Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов
     TJ RU EN
06:53 / 2024-11-29

Мавқеи АМВАОМТ нисбати қазияи Далер Шарифов

Мо муътақид ба принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ  ҳастем,  азбаски мақомот иттиҳоми мушаххас ба Далер Шарифов пешниҳод накардааст. Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди макоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт. Алъон, чизи мушаххасе гуфта наметавонем, зеро дастрасӣ  ба иттилоот дар робита ба қазияи Далер Шарифов надорем. Ҳамзамон, аз мақомоти тафтишот  боисрор талаб дорем, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. Мо қазияро ҳамаҷониба мавриди пайгирӣ қарор додем, дар сурати дастрас шудани маълумоти нав мавқеамонро боз ҳам мушаххас мегардонем.

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима