“Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”
     TJ RU EN
10:07 / 2024-12-20

“Рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад”

Суҳбати як нафар рӯзноманигорро бо раиси АМВАОМТ  Нуриддин Қаршибоев дар мавриди масъулияти журналистон дар назди сарчашмаи иттилооти худ манзури Шумо мегардонем. Ин муколама ба баъзе аз паҳлӯҳои истифодаи сарчашмаи иттилоот рӯшанӣ меандозад, ки донистани онон барои ҳамкасбон аз фоида дур нест. Рӯзноманигор: Барои як сайт як матлаб навиштам, муҳарррир дар баробари манобеи катбии истифодашуда садоҳои коршиносонро низ талаб дорад. Назари Шумо чӣ аст? Ҳатмӣ аст, ки ба хотири дурустии ҳарфи коршиносон, ки он ҷо ман овардаам, садоҳоро ҳам ба онҳо таҳвил диҳам? То куҷо дар ихтиёри хабаргузорӣ гузоштани садоҳои коршиносон дуруст аст? Нуриддин Қаршибоев:  Агар мавод мултимедиёӣ  бошад,  дар он аудио, яъне сабти овози коршинос  зарурат дорад. Рӯзноманигор:  На, мултимедиёӣ нест, катбӣ аст. Нуриддин Қаршибоев:  Дар ин сурат Шумо коршиносро бояд ҳангоми сабт огоҳ намоед. Катбӣ бошад,  зарурат нест,  зеро масъулияти он ба дӯши шумост.  Яъне масъулияти дурустии иқтибосҳои оварда аз назари коршиносон ба дӯши муаллиф аст. Рӯзноманигор: Катбӣ аст, матлабро гирифтанд,  акнун  садо мегӯянд.  Ман гуфтам, ҳеҷ нашрияе то ҳол ин қадар сахт нагирифтааст, бо  вуҷуд сабтро тақозо доранд. Нуриддин Қаршибоев:  Ҳифзи сарчашмаи иттилоот низ ба души муаллиф аст. Ин талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот аст. Нашрия аз аввал бояд ин талаботро пеш мегузошт, то Шумо огоҳ  бошед. Агар коршинос розӣ бошад ва  Шумо ҷонибдори ҳамкории  минбаъда ба он нашрия бошед, метавонед сабтро ба онҳо фиристед. Рӯзноманигор: Якеро пурсидам, розӣ аст, бояд дувумиро пурсам. Нуриддин Қаршибоев:  Пурсед, мавод дар мавзӯи ҳассос набошад, розигиашро гиред.  Муҳимаш рӯзноманигор набояд сарчашмаи иттилооти худро зери зарба гузорад.  

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима