Матраимовҳо шикояташонро зидди хабаргузории 24.kg пас гирифтанд
     TJ RU EN
04:38 / 2024-11-29

Матраимовҳо шикояташонро зидди хабаргузории 24.kg пас гирифтанд

Хонаводаи Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон аз шикояти худ зидди хабаргузории 24.kg даст кашид. Дар ин бора вакили дифоъ Канатбек Азиз дар шабакаи иҷтимоии Facebook иттилоъ дод. Пештар 24.kg матлаберо бо унвони "хабаргузорӣ дар бораи даст доштани Матраимов дар қочоқ далеле надорад" нашр кард. "Хабаргузорӣ ҳангоми нашри матлаб ба таҳқиқоти рӯзноманигории бахши қирғизии Радиои Озодӣ ва Kloop истинод карда буд. Худи хабаргузории "24.kg" дар ин замина таҳқиқотеро анҷом надодааст",-навишт 24.kg. Хонаводаи Матраимовҳо 9-уми декабри соли гузашта барои ҳифзи обрӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10-уми ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ - тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад. Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст. https://www.ozodi.org/a/30401333.html

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима