Мулоқоти падараш бо Далер Шарифов. Бозпурсӣ идома дорад
Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, ки бо дидгоҳҳои интиқодиаш шинохта аст, рӯзи 28-уми январ ба бозпурсӣ даъват шуда, то ба ҳол раҳо нагардидааст. Пайвандонаш мегӯянд, сабаби бозпурсии ӯ маълум нест, аммо аз хонаашон чанд китоб ба хатти арабӣ ва комютерро бурдаанд. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифовро мақомоти амниятӣ бозпурсӣ мекунанд. Мақомот дар ин бора ҳеч шарҳ намедиҳанд.
Падараш
Абдуманнон Шарифов шоми 29-уми январ бо Далер мулоқоти кӯтоҳ доштааст. Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Дидам, саломатиаш хуб аст. Далер ба ман гуфт, ки фишор наовардаанд ва бозпурсӣ ҳанӯз идома дорад."
Абдуманнон Шарифов гуфт, аз ин бештар чизе намедонад.
Пайвандони Далер Шарифов рӯзи 29-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ баъди як занги телефонӣ рӯзи 28-уми январ аз хона берун рафт. Далер ба пайвандонаш гуфтааст, "дар шаҳр як мулоқот дорад".
Ба гуфтаи пайвандон, шоми он рӯз мақомоти интизомӣ ба хонаи онҳо рафта, компютери ӯ ва китобҳо бо расмулхати арабиро барои ташхис бурдаанд.
Дар ҳоли ҳозир барои ҳимоят аз ҳуқуқи Далер Шарифов Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон изҳори омодагӣ карда, аз сӯи ин созмон як вакил ҷудо шудааст. Тибқи охирин хабарҳо, мақомот муроҷиати вакили дифоъро қабул карданд. Аммо бо гузашти якуним рӯз наздикон ва вакили дифоъ бо Далер Шарифов мулоқот накардаанд. Маълум нест, Шарифов дар чӣ вазъ қарор дорад ва бозпурсии ӯ дар бораи чист.
Кӯшишҳои мо барои пайдо кардани иттилоъ аз мақомоти амнияти миллӣ рӯзи 29-уми январ то ин дам бенатиҷа буд.
Сабабҳои дақиқи даъвати Далер Шарифов ба Идораи амният ҳанӯз маълум нест. Ба гуфтаи пайвандон, мақомот онҳоро умедвор кардаанд, ки танҳо барои бозпурсӣ ва санҷиш даъват шуда ва раҳо мешавад. Вале ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистонро он нигарон кардааст, ки бо гузашти якуним рӯз Далер Шарифов ҳанӯз раҳо нашудааст.
Зафари Сӯфӣ, муассиси хабаргузории «Озодагон», ки ҳоло дар хориҷ қарор дорад, гуфт, Далер Шарифов як пажӯҳишгар буд ва боздошташ ҳам, ба бовари ӯ, «бештар ба хотири фаъолиятҳои рӯзноманигорияш рабт дорад».
«Далер ба ҷуз инки як хабарнигор бошад, як пажӯҳишгар, як олим буд. Ӯ воқеан як шахсияте ҳаст, ки барои як матлабро навиштан 4-5 китоб мехонд, то ҳарф тозае гуфта бошад. Ҳарфи Далер вазн дошт ва ӯ ҳарфи ҳавоӣ намезад. Решаи боздошти Далер фақат дар фаъолияти журналистии ӯ аст. Дигар сабабҳо баҳона аст, чун Далер ба ҳеҷ гуруҳе рабт надошт,” -- гуфт Зафари Сӯфӣ.
Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз ҷумла Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО ва дигарон то ба ҳол расман дар ин бора изҳори назар накардаанд. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ мегӯяд, қазияи мазкурро пайгирӣ доранд.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони "Сафина" кор мекард ва муаллифи ток-шоуи "Муошират" ва ҳамчунин барномаи "Қатрае аз баҳр" буд.
Соли 2012 созмони "Қадам ба қадам"-ро ташкил кард, ки ҳадафаш аз байн бурдани маҳалгароӣ дар миёни ҷавонон буд, вале созмонро расман сабтином накарданд. Ҳамон сол
мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт ва як муддат дар бемористон бистарӣ буд.
Солҳои ахир ба ҳайси фурӯшандаи китоб кор мекард. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
https://www.ozodi.org/a/30403332.html
DPF
30.01.2020 13:05
170
Хабарҳо