шавад.
Ҷеймӣ Флай гуфт, мақомоти Қазоқистон мисли мақомоти Тоҷикистон намехоҳанд, ба хабарнигорон иҷозаи кор диҳанд. Ва мақомоти ин ду кишвар "аз аккредитатсия ҳамчун абзори назоратии фаъолияти радио" истифода мекунанд. Айни ҳол ҳафт хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар интизори дарёфти иҷозатномаи кор ҳастанд.
Флай аз мақомоти Қазоқистон хост, ки фавран ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи кор диҳанд ва уҳдадориҳои байналхалқии Қазоқистонро иҷро кунанд.
https://www.ozodi.org/a/30446568.html
DPF
21.02.2020 13:00
139
Хабарҳо