27 январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 оғоз мегарданд
     TJ RU EN
02:49 / 2024-11-29

27 январ нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2019 оғоз мегарданд

27 январ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва  ташкилоту муассисаҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2019  оғоз мегарданд. Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имконият доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд. Масъулини вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ба рақамҳои 221-34-24, 888-08-34-04 занг зада, бояд вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj  эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд. Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 27  январ оғоз гардида, 14 феврал анҷом меёбанд. Ёдовар мешавем, ки  нишастҳои матбуотӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011  доир карда мешаванд. https://khovar.tj/2020/01/27-yanvar-nishast-oi-matbuotii-vazoratu-idora-oi-um-ur-oid-ba-ambasti-soli-2019-o-oz-megardand/?fbclid=IwAR3cm0m5_Aro1FJaLXcELe5vAyJpeNFcfjZZnCPuLGoSQrpqqsfLubumTpI

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима