Далер Шарифов кист ва боздошташ чӣ паём дорад?
Ҳукми то ду моҳ дар ҳабс мондани Далер Шарифов, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик наздикон ва ҷомеаи хабарнигории кишварро нигарон кардааст. Худдории мақомот аз шарҳи сабабҳои боздошт ва ҳабси Шарифов фарзияҳои дигарро пеши рӯ гузоштааст. Як гуруҳ тахмин мекунанд, ки боздошти рӯзноманигор ба хотири интиқодҳояш аз сиёсатҳои ҳукумат ва паёме ба ҷомеаи рӯзноманигории кишвар аст. Гуруҳи дигар ба ин андешаанд, ки боздошти ӯ ба навиштаи китобаш бо номи "Муҳаммад ва терроризм" рабт дорад.
Аз "Муошират" то...
Далер Шарифов, сокини 32-солаи шаҳри Ваҳдат, хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва ҳангоми донишҷӯӣ бо телевизиони давлатии “Сафина” ҳамкорӣ кардааст. Шарифов дар ин телевизион муаллифи ток-шоуи “Муошират” ва барномаи “Қатрае аз баҳр” буд, ки ҳаводорони зиёд доштанд.
Ӯ дар ин барномаҳо ҷавонони фаъолро даъват карда, дар атрофи мавзуъҳои муҳими рӯз баҳсҳои гармеро ба по мекард, чизе, ки дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон кам дида мешавад.
Баробари хатми донишгоҳ дар соли 2012 Далер созмонеро бо номи “Қадам ба қадам” ташкил кард, ки ҳадафи он аз байн бурдани маҳалгароӣ дар Тоҷикистон гуфта мешуд. Ба дунболи чунин нияташ дар шаҳри Душанбе мавриди латту кӯби ашхоси ношинос қарор гирифт, ки то ҳол омилони он маълум нашуданд. Латту кӯби Далер Шарифов барои ӯ ба хатми кор дар телевизиони давлатӣ анҷомид ва ба гуфтаи дӯстонаш марҳилаи дигари зиндагии ӯ оғоз ёфт. Акнун чеҳраи ин ҷавон бештар ҳамчун як озодандеш дар нишасту гуфтугӯҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дида мешуд.
Аз баъзе сиёсатҳои ҳукумат интиқод мекард ва дар масъалаҳои мубрами рӯз назарашро бо расонаҳо дар миён мегузошт. Далер Шарифов муддате бо ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” ҳамкорӣ дошт. Ба гуфтаи пайвандонаш, солҳои охир кишоварзӣ ва тиҷорат мекард ва бо сабаби пайдо накардани шуғли муносиб дар дохили кишвар ният дошт ба муҳоҷират равад.
Наздиконаш мегӯянд, боздошти Шарифов ҳарчанд барояшон ғайриинтизор буд, аммо даъват ва фишор чизи нав нест.
Саида Қурбонова, ҳамсари Далер Шарифов, рӯзи 31-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, қаблан низ чанд бор шавҳарашро барои навиштаҳои интиқодӣ ба идораҳои давлатӣ даъват карда буданд. Вале, ба гуфтаи Қурбонова, даъват барои суҳбат ошкор буд ва баъд аз пурсиш Далерро ҷавоб медоданд. Шарифов дар бораи ҷузъиёти ин пурсишҳои мақомот ба наздикон суҳбат намекардааст.
Мақомоти интизомӣ дар гузашта низ дар бораи даъват ва бозпурсии Далер Шарифов чизе нагуфтаанд ва маълум нест, дар суҳбатҳои қаблӣ пурсиш сари чӣ мавзуъ будааст.
Азизи Нақибзод, яке аз дӯстони Далер Шарифов, гуфт, “тирамоҳи гузашта мақомоти милиса ӯро даъват карда, баёноташро гирифта буданд. Аммо гумонҳояшон нисбат ба Далер беасос баромад ва ӯро ҷавоб доданд.»
Саида Қурбонова, ҳамсари рӯзноманигор мегӯяд, даъвати ахир бар хилофи гузашта шубҳаовар буд, чун мусоҳибон ҳангоми занг задан худро шинос накарда, танҳо Далерро ба вохӯрӣ даъват кардаанд.
“Ӯ ҳам бовар кард ва хесту рафт, ки шояд ягон рафиқаш шӯхӣ дорад. Ҳарчанд, пурсид, ки аз куҷо ҳастед ва чаро ба суҳбат даъват доред? Бо ханда гуфтанд, ки биё шинос мешавем. Аммо дертар фаҳмидем, ӯро ҳанӯз аз дари хона то расидан ба Душанбе таъқиб кардаанд,” -- гуфт Саида Қурбонова.
Мақомот Далер Шарифовро ба барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ гумонбар медонанд. Аммо Саида Қурбонова, ҳамсари Шарифов мегӯяд, шавҳари ӯ танҳо як рӯзноманигори мустақил буд ва “дар рафтору кирдорҳояш барангехтани кинаву адовати миллӣ набуд.”
“Боздошт барои овардани иқтибос аз Қарзовӣ?”
Боздошти Далер Шарифов як баҳси гармеро дар ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистон ба миён овард. Ҳарчанд созмонҳои ҳомии ҳуқуқи журналистон дар Тоҷикистон дар ин бора изҳороти ҷиддие нашр накарданд, бисёре аз хабарнигорон ин боздоштро зарбае ба озодии баён дар кишвар хонданд. Мақомот дар ин замина ҳеч гуна шарҳ надодаанд. Аммо ба навиштаи баъзе афроду саҳифаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавқеи мақомот ҳимоят мекунанд ва бештар бо номи “фабрикаи ҷавоб” шинохта ҳастанд, гӯиё боздошти Далер Шарифов ба хотири нашри китоби “Муҳаммад ва терроризм” сурат гирифтааст.
Муфассал:
https://www.ozodi.org/a/who-is-daler-sharifov/30411357.html
DPF
01.02.2020 18:07
119
Хабарҳо