Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад
     TJ RU EN
09:05 / 2024-11-16

Кумитаи дин гуфт, навиштаҳои Далер Шарифовро ташхис мекунад

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки далели боздошти Далер Шарифов, хабарнигори тоҷик, танҳо нашри китоби ахири ӯ нест. Далер Шарифов рӯзи 28-уми январ боздошт ва ду рӯз баъд аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Мақомот ӯро ба барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ муттаҳам медонанд. Иттиҳоме, ки наздикон ва дӯстони Шарифов онро беасос мехонанд.

Абдураҳмон Мавлонов, сардори шӯъбаи ташхиси Кумитаи дин рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, Далер Шарифов дар чанд соли ахир 200 матлаб нашр кардааст ва ҳоло бахше аз ин маводҳо "дар истеҳсоли кумита" қарор дорад ва баъд аз ташхис натиҷаи онро хоҳанд гуфт.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан бо нашри як изҳорот Шарифовро ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам кард.

Ба гуфтаи мақомот, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Мақомоти додситонӣ дар ин изҳорот ба рисолаи "Муҳаммад (с) ва терроризм", низ ишора кардаанд, ки ба қалами Далер Шарифов тааллуқ дорад.

Вале наздикони Далер Шарифов ва бархе аз созмонҳои журналистӣ ба ин гуфтаҳо бовар надоранд ва мегӯянд, рӯзноманигор дар ҳеҷ мақола кинаву адоватро барнаангехтааст.

Ҳашт созмони хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон, даҳҳо журналист ва масъули бахши озодии матбуотии САҲА озодии Далер Шарифовро талаб доранд.

Далер Шарифов 32-сола аст ва қаблан дар телевизиони "Сафина" ва ҳафтаномаи "Озодагон" кор кардааст.

https://www.ozodi.org/a/30417830.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима