Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор
     TJ RU EN
02:39 / 2024-11-29

Иҷозаи кор ба 4 корманди Радиои Озодӣ баъд аз муроҷиатҳои батакрор

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баъд аз муроҷиатҳо ва пойфишориҳои пайваста ба чаҳор хабарнигор ва корманди фаннии Радиои Озодӣ аккредитатсия ё иҷозаи кор дод. Ин дар ҳолест, ки бар асоси муқаррарот дар Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад. Мақомоти вазорат рӯзи 21-уми январ гуфтанд, Барот Юсуфӣ, Орзуи Карим, Абдуғанӣ Баротов ва Салоҳиддин Мирзоев то моҳи июни имсол ҳаққи кор кардан доранд. Ҳоло 7 корманди дигари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар аз ҳаққи кор маҳруманд. Раҳбарияти Радиои Озодӣ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ акредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 14-уми январ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии баён ва маҳрум кардани дастрасӣ аз манобеи хабарӣ танқид кард. Созмон дар гузорише навишт, "Радиои Озодӣ аз моҳи октябр зери фишори зиёд қарор гирифт." Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва пурхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо тақрибан 900 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад. https://www.ozodi.org/a/30388773.html?fbclid=IwAR3ikaQ03_9m6sqGj9JInSmhGY4epajMqTV6uwikTkkIU5ZRQaeWnrq4_AI

Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима