Изҳороти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ вобаста ба боздошти Далер Шарифов
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ нигаронии шадиди худро дар робита ба боздошти рӯзноманигори мустақил Далер Шарифов изҳор медоранд.
28 январи соли 2020, Далер Шарифов барои бозпурсӣ ба шуъбаи амнияти Кумитаи давлатии аминияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур даъват ва дар ҳамон рӯз боздошт шуд.
Шоми 28 январи соли 2020 ба хонаи онҳо, ки дар деҳаи Ниёгони ҷамоати ба номи Бозорбой Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, кормандони шуъбаи ноҳияи Шоҳмансури РКДАМ ҶТ дар шаҳри Душанбе омада, ба падараш дар бораи боздошти писараш хабар дода, вале дар бораи далели боздошт ва ба чӣ гумонбар шудани фарзандаш чизе нагуфтаанд.
29 январи соли 2020 ӯро ба бинои Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе интиқол доданд. Дар ҳамин рӯз вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов гувоҳнома ва номаи лозимро ба КДАМ Тоҷикистон пешниҳод намуд то иҷозаи дидор бо зерҳимояашро дошта бошад, вале муваффақ нашуд.
30 январи соли 2020 рӯзноманигор Далер Шарифов ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ оварда шуд, ки дар он ҷо ӯ бо банди 1 моддаи 189 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) айб эълон карда шуд.
Тахмин меравад, ки гумонбар донистан ба барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ ба фаъолияти журналистии вай иртибот дорад, ки дар ин бора дар сомонаи Агентии миллии иттилооти Тоҷикистон “Ховар” изҳороти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 феврали соли 2020 ҷой дода шудааст:
https://khovar.tj/2020/02/iz-oroti-markazi-matbuoti-prokuraturai-generalii-um-urii-to-ikiston/
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 30 озодии сухан ва матбуотро кафолат медиҳад ва сензураи давлатӣ ва таъқибро барои танқид манъ мекунад.
Тоҷикистон борҳо аз ниҳодҳои байналмилалӣ тавсияҳо гирифтааст, ки таҷрибаи фишор ба озодии сухан ва изҳори ақида дар кишварро хотима диҳад. Аз ҷумла, ин тавсияҳо аз сӯйи кишварҳои узви Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон дар доираи Баррасии умумии даврӣ (ба рӯзноманигорон ва шахсони дигар имкони озодонаи изҳори андеша фароҳам карда шавад, ба манзури пуштибонӣ ва рушди озодии баён ва аз миён бурдани маҳдудиятҳои озодии баён мутобиқ ба масъулиятҳои байналмилалӣ тамоми иқдомоти лозимро анҷом диҳад, ба тамоюли саркӯб кардани озодии баён, аз ҷумла маҳдудият дар фаъолияти расонаҳо муқовимат кунад ва чораҳои мушххасеро барои иҷро кардани масъулиятҳои марбут ба эҷоди муҳити мувофиқ барои озодии баён, андешад ва ғ.), Гузоришгари вижаи СММ дар умури ҳуқуқи озодии ақида (эътиқод) ва изҳори озодонаи он (аз қабили, масалан, озод кардани ҳамаи фаъолони сиёсӣ, вакилони дифоъ ё рӯзноманигороне, ки тавре таъйид мешавад худсарона боздошт шудаанд...), Кумитаи ҳуқуқи башари СММ (қонунгузории худро дар мавриди таҳқиру туҳмат бознигарӣ кунед ва тамоми иқдомоти зарурӣ барои таъмини он, ки ҳама гунаи маҳдуд кардани озодии баён комилан ба талаботи сахти банди 3 моддаи 19 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, ки ҳамчунин дар мулоҳизаҳои тартиби умумии № 34 (соли 2011) дар бораи озодии баён ва изҳори он замима шудаанд) ва ниҳодҳои байналмилалии дигар.
Ин амалкардҳо дар арафаи ду руйдоди муҳим дар кишвар - интихоботи порлумонӣ ва президентӣ, ба обрӯйи байналмилалии Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ мезанад.
Дар робита ба ин, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорӣ аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад:
- чораи пешгириро ба ғайриҳабсӣ иваз карда шавад;
- таҳқиқот воқеъбинона бо риояи бечунучарои тамоми кафолатҳои озодии баён мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ гузаронда шавад.
Умедворем, ки хангоми таҳқиқоти қазияи Далер Шарифов волоияти қонун ва дастрасӣ ба адодати судӣ бечунучаро таъмин карда мешавад.
Бо эҳтиром,
- Анҷумани миллии Воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон
- Ассотсиатсияи "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
- Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”
- Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”
- Ташкилоти ҷамъиятии “Дунеи ҳуқуқ”
- Ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният”
- Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”
- Ташкилоти ҷамъиятии “Перспектива +”
- Абдулазизи Восеъ, рӯзноманигор
- Абдумалик Қодиров, рӯзноманигор ва таҳлилгар
- Азизи Нақибзод, рӯзноманигор
- Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигор
- Аскар Турсунов, адвокат
- Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигор
- Далери Имомалӣ, рӯзноманигор
- Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигор
- Иршод Сулаймонӣ, рӯзноманигор
- Мижгона Ҳалимова, рӯзноманигор
- Нуралӣ Давлат, рӯзноманигор
- Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор
- Рамзия Мирзобекова, рӯзноманигор
- Саидэҳсони Ҷалолиён, рӯзноманигор
- Санҷар Ҳошимӣ, рӯзноманигор
- Сайфуллоҳ Салимов, рӯзноманигор
- Талабшоҳ Саломов, рӯзноманигор
- Хилватшоҳ Маҳмуд, рӯзноманигор
- Шоира Юсупова, рӯзноманигор
- Ҷалолиддин Аҳмадов, рӯзноманигор
- Ҷамшед Маъруф, рӯзноманигор
- Рустам Гулов, рӯзноманигор
- Мазҳаб Ҷумъа, рӯзноманигор
- Марат Мамадшоев, рӯзноманигор
- Лола Олимова, рӯзноманигор
- Набӣ Юсупов, рӯзноманигор
- Хуршед Фозилов, рӯзноманигор
- Рустам Сафаров, рӯзноманигор
- Сафари Шукур, рӯзноманигор
- Ҳакими Даврон, рӯзноманигор
- Муҳайё Нозимова, рӯзноманигор
- Абдураҳим Умариён, рӯзноманигор
- Умед Бобохонов, рӯзноманигор
- Меҳрангез Турсунзода, рӯзноманигор
- Шаҳодат Соибназарова, рӯзноманигор
- Сафо Сафаров, рӯзноманигор
- Фирӯз Баротов, рӯзноманигор
- Зебо Тоҷибоева, рӯзноманигор
DPF
04.02.2020 12:30
118
Хабарҳо