Бозпурсии рӯзноманигор Далер Шарифов. Ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст
Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то ба ҳол ин мавзӯъро шарҳ надодаанд.
Яке аз пайвандони Далер Шарифов рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ баъди як занги телефонӣ соатҳои тақрибан 11-и рӯзи гузашта аз хона берун рафт. Далер ба пайвандонаш гуфтааст, ки "дар шаҳр як мулоқот дорам".
Ба гуфтаи пайвандон, шоми он рӯз аз мақомоти интизомӣ ба манзили онҳо рафта, китобҳо бо расмулхати арабӣ ва компютери ӯро барои ташхис бурдаанд. Адабиёт бо хатти кириллӣ дар хонаи онҳоро танҳо номнавис кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои Далер Шарифов Маркази мустақил оид ба ҳуқуқи инсон изҳори омодагӣ карда, аз сӯи ин созмон як вакил ҷудо шудааст.
Сабабҳои дақиқи даъвати Далер Шарифов ба Идораи амният ҳанӯз дақиқ нест. Мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳе надодаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, мақомот онҳоро умедвор кардаанд, ки ӯ танҳо барои бозпурсӣ ва санҷиш даъват шуда ва раҳо мешавад. Вале ҷомеаи хабарнигории Тоҷикистонро он нигарон кардааст, ки бо гузашти як шабонарӯз, Далер Шарифов ҳанӯз раҳо нашудааст.
Далер Шарифов дар гузашта дар телевизиони давлатии "Сафина", фаъолият карда, солҳои ахир барои муддате ба тиҷорат машғул буд ва расман ҷое кор намекард. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бо афкори интиқодӣ ва матлабҳои таҳлилияш шинохта мешавад.
Нигарониҳо аз даъвати Далер Шарифов ба бозпурсӣ дар ҳолест, ки сар авоили моҳи ҷорӣ даҳҳо тан дар Тоҷикистон ба гумони узвият дар созмонҳои мамнӯъ боздошт ва мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
https://www.ozodi.org/a/30403332.html
DPF
29.01.2020 13:39
122
Хабарҳо