Иброҳим Усмонов: “Ман дӯсти “Ҷавонон...” ҳастам”
33 ИМЗО ДАР ПОЯИ УМРЕ
- 90 сол дар ин рӯзнома 33 сармуҳаррир фаъолият кардааст, - иброз намуд ҳамсуҳбати мо. - Аз Ғуломризо Ализода то Шодихони Назар. 33 кас ба рӯзнома имзо кардааст. 33 кас нохудои ҳамин киштие буд, ки мехост барои ба роҳи васеъ, ба роҳи озод, ба роҳи нек баромадани ҷавонҳои Тоҷикистон, мардуми Тоҷикистон, насли нави Тоҷикистон ёрӣ расонад. Ва ҳар кадом 33 нафаре, ки дар ин рӯзнома кор кардааст, 10-15 нафар ҳамроҳи худ одамоне доштанд, ки онҳо барои татбиқи ин орзуҳо кор мекарданд. Аз ин сабаб метавон гуфт, ки дар зарфи 90 сол беш аз 1000 нафар, беш аз 1000 ҷавоне, ки навишта метавонистанд, дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хизмат кардаанд. Ва имрӯз, вақте ки дар бораи 90-солагии рӯзнома сухан мегӯем, шинохта ё нашинохта, дида ё надида, мо онҳоро ёд мекунем. Ба некӣ ёд мекунем. Зеро ҳар чизе, ки навиштанд, ҳар коре карданд, хоҳ дар шакли таъриф, хоҳ ба танқид, он як саҳифаи таърихи мо шуд. Як саҳифае, ки мо аз он дарс мегирем, мо аз он ибрат мегирем. Мехоҳам, ки хотири он мардум ҳамеша дар ёди мо бошад. Хотири онҳо ба воситаи корашон дар ёди мо бошад. Мо эҳтироми худро нисбати ин рӯзнома ҳеҷ вақт фаромӯш накунем. Вақте ки мо рӯзномаро эҳтиром кардем, он мардумеро эҳтиром мекунем, ки дар он кор кардаанд. Чун он мардумро эҳтиром кардем, он ҷавононеро эҳтиром мекунем, ки барои мо менавиштанд. Он ҷавонҳо насли мо, падарони мо, фарзандони моянд. Барои ҳамин ин иди ҳамаи мост. Ҷашни ҳамаи мост ва ин ҷашнро барои ҳамаи тоҷикон, мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
НИГОҲЕ БА АВВАЛИ ФАЪОЛИЯТ
- Суҳбатро аз пайдоиши рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” шуруъ кунем. Ба қавле сарбанди ин дарё аз куҷост?
- Пайдоиши рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ин аввалин иқдоми созмони навташкилшудаи комсомоли Тоҷикистон дар соли 1929 буд. Мо то ин вақт ташкилоти мустақил набудем. Ба ташкилоти ҳизбӣ ва комсомоли Ӯзбекистон дохил мешудем. Чун аз онҳо ҷудо шудем, созмони худро ташкил кардем ва аз зумраи аввалин рӯзномаҳое, ки дар Тоҷикистон мақоми мустақилро соҳиб шуд, “Ҷавонони Тоҷикистон” буд.
- Ташкили чунин як рӯзнома чӣ даркор буд? Нақше дошт ва ё танҳо ба хотири “галочка”?
- Ҳеҷ қувваи сиёсӣ бе мавҷуд будани рӯзнома корашро пеш бурда наметавонад. Умуман, қувваи сиёсие нест, ки ба рӯзнома такя накунад. Агар рӯзнома набошад, қувваи сиёсӣ ба як чизи аз мардум дуру кандашуда табдил меёбад. Барои ҳамин ҳам аз соли 1922, вақте ки 10-солагии рӯзномаи “Правда”-ро ҷашн мегирифтанд, Кумитаи марказии ҳизби коммунист фармон баровард, ки минбаъд 5-уми май ҳамчун Рӯзи матбуоти шӯравӣ қабул карда шавад ва мо барои тамоми соҳаҳо рӯзномаҳои алоҳида муайян мекунем ва аллакай аз ҳамон вақт аввалин бор дар бораи ташкил кардани рӯзномае барои ҷавонон сухан рафт. Соли 1924 дар Маскав рӯзномаи “Комсомолская правда” барои ҷавонон ташкил шуд. Рӯзномаи мо низ баъди 6 соли ташкил шудани рӯзномаи “Комсомолская правда” пайдо шуд.
- Рӯзномаҳои ҳизбӣ дар он давра фаъолияти хубу назаррас доштанд...
- Як чиз ки мо дар бораи он ё намедонем ё дар бораи он кам ҳарф мезанем ва ё гуфтанаш ҷоиз нест, ин аст, ки дар солҳои 30-юм дар Тоҷикистон аз рӯзномаи ҳизбӣ дида, рӯзномаи комсомолӣ таъсири бештар дошт. Ҳатто аз ташкилоти ҳизби коммунистӣ дида, ташкилоти комсомолӣ таъсири бештар мерасонд. Барои он ки мо коммунист хеле кам доштем. Аввали соли 1930 дар тамоми Тоҷикистон шояд аз мардуми маҳаллӣ қариб 500 нафар коммунист буд, вале мо қариб 5 ҳазор комсомол доштем. Ҷавонони комсомол ин насли ҷавон, насле, ки ҳама чизро бадеҳатан ба худ қабул мекарданд. Дар онҳо тарс набуд. Насле, ки мубориза мебурд, чунки онҳо танҳо ғами худашро мехӯрданд. Барои ҳамин ҳам ташкилоти комсомолӣ ва ҳам “Ҷавонони Тоҷикистон”, ки ташкил шуд, рӯзномаи мубориз буд. “Ҷангкунанда” буд. Яъне бо шаст менавишт. Ҳатто комсомолҳо дар маҷлисҳояшон коммунистҳоро муҳокима карда, аз партия хориҷ мекарданд. Ин дар тасаввур намеғунҷад, чун ташкилоти комсомолӣ поёнтар аз ҳизб меистод.
“МАН”-ҲОИ “КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН”
- Лутфан, дар бораи мақому манзалат ва эътибори кормандони рӯзнома сухан мегуфтед?
- Дар “Комсомоли Тоҷикистон” шахсиятҳои бузурге, монанди Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҳаким Карим ва дигарон кор кардаанд. Онҳо одамоне буданд, ки барои рӯзнома менавиштанду қисми таркибии рӯзнома шуда буданд. Шунида будам, ки Мирзо Турсунзода ба сифати мухбири “Комсомоли Тоҷикистон” ба ноҳияи Шаҳритуси имрӯза ба сафари хизматӣ меравад. Дар он шабу рӯз ӯ бисёртар бо мақолаҳои танқидӣ ва фелетонҳояш машҳур буд. Вақте ки котиби райкоми ноҳия мефаҳмад, ки Мирзо Турсунзода омадааст, ӯро ҳабс мекунад. Ин хабар то Душанбе мерасад. Котиби райком бошад, гурехта аз Тоҷикистон меравад. Ин хел эътибор доштанд. Ё Мирзо Ризои ҳисорӣ раиси колхоз буд. Худаш комсомол ва мухбири фаъоли “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Тоҷикистони сурх” маҳсуб меёфт. Ӯ аввалин ҳадафи душманони синфӣ қарор гирифт. Куштанд ӯро ва гуноҳи асосиаш раиси колхоз буданаш не, мухбири рӯзнома буданаш буд.
- Аз таърихаш бармеояд, ки дар аввали таъсисёбии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” муҳаррирони он зуд-зуд иваз мешуданд. Сабаб?
- Худи рӯзнома дар солҳои аввал, яъне солҳои 30-юм устувор набуд. Баъзе муҳаррирон ду-се моҳ муҳаррирӣ мекарданд, аз кор мегирифтанду дигаре меомад. Ин чанд сабаб дошт. Якум ин ки дар муҳити сиёсии мо ҳанӯз устувории сиёсӣ набуд. То соли 1931 медонем, ки ҳаракати босмачигарӣ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам давом дошт. Барои ҳамин нобаробарии сиёсии дохилӣ ба роҳбарии системаҳои ВАО ҳам таъсир мекард. Аз болои якдигар ҳам зиёд менавиштанд. Як кас, ки маъқул намешуд, ӯро сиёҳ мекарданд ва то ба душмани халқ расонданҳо мерафт. Ин ба матбуот бисёр хос буд. “Ҷавонони Тоҷикистон”-и ҳамонвақтаро агар хонем, фарз кардем, як нафарро аз кор холӣ карданд, рӯзнома суроғ мекард, ки хешу табораш кист, онҳоро низ сиёҳ кардан лозим. Вақте ки соли 37-ум Абдулло Раҳимбоевро аз роҳбарии Тоҷикистон хориҷ карданд, дар рӯзнома мавод чоп шуд, ки “Думи Абдулло Раҳимбоев дар Конибодом”. Яъне одамҳое, ки ӯро дастгирӣ мекарданд. Ё солҳои 30-юм, вақте ки Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Абдулқодир Муҳиддиновро ҳамчун миллатчиёни тоҷикпараст сиёҳ карданду душман эълон намуданд, рӯзномаҳо, аз он ҷумла “Ҷавонони Тоҷикистон”, одамоне пайдо карда буданд, ки онҳоро ҳам душмани халқ гуфта тавонистанд. Яъне як руҳияи васвасадор ба вуҷуд омада буд.
- Чӣ коре “Ҷавонони Тоҷикистон” кард, ки имрӯз лоиқи таҳсин бошад?
- Кори бузурге, ки рӯзнома кард, мардумро бедор намуд. Мардумро барои зиндагии нав тайёр кард. Зиндагии нав дар он вақт се вазифа буд: тараққӣ додани саноат, тараққӣ додани хоҷагии қишлоқ, аз байн бурдани бесаводӣ. Дар мо саноат набуд. Онро сохтан даркор буд. Дар аввали солҳои 30-юм, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” барои сохтмони аввалин НОБ-ҳое, ки дар Варзобу Душанбе, дар дарёчаи Душанбе сохта мешуданд, рӯ овард. Дар аввали солҳои 30-юм аз худ кардани водии Вахш шуруъ шуд. Мардуми Фарғона, Қаротегин ва Кӯлобро ба водии Вахш муҳоҷир карданд. “Ҷавонони Тоҷикистон” аз ҷумлаи он рӯзномаҳое гардид, ки ободонии водии Вахш ва босавод кардани ҷавонони онро ба гардан гирифт. Аз ҷумла, дар ин рӯзнома муроҷиатномаи нависанда Рашид Абдуллоро хондам, ки навиштааст: “Ман қавл додам, ки ба водии Вахш мераваму дар давоми сол 80 нафар ҷавонро босавод мекунам ва фалониҳоро ба мусобиқа даъват менамоям. Онҳо ҳам оянд ҳамроҳи ман водии Вахшро интихоб кунанду мардумро босавод кунем”. Ин кори ҷонӣ ва бисёр муҳими “Ҷавонони Тоҷикистон” буд: аз як тараф саноат сохтан, аз тарафи дигар замини нав кушодан, аз тарафи сеюм босавод кардани мардум.
Муфассал:
http://javonon.tj/news/culture/ibro-im-usmonov-man-d-sti-avonon-astam/?fbclid=IwAR1KD5_-n1wtjI34_mmFTUd-sefF_u4i6fxPrLPzgy8h95J10bDHcrdePrY
DPF
06.02.2020 15:46
123
Хабарҳо