МЕХАНИЗМҲОИ БЕҲИНАСОЗИИ РАВОБИТИ ИТТИЛООТӢ-ИРТИБОТОТИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ВАО ВА ҶОМЕА
     TJ RU EN
02:42 / 2024-11-29

МЕХАНИЗМҲОИ БЕҲИНАСОЗИИ РАВОБИТИ ИТТИЛООТӢ-ИРТИБОТОТИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ БО ВАО ВА ҶОМЕА

Таъмини иттилоот бобати фаъолияти рўзмарраи ҳукумати маҳаллӣ, ҳамкориҳои иттилоотӣ–иртибототии он бо аҳолӣ, хизматрасонии иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар заминаи рушди мубодилаи иттилоотии оммавӣ, аз ҷумлаи вазифаҳои мушаххаси мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҳсуб мешаванд, ки сиѐсатии иттилоотии ин мақомотро муайян хоҳанд кард ва ин амалкард ба дӯши хадамоти матбуот, ѐ дигар ниҳоди пешбарандаи фаъолиятҳои робита бо ҷомеа вогузор аст. Мафҳумҳои “иттилоот” ва “иртиботот” бо ҳам робитаи қавӣ доранд. Иттилоот ҳамонест, ки дар ҷараѐни иртиботот интиқол мешавад. Дар луғатномаи русӣ дар бораи истилоҳоти хориҷӣ “иртиботот”- ро ҳамчун роҳи нақл ва шакли алоқа, ҳамчун намунаи муоширати байни ду нафар ва ѐ бештар одамон бар пояи ҳамдигарфаҳмӣ, чун пешниҳоди иттилоот аз яке ба дигаре ва ѐ ашхоси бештар тафсир шудааст. Иртибототи оммавӣ бошад, ҳамчун раванди пешниҳоди иттилоот бо истифода аз васоити техникӣ, яъне васоити иртибототи оммавӣ (матбуот, радио, телевизион ва ғайра) ба мухотабони аз рӯи миқдор бузургҳаҷм ном бурда мешавад (4;26). Истилоҳи “иртиботот” дар адабиѐти илмӣ дар оғози асри 20 пайдо шудааст. Назарияи ягонаи иртибототи оммавӣ бошад, ҳамоно дар заминаи ковиш ва пажуҳишҳо, равиш ва мавқеъгириҳои илмии олимону муҳаққиқони соҳаҳои улуми гуманитарӣ ва ҳам техникӣ ташаккул меѐбад. Яке аз поягузорони сотсиология дар ИМА Ч. Кули иртибототро механизми универсалии ҳамкориҳои иҷтимоӣ ном бурдааст: “иртиботот механизмест, ки бо истифода аз он мавҷудият ва рушди муносибатҳои одамон -тамоми рамзҳои тафаккур дар якҷоягӣ бо имкони нақл ва ҳифзи онҳо дар замони муайян, имконпазир мегардад. Ин механизм мимика, муколама, ишораҳо, садо, калимаҳо, хат, матбуот, роҳҳои оҳан, телеграф, телефон ва тамоми дастовардҳои охирини инсониятро дар мавриди тасарруфи фазо ва замон дар худ фаро гирифтааст” (3;350). Дар ин мақола мо ҳадаф гирифтаем, то ин масъала, яъне ҷанбаҳои мухталифи иртибототро аз рӯи равиши гуманитарӣ баррасӣ намоем ва дар ин замина мафҳуми иртиботот “ҳамчунин низомеро дар назар дорад, ки дар он ҳамкориҳо сурат мегиранд, инчунин зери ин мафҳум раванди ҳамкорӣ ва шеваҳои муошират пешбинӣ мешавад, ки ба таҳия, интиқол ва қабули иттилооти мухталиф имкон медиҳад”(6, 10). Бояд ба назар гирифт, ки дар бархурди кории байни ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ВАО ҳамеша зиддияти ошкору ниҳон вуҷуд дошту дорад ва чунин муносибат дар қолабҳои мухталиф арзи ҳастӣ мекунад. Ба ақидаи бештари коршиносон ва муҳаққиқон рақобати байни ВАО ва ҳукумат, ки акнун ба ҳукми анъана даромадааст, амрест воқеӣ ва бояд барои пешрафти ҷомеа мусоидат намояд. Аммо маҳз хадамоти матбуот, ки дар размгоҳи иттилоотӣ ба сифати довар ва мушовири беғараз хидмат менамояд, эҷоди фазои рақобати солимро ба дӯш дорад (4). Дар ҷараёни фаъолияти беш аз ҳафтсолаи муаллиф ба сифати роҳбари Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд низ ин нукта ба кормандони ҳам мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳам расонаҳои хабарӣ ба таври мушаххас гӯшзад шудааст. Яъне банда ба ин ақида аст, ки ниҳодҳои махсуси кор бо расонаҳои хабарии мақомоти давлатӣ дар ташкили бархурди дуҷониба аз як сӯй намояндаи дифоъи манфиатҳои мақомоти хеш дар назди ВАО, ва аз сӯи дигар чунин намояндаи дифоъ аз манфиатҳои ВАО дар назди мақомоти давлатӣ ба шумор мераванд. Бинобар ин набояд фаромуш кард, ки кормандони хадамоти матбуоти мақомоти давлатӣ дар баробари он, ки бобати беҳтар кардани имиҷи давлат дар назди ҷомеа ва журналистон сари андеша ҳастанд, ҳамзамон бояд бобати имиҷи ВАО ва журналистон дар назди мақомоти давлатӣ масъулияти баробару ҳамсон дошта бошанд. Танзими муносибати ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳасана аз вазифаҳои ҷонии ин ниҳод аст. Аммо натиҷаи баъзе аз пурсишҳои оммавии мо аз он далолат медиҳанд, ки иддае аз хабарнигорон мехоҳанд. нақши мусбии хадамоти матбуотиро зери суол гузоранд. Ба андешаи онҳо мавҷудияти хадамоти матбуот ба озодии баѐн латма ворид месозад ва ин ниҳоди робита бо расонаҳои хабарӣ ва ҷомеа гӯѐ маҳз ба хотири татбиқи сензураи иттилооти дохилӣ фаъолият мебарад. Бешубҳа ҳоло дар амалия дар баробари теъдоди зиѐди хадамоти матбуоти муваффақ, инчунин дар чунин ниҳодҳо ашхоси ноогоҳ аз касбият ҳам фаъолият мебаранд. Онҳоро аксаран журналистони вилояти Суғд шӯхиомез «чойрезаки раис» ном мебаранд ва онҳо наметавонанд дар татбиқи сиѐсати иттилоотиии дуруст дар мақомоти хеш ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд. Ҳоло фаъолиятҳои рӯзмарраи иттилотӣ – иртибототии хадамоти матбуот на танҳо корҳои ҷустуҷӯ, таҳлил, баҳодиҳӣ ва интишори иттилоотро, ки барои фаъолиятҳои идорӣ ва мудирияти ҳукумати маҳаллӣ заруранд, дар бар мегирад, балки тақозо мегардад, ки ингуна фаъолиятҳо доимо дар ҳоли рушд ва беҳинашавӣ қарор дошта бошанд. Ба назари мо дар шароити кунунӣ хадамоти матбуот, ѐ дигар ниҳодҳои пешбарандаи робита бо ҷомеа бо истифода аз ВАО ҳанӯз натавонистаанд, ки рисолати иҷтимоии худро ба пуррагӣ анҷом дода, иттилооти фарогирро ба ҷомеа пешкаш намоянд ва шароити мусоидро барои муколамаи созанда омода намоянд. Дар ин замина агар дар фаъолиятҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти робита бо ҷомеа ва ҳамкориҳои иттилоотӣ — иртибототӣ то андозае таҷрибаи хуб ва боиси дастгирӣ андӯхта шуда бошад ҳам, аммо чунин фаъолият дар аксари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз рӯи маводҳои дастрасшудаи матбуоти даврӣ ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф вазъият дар манотиқи дигари кишвар низ нигаронкунанда аст ва тақозо мегардад, ки равобити иттилоотӣ –иртибототи ҳукумати маҳаллии кишвар бояд дар сатҳи сифатан нав қарор гирад. Бешак, ин амр масъалаи беҳинасозии чунин равобит ва ҳамкориҳои иттилоотӣ – иртибототии миѐни мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолиро ба миѐн мегузорад. Муфассал: http://ilhomjamalian.com/mehanizmhoi-behinasozii-ravobiti-ittilooti-irtibototii-maqomoti-davlati-bo-vao-va-jomea/?fbclid=IwAR0OIWmbjJedvybG4cwYTVpl5k1XP7oAkCmrpgeTiNyipP1nKSwUP2ETSUs

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима