Ҳарлем Дезир: Мақомоти Тоҷикистон рӯзноманигор Далер Шарифовро озод кунанд
Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир шоми 3-юми феврал бо нашри як баёния аз ҳукуматдорони Тоҷикистон дархости озодии рӯзноманигори ҳабсшударо кардааст.
“Ман ба мақомоти Тоҷикистон навиштам, ки фавран журналист Далер Шарифовро озод кунанд. Воситаҳои ахбори омма бояд бидуни тарси интиқом имкони таҳқиқу нашр, аз ҷумла, дар Интернет дошта бошанд”, - чунин паёмак чанде қабл дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter пайдо шудааст.
Имрӯз ҳамчунин ҳудуди 40 созмону рӯзноманигори тоҷикистонӣ дар робита ба боздошти Далер Шарифов
изҳори нигаронии шадид карда, аз мақомоти кишвар даъват кардаанд:
– чораи пешгирӣ ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад;
– таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронда шавад.
“Умедворем, ки ҳангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад”, - изҳор доштаанд намояндагони созмонҳо ва рӯзноманигорони Тоҷикистон.
Далер Шарифов 28 январи соли 2020 барои бозпурсӣ ба шуъбаи амнияти Кумитаи давлатии аминияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ва дар ҳамон рӯз боздошт шуд.
Шоми 28 январи соли 2020 ба хонаи онҳо, ки дар деҳаи Ниёгони ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, кормандони шуъбаи ноҳияи Шоҳмансури РКДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе омада, ба падараш дар бораи боздошти писараш хабар дода, вале дар бораи далели боздошт ва ба чӣ гумонбар шудани фарзандаш чизе нагуфтаанд.
29 январи соли 2020 ӯро ба бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ҳамин рӯз вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов гувоҳнома ва номаи лозимро ба КДАМ Тоҷикистон пешниҳод намуд, то иҷозаи дидор бо зерҳимояашро дошта бошад, вале муваффақ нашуд.
30 январи соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварда шуд, ки дар он ҷо ӯ бо қисми 1 моддаи 189 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айб эълон карда шуд.
Тахмин меравад, ки гумонбар донистан ба барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ба фаъолияти журналистии вай иртибот дорад, ки дар ин бора дар сомонаи Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар”
изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 феврали соли 2020 ҷой дода шудааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат медиҳад ва сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ мекунад.
“Ин амалкардҳо дар арафаи ду рӯйдоди муҳим дар кишвар – интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад”, - омадааст дар изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ.
https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20200203/arlem-dezir-maqomoti-tojikiston-ruznomanigor-daler-sharifovro-ozod-kunand?fbclid=IwAR215MSlswAgCXsrpmzTwRmx_6DNrHYhLVq1hOEmcP7OZfaRpsDlBgz9E4A
DPF
04.02.2020 15:38
136
Хабарҳо