Нашрияи “Файзи Зарафшон” 85-сола шуд
     TJ RU EN
04:41 / 2024-12-20

Нашрияи “Файзи Зарафшон” 85-сола шуд

Нашрияи “Файзи Зарафшон” ягона васоити ахбори оммаи чоппӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб рафта, аз соли 1934 то ба ҳол нашр мегардад ва барои пур кардани фазои иттилоотии ин маҳал то андозае нақши бориз дорад. Айни замон муассис ва маблағгузори ин нашрияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба зимма дорад. Файзи Зарафшон аз замони таъсисаш то кунун бо номҳои “Барои чорводори пролетарӣ”, “Роҳи комунизм”, “Меҳнат” ва “Файзи Зарафшон” матлабҳои худро пешниҳоди мардуми ноҳия гардонистааст. Дар шароити муосир, васоити ахбори оммаи чопӣ дар маблағгузорӣ ва афзунгардонии миқдори муштариён ва дастрас кардани иттилот ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Ба гуфти муҳаққиқони самти журналистика ҳарчанд бо вуҷуди маблағгузории хуби муассисон нашрияҳои соҳавиву давлатӣ пайваста нашр шаванд ҳам? бо сабаби риоя накардани гуногунандешӣ ва ҷой надодани масоили мубрами рӯз онҳо хонандаи худро то ҷое аз даст додаанд. Сабаби риоя накардани гуногунандеширо, ки маҳаки асосии ҷолибсозии нашрияҳосn, кормандони нашрияҳо ба ҳамкории дуруст накардани мақомот ва мардум бо журналистон, марбут медонанд. Ба ин  монанд моҳи декабри соли гузашта, ВАО хабар доданд, ки сардабири нашрияи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён бо нишони эътироз саҳифаи аввали нашрияи мазкурро холӣ нашр кардааст. Адолат Сайфуллозода сардабири “Тахти Қубод” далели ин амали худро аз ба ҳамкорӣ накардани мақомоту зиёин бо нашрия марбут донистааст. “Файзи Зарафшон” бо вуҷуди ҷой доштани баъзеи ин мушкилот, тавонистааст ҳамчун нашрияи минтақавӣ фаъолияти худро ба роҳ монад. Дар робита ба нақши “Файзи Зарафшон” устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳаққиқи соҳаи журналистика Наргис Усмонова дар як ҳамоиш гуфта буд: “Нашрияи “Файзи Зарафшон” то андозае, унсури гуногунандешии журналистикаро дар матолиби худ инъикос намудааст”. Замони авҷи вусъат ва кори хуби нашрия, ки дар ин давра адади нашраш низ боло рафтааст, ба давраи самуҳарририи рӯзноманигор ва шоир Субҳон Тӯйғун рост меояд. Бо талошҳои Субҳон Тӯйғун дар солҳои 80-уми асри гузашта, нашрия ҳафтае се маротиба нашр гардида, адади нашраш ба 9000 нусха расидааст. Муфассал: http://faraj.tj/habari-ruz/ajny-nashrijai-fajzi-zarafshon-85-sola-shud/

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима