Нашрияи “Овози Самарқанд” сисола шуд
Толори барҳавои Донишгоҳи давлатии Самарқанд намуди идона касб карда буд ва меҳмононро яке аз паси дигар ба канор мепазируфт. Дастандаркорони ҷашнвораи “Овози Самарқанд” меҳмонҳоро бо таоруф ва илтифоти хуб хайрамақдам мегуфтанд. Мақомоти роҳбарии вилоят ва шаҳри Самарқанд, собиқадорони меҳнат, устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталиф, вакилони созмонҳо ва идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори умум оҳиста барои ширкат дар ин ҷашнвора гирди ҳам меомаданд ва нишастгоҳҳои толорро ишғол карданд.
Саҳнаи онро лавҳаи калони “Овози Самарқанд 30-сола шуд” ҷило мебахшид. Баробари ворид шудан ба ин толор нахуст таваҷҷӯҳи ҳар меҳмонро ин лавҳа ба худ ҷалб менамуд.
Сардабири рӯзномаи “Зарафшон” Фармон Тошев ҷашнвораро бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид ва сухани нахустинро ба ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов дод.
— Барои ҷамъи кормандони рӯзномаи “Овози Самарқанд” ва муштариёни сершумори он ҷашни 30-солагӣ муборак бод! Ин рӯзнома таҳти сарпарастии ҳокимияти вилоят ва Шӯрои намояндагони халқи вилоят интишор меёбад ва ба ҳайси яке аз нашрияҳои бонуфуз, чи дар вилоят ва чи дар саросари Ҷумҳурии Ӯзбекистон, шинохта шудааст. Ислоҳоте, ки алҳол бо сарварии Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев перомуни таъмини озодии сухан ва ахбор дар ҷомеа, ба ҳокимияти чаҳорум табдил додани воситаҳои ахбори омма пиёда мегарданд, беш аз пеш самараҳои худро намоиш медиҳанд, — гуфт Эркин Турдимов.
Вай афзуд, ки аз дастовардҳои солҳои охири ҳайати эҷодии рӯзнома ҳокимияти вилоят ва мардуми он хеле хурсанданд. Ҳокими вилояти Самарқанд тазаккур дод, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи “Овози Самарқанд” соли 2018 дар озмуни байналхалқӣ барои ҷоизаи XIII-и миллии “Қалами тиллоӣ” дар номинатсияи “Беҳтарин маводи журналистӣ дар матбуоти даврӣ” ширкат намуд ва сазовори ин ҷоизаи бонуфуз гардид.
Аз суҳбати ҳокими вилоят боз маълум шуд, ки ҳайати эҷодии рӯзнома китобҳои “Саодати дӯстӣ”, “Айнишиносӣ дар Самарқанд” ва ба муносибати 30-солагии таъсиси он маҷмӯаи “30 гуфтор аз 30 тор”-ро мунташир ва ба дасти муштариён расондааст.
Эркин Турдимов аз журналистон ва аҳли қалами вилоят даъват намуд, ки боз ҳам бештар барои рангинтару хоно шудани рӯзномаи “Овози Самарқанд” талош ба харҷ диҳанд ва теъдоди муштариёни онро ба ҳазорҳо нусха расонанд. Вай гуфт, ки ин рӯзнома шаъну шараф ва мояи ифтихори мардуми вилояти Самарқанд мебошад. Баъд Эркин Турдимов ба идораи “Овози Самарқанд” як адад телевизор тӯҳфа кард ва ба кормандони он комёбиҳо таманно намуд.
Қаҳрамони Ӯзбекистон, раиси шӯъбаи вилоятии Хазинаи иҷтимоии “Нуронӣ” Ҳасан Нормуродов дар минбар ба он нукта таваҷҷӯҳи аҳли ҷашнвораро ҷалб намуд, ки “Овози Самарқанд” дар оғози Истиқлоли ин кишвар ба майдони матбуот ворид гардидааст.
— Худи номи “Овози Самарқанд” дар қалби одамон меҳр бедор мекунад, барои ҳамин умри он хеле дароз хоҳад буд. Як замон фикр мекардам, ки дар солҳои бӯҳрони шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ рӯзнома ба арсаи нестӣ меравад, аммо “Овози Самарқанд” аз ин банд худро раҳо кард ва имрӯз устуворона ба пеш гом мезанад. Бояд журналистон нерӯи қаламро нишон диҳанд ва бо матолиби мутаассиркунанда ба дили муштариёни худ бештар роҳ ёбанд, — гуфт Ҳасан Нормуродов.
Дар ҷараёни ҷашнвора номаи табрикии раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Саъдуло Ҳакимов ба ҳозирон қироат гардид. Тибқи он рӯзномаи “Овози Самарқанд” дар фазои медиаи замони муосир мавқеи хубро соҳиб аст ва ҳамчун майдони таҷрибаи хабарнигорӣ фаъолият менамояд. Чанд хабарнигорони он “Журналистони фаъоли сол” эълон шудаанд. Рӯзнома дар мустаҳкам шудани дӯстии байни халқҳо низ нақши муассир мебозад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, корманди СТВ-и Самарқанд Шаҳлобону Аҳророва, сардабири рӯзномаи “Овои тоҷик” Шерпӯлод Вакилов, журналист Фароғат Шокирова бо беҳтарин таманниёти идона кормандони рӯзномаро муборакбод гуфтанд.
Баъд як гурӯҳ фидоиёни “Овози Самарқанд”, ки гуфта мешавад, дар ҷодаи афзоиш ёфтани теъдоди муштариён, чопи матлабҳои беҳтарин, ҳамкории ҳамешагӣ бо ҳайати эҷодии рӯзнома, муштариёни доимӣ ва амсоли он бо ҷоизаи рӯзнома, яъне тандисҳои шишагини махсуси ҷашнвораӣ сарфароз гардиданд.
Сардабири “Овози Самарқанд” доктори улуми фалсафа Баҳодур Раҳмонов ба меҳмонон барои ташриф дар ин рӯзи шодиву нишот самимона ибрози сипос кард. Вай гуфт, ки бо тамоми нерӯ кори онҳоеро давом хоҳанд дод, ки 30 сол муқаддам ин нашрияро таъсис додаанд ва интизориҳои деринаи мардуми Самарқандро бароварда сохтаанд.
— Сӣ сол дар тақвим фурсати чандон кӯтоҳ нест. Дар ин сӣ соли пур аз шебу фароз, шодию ғам, бурду бохтҳо кормандони рӯзнома ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки овозаи “Овози Самарқанд” дар фазои ҷумҳурӣ ва берун аз он доман фарох кунад ва дар радифи нашрияҳои пешгоми кишвар ҷавлон занад. Ба ҳамаи ин ҳадафҳо танҳо дар он сурат ноил хоҳем шуд, ки ҳайати эҷодиву фаннӣӣ рӯзнома аз як гиребон сар барорему иттиҳоди мустаҳкам бандем, ба кор дилсӯзона ва бо ғамхорӣ муносибат кунем, — гуфт ӯ.
Бино ба таъкиди сардабир рӯзномаи онҳо чун оинаи ҷамъият, ҳамрозу дамсози мардум фаъолият мекунад. Он дар баррасиву ҳалли мушкилот, бартарафсозии камбудиҳои ҷомеа ва инъикоси дастовардҳои меҳнаткашони вилоят пайваста мекӯшад.
Гуфта шуд, ки қаламкашони шинохта ва варзидаву боистеъдоди самарқандӣ, аз зумраи Ҳазрат Сабоҳӣ, Адаш Истад, Хурсанд Ҷумъаев, Мирсафо Камолӣ, Шавкат Баҳромов, Зоҳир Ҳасанзода, Тошқул Азимов, Бахтиёри Ҷумъа, Раҳматулло Шарифзода, Ӯктами Иброҳим ва дигарон ҳамеша азму ҷазм мекарданд, ки матолиби ҳар як шумораи он нисбат ба пештара беҳтару ҷаззоб барояд ва мавриди писанди муштариён қйарор гирад.
— Рӯзнома он вақт бештар писанди муштариён мегардад, ки ба воситаи маводи худ аз дарду доғ ва сӯзу рози онҳо гӯяд, намунаҳои беҳтарини аҳли қаламро барояшон пешкаш кунад. Ба манзури идомаи касбу кор ва нашри рӯзнома мо “Мактаби эҷодкорони ҷавон”-ро таъсис додаем ва онҳое ба ин мактаб ҷалб гардиаанд, ки ба кори рӯзноманигорӣ шавқу рағбат доранд, дар оянда ҳаёти худро ба ҳамин соҳа бахшиданианд, — гуфт Баҳодур Раҳмонов.
Зимнан ишора гардид, ки сармуҳарирони собиқи “Овози Самарқанд” Нор Остонзода, Шавкат Баҳромов ва олими адабиётшунос Ғафурҷон Маҳмудов дар беҳсозии вазъи иқтисодии рӯзнома ва мувофиқи завқи муштариён интишор ёфтани маводу матолиби он заҳматҳои зиёд ба харҷ додаанд.
Ногуфта намонад, ки шумораи хосу идонаи “Овози Самарқанд” ба иштирокчиёни ҷашнвора тақдим гардид. Дар саҳифаи он гуфтаҳои Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов роҷеъ ба “Овози Самарқанд” нашр шудааст. Бино ба навиштаи ӯ рӯзномаи мазкур пулест байни ду халқи бародари тоҷику ӯзбек. “Овози Самарқанд» ба мардуми тоҷикзабони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ғизои маънавӣ мебахшад, дили онҳоро аз шӯълаи хирад мунаввар месозад.
Ҳамчунин дар саҳифаҳои он табрикоту таманниёти Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор ва Фарзона, шоира Латофат Кенҷаева, профессор Санъат Муҳаммадиев, олими тоҷик Анзурати Маликзод, сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одили Нозир, сенатор Гавҳар Алимова, шоир Нормурод Каримзода, ровии барномаи “Рангинкамон”-и садову симои Ӯзбекистон Шарофат Эрматова, устодони донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов ва Дилшоди Фарҳодзод ва як гурӯҳ аҳли адабу фарҳанг ва намояндагони касбу кори гуногун ба нашр расидаанд.
Аз ҷумла, Фарзона ин шеъри худро маҳз ба ҳамин ҷашнвора бахшидааст, ки овардани онро дар ин репортаж ҷоиз донистам:
Зангӯла занад нав ба нав “Овози Самарқанд”,
Овози дилу ҷони ҷаҳонсози Самарқанд.
Эй оинаи рӯйнамо, рознамоӣ,
Ҳамрӯзи Самарқандиву ҳамрози Самарқанд.
Дилро чу кабӯтар бифиристам, ки бичархад,
Дар қасри манорони сарафрози Самарқанд.
Оре, дили ман буду зи ишқи ту шуъо ёфт,
Себе, ки ниҳодам ба кафи бози Самарқанд.
Савганд, ки мо низ талабгори висолем,
Ҷонбохтаи нодираэъҷози Самарқанд.
Бо фазли Худо боз ҳам имрӯзу ҳама рӯз,
Фарҳангу адаб бод сарандози Самарқанд.
Бигзор, ки чун муждаи бедории дилҳо,
Зангӯла занад нав ба нав “Овози Самарқанд”!
Бо анҷоми маросими расмии ҷашнвора меҳмонон аз осорхонаи “Хонаи матбуот” боздид карданд. Маълум шуд, ки он соли 2010 дар яке аз хонаҳои васеи ин бино, ки идораи рӯзномаҳои вилоятӣ он ҷо қарор доранд, бо саъй ва эҳтимоми ҳайати эҷодии ин рӯзномаҳо ва бахши вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ташкил шудааст. Воқеъан, ашёи осорхона хеле зиёд буда, онро ҳамчун бозтобдиҳандаи ҳодисаҳои марбут ба таъсиси рӯзномаҳои “Овози Самарқанд”, “Зарафшон”, “Самаркандский вестник” барои меҳмонон арзёбӣ мекарданд.
Ин ҷо низ гӯшаи аксҳо журналистони пешоҳанги вилоятро муаррифӣ менамуд. Дар лавҳаҳо мукофотҳои солҳои замони истиқлол ва амсоли он гирдоварӣ шуда буданд, ки метавонистанд барои меҳмонони осорхона хеле ҷолиб бошанд. Дастгоҳҳои гуногуни чопкунандаи рӯзномаҳо барои давраҳои начандон пеш низ аз ашёе маҳсуб меёфтанд, ки дар ин осорхона гузошта шудаанд.
Баъди суҳбатҳои самимӣ дар атрофи дастурхони пурнозу неъмат маросими марҳилаи навбатии ҷашнвора ба поён расид ва меҳмонон ба чаҳор тараф пароканда шуданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори хоси “Фараж”,
Тошканд-Самарқанд-Тошканд
http://faraj.tj/habari-ruz/nashrijai-ovozi-samarqand-sisola-shud-aks/
DPF
16.01.2020 13:32
305
Хабарҳо