Забон ва рекламаи ВАО-и маҳаллӣ хароб, ҷумҳириявӣ чӣ?
«Дар эълону рекламаҳои сатри равон, ки дар онҳо асосан забони русӣ истифода мешавад, ҳангоми истифодаи забони тоҷикӣ дар аксар маврид ба ғалати имлоӣ роҳ дода шуда, ҳарфҳои қ ба к, ҳ ба х, ҷ ба ч, ӯ ба у, ғ ба г, ӣ ба и ва монанди инҳо иваз мешавад. Масалан, аз шабакаи телевизионии “Салом” рафтани сатри равон бо чунин тарз “Оханпора мехарам”, бо нархи 1 кг ду сомони”, “Пахта ва когазпора мехарам” ба фарҳанги имлои забони тоҷикӣ мутобиқ нест». — раиси дафтари матбуоти шаҳри Хуҷанд аз ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки масъалаи забон ва пахши барзиёди рекламаҳои номутобиқ матраҳ гардид, хабар додааст.
Дар ҷаласа вобаста ба тарзи рекламапахшкунии ВАО-и мустақил низ эрод гирифтаанд, аз ҷумла, «ҳангоми пахши рубрикаи реклама, аз шабакаҳои телевизионӣ, махсусан телевизонҳои “7-Ситора”, “Салом” ва “Азия” рекламаҳо аз меъёри муқарракардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи реклама” зиёд буда, талаботи қонуни мазкур умуман риоя нагардидааст. Масалан, як рекламаи маҳсулот, аз ҷумла “Мир-макс” ва ё “Яхмоси 33” даҳҳо маротиба то анҷоми ин ё он барнома намоиш дода мешавад».
Забоншиноси маъруф, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистика Баҳриддин Камолиддинов дар сӯҳбат кайд кард, ки ВАО-и ҷумҳуриявӣ низ аз ғалатҳои имлоиву услубӣ холӣ нест. Дар телевизион талаффуз накардани садоноки «ӯ», дар матбуот фарқ карда натавонистани хели ҷумлаҳо ва надонистани мавқеи аломатҳо ғалатҳое ҳастанд, ки ҳеҷ ислоҳи худро намеёбанд.
— Қарор аст, ки то охири моҳи соли ҷорӣ аъзои Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазъи қонунгузории забони давлатиро дар муассисаҳои тандурустии шаҳр мавриди санҷиш қарор диҳанд, — гуфта мешавад дар шарҳи дафтари матбуоти раиси шаҳр.
http://faraj.tj/habari-ruz/zabon-va-reklamai-vao-i-mahally-harob-jumhirijavy-chy/
DPF
20.02.2020 15:09
140
Хабарҳо