Рӯзноманигори маъруфи қирғиз латтукӯб шуданашро таҳқиқ мекунад
Сармуҳаррири сомонаи FactCheck.kg Болот Темиров, ки ахиран аз сӯи афроди номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт, гуфт, мехоҳад дар робита ба ҳамлагарон таҳқиқоти рӯзноманигориеро анҷом диҳад.
Ӯ афзуд, ки ба воқеъбинона анҷом шудани тафтишот бовар надорад. "Мо бо ҳамкорон тасмим гирифтем, ки таҳқиқоти рӯзноманигориеро анҷом диҳем. Бинобар ин, аз шоҳидони ҳодиса ва корхонаҳое, ки дар онҷо ҷойгиранду дурбинҳои назоратӣ насб кардаанд, хоҳиш мекунам, ба мо наворҳоро бидиҳанд ва дар ин таҳқиқот кумак кунанд",-изҳор дошт вай.
Болот Темиров 9-уми январ, дар назди коргоҳи FactCheck.kg дар маркази шаҳри Бишкек мавриди ҳамла қарор гирифт. Идораи сомона хабар дод, ки се марди ношинос ба рӯзноманигор ҳамла ва телефони ӯро рабуданд.
Гуфта мешавад, мардҳое, ки Болот Темировро латту кӯб карданд, дар рӯзҳои охир дар наздикии идораи Factcheck.kg дида шудаанд. Моҳи декабри соли 2019 сомонаи Factcheck.kg баъди нашри таҳқиқоти рӯзноманигорие мавриди ҳамлаи ҳаккерӣ қарор гирифт.
https://www.ozodi.org/a/30375779.html
DPF
14.01.2020 12:14
140
Хабарҳо