САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад
     TJ RU EN
04:49 / 2024-11-29

САҲА аз Тоҷикистон хост, ба ҳама хабарнигорони Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад

Ҳарлем Дезир, намояндаи хоси Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз давлати Тоҷикистон хост, "ба тамом"-и хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Озодӣ иҷозаи кор бидиҳад. Ӯ гуфт, хабарнигорон бояд имкон дошта бошанд, ки "бе ҳеҷ гуна мамониат кор кунанд". Ҳарлем Дезир дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар саҳифааш дар "Твиттер" навишт. Ӯ барои он ба масъалаи хабарнигорони Радиои Озодӣ дахл кард, ки вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз додани аккредитатсияи яксола ба хабарнигорон ва дигар кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе худдорӣ мекунад. Вазорат чанд рӯз пештар ба 4 корманд ва хабарнигор барои 6-моҳӣ иҷозаи кор дод, ҳарчанд бар асоси қонун аккредитатсия барои 1 соли расо дода мешавад. Дар ҳоли ҳозир 7 хабарнигори Радиои Озодӣ мунтазири иҷозатномаи кор аз сӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳастанд. Ҷейми Флай, мудири Радиои Озодӣ рӯзи 21-уми январ дар номае ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷӣ навишт, ки ҳукумати Тоҷикистон ба аҳдаш дар бораи имкон додан ба фаъолияти бемамониати кормандони радио дар Тоҷикистон вафо накардааст ва "ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро барои эҳтиром ба матбуоти мустақил риоя намекунад". Нашрияи "Вашингтон Пост", Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон, амалкарди ҳукуматро беэҳтиромӣ ба озодии матбуот ва василае барои сензура номидаанд. https://www.ozodi.org/a/30394613.html

Инҳоро бояд шинохт

  • Акбари Саттор


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима