Иршод Сулаймонӣ: “Азия-Плюс” – сутуни рӯзноманигории ҷиддии Тоҷикистон
     TJ RU EN
04:34 / 2024-11-29

Иршод Сулаймонӣ: “Азия-Плюс” – сутуни рӯзноманигории ҷиддии Тоҷикистон

“Азия-Плюс” ба 20-умин соли ҳузури пурифтихори худ дар майдони матбуоти тоҷик расид. Санае, ки дареғу дард теъдоди андаки расонаву нашрияҳои дигари Тоҷикистон ба он расиданд ё мерасанд. Ман дар ин чанд ҷумлаи шодбошии худ ба нуқсҳои ин нашрия ишора намекунам ва аз муваффақиятҳояш хоҳам гуфт. Сарфи назар аз баъзе гаройишҳои самтиву худмоние, ки ин нашрия доштаву дорад, яке аз расонаҳои муътабари Тоҷикистон аст. Ягона нашрияе, ки воқеан расона шуд ва ба сатҳи як мактаб расид. Расонае, ки ҳам аз нигоҳи рӯзноманигории ҳирфаӣ ва ҳам аз нигоҳи мудирият (менеҷмент) дар фазои расонаии Тоҷикистон муназзамтарин аст. Расонае, ки дар тайи ин ҳама сол тавониста барои худ бозор, мухотаб ва ҷуғрофиё бисозад. Нашрияе, ки муҳосиботаш ҷайби сармуҳаррираш нест. Ягона расонаест дар Тоҷикистон, ки ба маънои томи вожа посухгӯст (албатта бо дар назар гирифтани муҳит ва фазои мавҷуд дар Тоҷикистон). Расонае дар Тоҷикистони ин шабу рӯз, ки ба усулитарин арзишҳои рӯзноманигорӣ, ҳирфаӣ ва башарӣ содиқ монда, ҳарчанд мисли нашрияҳои дигар муддаи сиёсӣ (тарафи муборизаи сиёсӣ) ва тағйироти иҷтимоӣ набуд, балки ҳамеша як тарҳи тиҷоратӣ будааст. Тиҷорати расонаие, ки ҳам ин нашрия мекунад, ба назари ман одилона ва ошкоро асту алорағми расонаҳои дигар арзишҳои ҳирфаиро ба муомила нагузоштааст! Ҷойгоҳи ин нашрия дар таърихи матбуоти тоҷик бисёр муҳтарам хоҳад буд, хусусан, баъди самтгирии шармоваре, ки матбуоти тоҷик сӯйи он равон аст. “Азия-Плюс” дар ин шабу рӯз ягона расонаест, ки дар маҳофили рӯзноманигории берун аз кишвар метавон бидуни шарм ҳам гуфт, ки мо низ расона дорем! Ин нашрияро мешавад сутуни росихи рӯзноманигории ҷиддӣ дар Тоҷикистон номид. Зер ҳам дар замоне, ки рӯйи кор омад, як расонаи босифати Тоҷикистон гардид ва ҳам баъдҳо ба рушду ниҳодина шудани рӯзноманигории босифат дар кишвари мо хидмат кард. Ба далели русӣ будан ин нашрия камтар тавонист ба матбуоти тоҷикзабон (манзур нашрияҳое, ки дар замони рӯйи кор омаданаш буданд ва баъди таъсиси ин нашрия пайдову нопайдо шуданд) асаргузор шавад, вале агар як нашрияи тоҷикие бо ин сатҳу сифат медоштем, шояд матбуоти тоҷик мисли ҳозир дучори ин гуна сарафгандагӣ намешуд. Ҳарчанд ин расона бо забони русист ва ин вежагӣ имкон дода, ки дар давраҳои гуногун самту сӯгириҳо ва баҳрабардориҳои сиёсие ҳам аз он шавад, аммо ин шонсро ҳам дорад, ки расонаи милии Тоҷикистон бошад! Ҳоло мегӯям, ки ин нашрия сутунмуҳраи рӯзноманигории ҷиддӣ ва босифат дар Тоҷикистон аст! Ин санаро ба бунёдгузори муаддаб ва шоистаи нашрия – Умед Бобохонов ва ҳамайи онҳое, ки то ба ин сатҳ расидани “Азия-Плюс” содиқонаву имондорона заҳмат кашидаанд, табрик мегӯям. Роҳатон дароз ва пурифтихоратар бод! https://www.asiaplustj.info/tj/node/277623?fbclid=IwAR3iiqun9xZ93Hhk0_wz8bvVgn4_stB-iVbUQvuGAuy-eqN0zGxvPik3QAE

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима