Нуриддин Саид аз вазорат барканор ва раиси Кумитаи телевизион шуд
Дар идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм аз мақомаш барканор шудааст. Дар ин бора аз дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Нуриддин Саид бар асоси як фармони президент аз ин мақом барканор шуд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, бо фармони дигари президент, Нуриддин Саид раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Маҳмадсаид Шоҳиёнро иваз кардааст.
Нуриддин Саид аз моҳи ноябри соли 2012 дар вазифаи Вазири маориф кор мекард. Ӯ 63 сол дошта, пеш аз ин ректори Донишгоҳи миллӣ ва ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ буд.
Номи Нуриддин Саид дар даврони роҳбариаш дар вазорати маориф бештар дар робита ба сару либоси ягона ва тарафдориаш аз ширкати донишҷӯён дар маршировка хабарсоз буд.
Аз ҷумла, Нуриддин Саид моҳи феврали соли гузашта дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз иштироки донишҷӯён дар
маршировка пуштибонӣ намуда ва гуфта буд, "агар бори дигар ҷавон шавам бо сари баланд рафта, иштирок мекунам".
https://www.ozodi.org/a/30394481.html
DPF
24.01.2020 15:03
140
Хабарҳо