Вилояти Хатлон: сифати нишастҳои матбуотӣ чӣ гуна буд?
Хабарнигорони водии Вахш мегӯянд, ҷамбасти сол дар ташкилоту корхонаҳои вилояти Хатлон назар ба ҷамбасти нимсолаи аввал хуб буд, аммо гурехтан аз суоли хабарнигорон ва маълумот надоштани худи роҳбарон ҷой доштааст.
Рӯзи 19 феврал нишасти хабарии Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Бохтар баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 20 хабарнигори расонаҳои чопӣ, радио, телевезион ва сомонаҳои хабарӣ аз вилоят ва ҷумҳурӣ ҳузур доштанд. Ба аксари суолҳо дар мавриди шароити фурудгоҳ, қарзи он аз андоз ва аз музди меҳнат буд, ки ба гуфти хабарнигорон посухҳои хубе гирифтаанд.
Сайраҳмон Назриев, хабарнигори хабаргузории “Азия плюс” гуфт, ки нишастҳои матбуотии имсола мӯътадил гузашта, дар суолгузории хабарнигорон монеае набуд. Дар қиёс ба соли гузашта роҳбарони аввал дар ҳамаи ташкилоту идораҳо бевосита иштирок намуданд. Худи хабарнигорон низ суолгузориашон нисбати соли гузашта беҳтар буд, онҳо суолҳои санҷидаю огоҳона медоданд.
Баҳодур Уроқов, хабарнигори нашрияи “СССР”дар шаҳри Бохтар гуфт, чизе, ки барои ӯ писанд наомад, фиреби назар буд ва сарфи беҳудаи вақти хабарнигорон, ки он зуд тамом мешуд ва онҳо наметавонистаанд ба суолҳояшон посух гиранд.
Баҳодур Уроқов зикр кард, ки барои баргузории нишастҳои матбуотӣ як соат вақт буд, ки раисон бо хондани маълумотнома нисфи зиёди вақти муайяншударо ба итмом мерасониданд. Дар натиҷа барои саволу ҷавоб вақт намемонд ва роҳбарон фақат барои яктогӣ савол додан иҷозат медоданд. “Аммо назар ба солҳои пеш иштироки бевоситаи роҳбарони аввал ба назар мерасид, фикр мекунам ин натиҷаи навиштаҳои мо буд, ки аз иштирок накардани онҳо дар нишастҳои хабарӣ шикоят мекардем”.
Сулаймон Султонов, хабарнигори газетаи “Садои мардум” низ ширкати роҳбариятро дар корхонаю идораҳо фаъол гуфт. “Соли гузашта то 7 нафар роҳбарият дар нишастҳо бо сабабҳои номаълум ширкат накарданд, вале имсол ин чиз набуд, танҳо ҳолати посух надодан ба суолҳоро мушоҳида кардем”.
Ӯ гуфт, ки посух надодан ба суоли хабарнигори ҳафтаномаи “Пайк” дар ҳукумати шаҳри Бохтар мушоҳида шуд, ки раиси тозатаъиншуда дар ин шаҳр гуфт, ки ба суол посух дода наметавонад. Ин ҳолат дар ноҳияи Ёвон низ мушоҳида шуд, ки хабарнигор дар мавриди фурӯхтани боғчаҳои бачагона суол дод, вале раиси ноҳия гуфт, ки дар ин маврид чизе намедонад.
Сулаймон Саидов, хабарнигори радиои “Ватан” дар шаҳри Бохтар мегӯяд, ки дар ин вилоят назар ба солҳои гузашта ҳузури роҳбарият хуб буд. Аммо роҳбарият бештар кӯшиш мекарданд, аз муваффақият суҳбат кунанд, мехостанд, ки мушкилро нагуфта танҳо корҳои худро барои хабарнигорон бирасонад. “Худи рӯзноманигорон маълумоти заруриро гирифтанд, ба қавле “хирагӣ” карданд”.
Хабарнигорони вилояти Хатлон нишастҳои матбуотии раиси вилоят, прокурор ва раёсати корҳои дохилаи вилоятро нисбатан хуб ва қонеъкунанда арзёбӣ намуданд.
Ясмин Карим, рӯзноманигор
DPF
20.02.2020 18:47
162
Хабарҳо