Аз нишастҳои матбуотӣ чӣ умед доред?
     TJ RU EN
04:53 / 2024-11-29

Аз нишастҳои матбуотӣ чӣ умед доред?

27 январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва  ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2019  оғоз шуданд.  Мушоҳидаҳо аз нишастҳои гузашта  нишон медиҳанд, ки  хабарнигорон на ҳамеша аз муҳтавои онҳо қонеанд.  Ба гуфтаи онҳо дар нишастҳо роҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ё бевосита худашон иштирок намекарданд ва ё аз ҷавоб ба суолҳои хабарнигорон бо ҳар баҳона  худдорӣ мекарданд.   Дар суҳбат бо чанде аз хабарнигорон аз онҳо пурсидем, ки чӣ интизориҳое аз нишастҳои матбуотии имсола доранд? Фахриддин Холбек, рӯзноманигор Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ  танҳо фурсатеанд, ки мақомот ва рӯзноманигорон бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бале, бархе мақомот аз додани маълумоти дуруст ва ё муфассал худдорӣ мекунанд, гоҳо ҳис мешавад, ки онҳо самимӣ нестанд ва ё салоҳияти  худро надоранд. Шахсан дар умум аз ин нишастҳои матбуотӣ  розӣ ҳастам ва ҳатто мегӯям, хайрият, ки ҳастанд, вагарна дастрасӣ ба бисёре аз ин ниҳодҳо барои мо хеле як дардисари бузург аст. Ман танҳо як хоҳиш ва шояд умедворӣ дорам, ки масъулини вазоратҳову кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ ба ин вазифаи худ - иттилоъ додан ба рӯзноманигоронро, ҷузъе аз масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисобот додан пеши мардум фаҳманд. Инро бояд дарк кунанд, ки маҳз бо шарофати ҳамин мардум онҳо такя ба курсӣ мекунанд. Мо ва онҳо ҳама пеши мардум масъул ҳастем. Бовар дорам, бархӯрди самимонаи мову онҳо ба нафъи мардуми мо ва рушди кишвар тамом мешавад. Ҳар кор бояд самимона анҷом шавад. Маҳмуди Ашурмуҳаммад, муҳаррири нашрияи “Садои Конибодом” Ба андешаи ман ин нишастҳо умуман лозим нестанд, чунки аҳамияти пешинаашонро гум кардаанд. Барои ҳамин баъди ҷамъбасти сол ё нимсола мегузаронанд ва рӯзноманигорон ҳам он рақамҳоро такрор рӯи коғаз меоранд. Масалан, агар вазорати муҳоҷират бошад, фалон ҳазор муҳоҷират рафту ба фалон мамлакат ин қадар, ба кишвар фалон муҳоҷир омад ва монанди ин. Агар эътибор дода бошед, ҳатто рӯзномаҳои пештози кишвар ҳам гузоришҳояшонро бо рақамҳо "ороиш" медиҳанд. Ба қавле ин нишастҳо “ради галочки” шудаанд. Манижа Қурбонова, рӯзноманигори мустақил Ман аз ин нишастҳои имсола  ҳеҷ умед надорам, чунки имсол соли махсусан ҳассос (интихобот дар назар дошта шудааст) аст.  Вазирон кӯшиш мекунанд,  ки ягон гапи зиёдатӣ нагӯянд ва умуман дар нишастҳо набошанд. Вазири собиқи фарҳанг, Шамсиддин Орумбекзода   дар хама нишастхо бевосита иштирок карда ба саволҳои хабарнигорон пурра  ҷавоб медод, аммо ӯро ҳам аз вазифа сабукдӯш карданд. Дар бораи дигар вазиру раисон ҳеч чиз гуфта наметавонам, чун фикр мекунам мисли доимӣ ё аз савол мегурезанд ва ё умуман иштирок намекунанд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори хабаргузории “Авеста” Нишатҳои матбуотии имсолаи аввал шояд чандон ҷолиб нагузаранд, чаро ки ҷойивазкунӣ  дар мо ҷараён дорад. Қариб, ки ҳама вазирону раисон нав таъин шуда истодаанд. Маълум, ки муовинҳои аввал ба саволҳои журналистон посух мегӯянд, вале гумон аст, ки посухи дақиқ гӯянд.  Дар мо қариб ки ҳама чиз ғайриинтизор сурат мегирад. Қариб ки журналистони таҷрибадор ба нишастҳо намераванд. Шояд, ки журналистони ҷавоне, ки ба майдони ВАО-и тоҷик омадаан,  бо донишу ҷаҳонбини хеш рафти нишастҳои хабариро ҷолибтар гардонанд. Мазҳаб Ҷумъа, рӯзноманигор Фикр мекунам нишасти матбуотии имсола нисбат ба нишастҳои матбуотии солҳои пешин «хомўштар» ва бо норозигии бештари журналистон мегузарад. Чунки ба фарқ аз солҳои пешин, ки дар бештари нишастои матбуотӣ роҳбарони аввал ширкат намекарданд ва ё бо хондани ҳисоботи солонаашон, ки бе ин ҳам дар аввали нишаст ба дасти журналистон медиҳанду дар дохили вай чизе нест, вақти муайяншударо ба охир мерасонанд ва ба журналистон имкон намедоданд, ки савол диҳанд. Имсол агар вақт ҳам барои суолу ҷавоб расад, бештари роҳбарони аввал (агар ҳам ширкат кунанд), бо баҳонаи он ки ман ба ин мақом нав таъин шудам (тағйиротҳои охири кадриро дар назар дорам) ва ҳоло вазъро пурра наомўхтаам, саволи журналистонро беҷавоб мегузаронд ва бо ин баҳона аз савол мегурезанд. Чизи дигар, ки махсус бояд қайд шавад, ин дар муддати хело кўтоҳ баргузор намудани нишастҳо мебошад. Масалан, то чанд соли пеш нишастҳо як моҳ дароз тўл мекашиданд ва дар як рўз як ё ду ниҳод нишасти матбуотӣ мегузаронид. Аммо чанд соли охир муҳлати гузаронидани нишастҳои матбуотӣ кам шуда, дар ду ҳафта тамоми ниҳодҳо нишастҳои худро мегузаронанд. Ҳатто дар як рӯз чор панҷ нишастро дар як вақт мемонанд, ки имкони ширкати журналистон набошад. Фикр мекунам агар кор ҳамин гуна давом кунад, чанд сол пас нишастҳои матбуотӣ ҳам барҳам мехўранд. Масъалаи дигар ин «худ» -ӣ кардани журналистон аст. Яъне як ниҳод журналистони худиро даъват мекунанд, саволҳоро пешакӣ ба онҳо медиҳанд, то дар рафти нишаст журналист ба масъулин диҳад. Он суол бештар ба фаъолияти «назаррас»- и он ниҳод дахл дорад ва масъули ниҳод ним соат бо баҳонаи он суол аз «дастовардҳо» -и коргоҳи зери роҳбариаш мегўяд ва бо ҳамин вақт ба охир мерасад. Хулоса, фикр мекунам имсол низ мисли солҳои пеш нишастҳо бе ҳузури роҳбарони аввал ва хондани ҳисоботи дуру дароз мегузарад ва ягона чизи фарқкунанда ва барои рўзноманигорон дилбеҳузуркунанда ин «ман нав ба ин мақом таъин гардидам ва вазъро худам хуб намефаҳмам» мешавад. Орзуи  Карим, хабарнигор Ман умедворам, ки роҳбарияти идораю корхона, вазорату кумитаҳо соҳаи худро аввал донанд. Масалан раисон тасодуфӣ  меоянд, омору маълумоти даркориро надоранд ва мегӯянд, ки баъдан посух медиҳем ва ё баҳонаи дигар мекобанд.  Дар минтақа дар гузашта раисҳо ширкат накарда муовинононашон меомаданд, вале роҳбарияти аввал бо сабаби номаълум зоҳир намешудаанд. Мехоҳам, роҳбарони аввал ширкат намуда, ба тамоми саволҳои хабарнигорон посух диҳанд. Таҳияи Рухшона Ҳакимова  

Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима