Аудиторияи сомонаро чӣ тавр метавон ду баробар афзуд
Матнро чи тавр бояд навишт?
Рӯзноманигорон матнҳои зебое навишта метавонанд, аммо агар ҳангоми нашр нодуруст қолаббандӣ шаванд, дар гумон аст, ки хонанда онҳоро бинад. Оптимизатсияи матн -SEO чӣ маъно дорад? Ин матнест, ки мувофиқи қоидаҳои мошинаҳои ҷустуҷӯгар таҳия шудааст. Калимаҳои калидӣ дар он навишта мешаванд, сохтор ва меъёрҳои сифат риоя карда мешаванд. Оддӣ карда гӯед, шумо дар бораи сифати матн фаромӯш накарда, онро тавре менависед, ки он аз ҷониби системаҳои ҷустуҷӯӣ хонда шавад. Нигоҳ доштани сифати матн хеле муҳим аст, зеро чанд сол қабл дохил кардани калимаҳои калидӣ кофӣ буд, ки системаҳои ҷустуҷӯӣ матни шуморо бубинанд, аммо алҳол тавре танзим карда шудаанд, ки танҳо ба матнҳои баландсифат диққат медиҳанд.
Барои фаҳмидани он, ки оё системаҳои ҷустуҷӯ матнҳои шуморо мебинанд ё на, шумо бояд ҳамеша бо худ афзорҳо – ҳисобкунакҳои воридшавиҳо ба сомонатонро дошта бошед, то тафтиш кунед, ки кадом мавод муваффақ аст ва кадом на. Ана, он афзорҳое, ки ба шумо лозиманд:
Yandex Metrics ва Google Analytics. Онҳо фарқиятҳо доранд, бинобар ин ба шумо ба ҳардуяшон дастрасӣ доштан лозим аст.
Webmaster.yandex.ru -барои фаҳмидани он мусоидат мекунад, ки сомонаатонро корбарон то чӣ андоза ба осонӣ пайдо мекунанд. Ин хидматрасонҳо афзорҳоеро барои пайгирӣ ва таҳлили индексатсияи саҳифаҳои сомона, мавқеи онҳо ҳангоми ҷустуҷӯ ва ҳолати техникашон пешкаш мекунанд.
Similarweb.com – барои таҳлили вебсомонаҳои рақибон аст ва моҳе як маротиба тамошо кардани он кифоя аст. Он оморро ҷамъ меоварад, вебсомонаи шумо ва вебсомонаҳои рақибонро таҳлил мекунад ва дар санаи 6-уми ҳар моҳ маълумот пешниҳод мекунад.
Search Console – таҳлили нишондиҳандаҳои ҷустуҷӯ дар Google аст ва шумо бояд ҳар рӯз ба он муроҷиат кунед. Ба шумо имкон медиҳад, ки дархостҳо ва натиҷаҳои ҷустуҷӯро пайгирӣ кунед; .
Wordstat.yandex.ru – барои интихоби калимаву ибораҳои калидӣ аст;
Google Trends.
Google шуморо чӣ гуна муаррифӣ мекунад?
Ду сол қабл Google хидматрасонии Google Discover-ро роҳандозӣ намуд, ки трафикро то 50% дар ҳама сомонаҳои хабарӣ ва ҳатто дар сомонаҳои расонаҳо меафзояд.. Масалан, агар шумо ба нишондиҳандаҳои вебсомонаи Азия Плюс дар се моҳи охир нигаред, 350,000 дархости ҷустуҷӯ ба сомона омадааст, аммо мутобиқ ба тавсияҳои Гугл тахминан 1.7 миллион.
Google Discover:
Муҳтаворо нишон медиҳад, ҳатто агар корбар дар сатри ҷустуҷӯ дархост надода бошад ҳам.
То ба ҳадди имкон шуморо мушаххас мекунад.
Дар асоси шавқу рағбати шумост.
Ё дар асоси охирин дархостҳои ҷустуҷӯи шумо.
Роҳи ба Google Discover дохил шудан кадом аст?
Сомона бояд аз ҷониби Google индексатсия карда шавад;
Муҳтавои сомона бояд ба меъёрҳои хабарсозӣ мувофиқ бошад;
Дархостҳои ҷустуҷӯ ва манфиатҳои хонандагонро бояд ба назар гирифт.
Фавран чиро фаҳмидан лозим аст?
Шумо бояд фаҳмед, ки ибораи калидӣ чист? Он иборат аз якчанд калима аст, ки тавассути онҳо саҳифа дар сомона оптимизатсия карда мешавад. Барои баланд бардоштани сатҳи муносибати корбарон ва беҳтар кардани натиҷаҳои ҷустуҷӯ, соҳибони сомонаҳо калимаҳои калидиро тавре истифода мебаранд, ки онҳо ба дархости ҷустуҷӯ комилан мувофиқат кунанд ва манфиатҳои корбарро қонеъ кунанд
.
Ба корбаронон ва системаҳои ҷустуҷӯӣ чӣ писанд аст?
Вақте шумо сарлавҳаро бо дархости ҷустуҷӯ оғоз мекунед, масалан “Панҷ сабаби асосии”. Дар омади гап, шумораи тоқ дар чунин сарлавҳаҳо “харидори” бештар доранд.
Сарлавҳа набояд аз 72 аломат зиёд бошад. Сарлавҳаҳои дароз хуб индексатсия намешаванд ва онҳо бояд дар дастгоҳҳои мобилӣ хуб хонда шаванд.
Матни тавсифот набояд аз165 аломат зиёдтар бошанд, то дар сниппит биғунҷад Ин лиди мавзуи шумост.
Истифодаи URL-ҳои кӯтоҳ ва осонхон, ки дархости ҷустуҷӯро дар бар мегиранд, масалан, mir.tj/дархости ҷустор.
Матнро аз сарлавҳа дар теги H1 ҷойгир кунед (ин барои барномасозон аст).
Дар бораи навиштани матн бо шрифти ғафс фаромӯш кунед, ҳама бояд дар тегҳо (барчаспҳо) гузошта шаванд.
Суратҳо, видеоҳо ва диаграммаҳоро истифода баред, онҳо вақти тамошои саҳифаро зиёд мекунанд ва яке аз омилҳои муҳимтарини раддабандӣ ҳастанд.
Калимаи калидро як маротиба дар сарлавҳаи H2 ё H3 ҷойгир кунед.
Калимаи асосии калимаро 1 маротиба дар 100 калимаи истифода кунед.
Ба қадри имкон, пайвандҳо (линк)ро истифода баред. Мақолаҳо бо пайвандҳои берунӣ ба саҳифаҳои дахлдор дар Google, назар ба сафҳаҳое, ки истинодҳои берунӣ надоранд, беҳтар раддабандӣ мешаванд.
Дар мақолаи худ 2-3 линки дохилиро ба матнҳои мувофиқ, ки қаблан навишта шуда буданд, илова кунед.
Суръати вуруд ба вебсомонаро афзоиш диҳед. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамон бори дуюм ба сомонае ворид намешаванд, ки вурудшави ба он бештар аз 4 сония тӯл мекашад. Он ҳамчунин даст кашидан аз истифодабариро зиёд мекунад.
Google дар ин маврид хеле ҷиддӣ аст.
Дар матнҳо калимаҳои калидии ба ҳам алоқамандро истифода баред, шарт нест ки синоним бошанд, муҳим он аст ба мавзуи мақола рабт дошта бошанд. Масалан, мо дар Азия плюс дар бораи таъомҳои ғалладонагии Тоҷикистон навиштем ва калимаҳои калидиро дар сарлавҳа ва зерсарлавҳаҳо ҷойгир намуда, дар фосилаи вақти воқеӣ мушоҳида намудем, ки чи тавр трафик ба ин мақола меафзояд. Шумораи боздидҳо дар пеши чашмонамон меафзуд ва он мақола ба шумули 5-топ матлаби бештар дидашуда ворид шуд.
Тасвирҳоро оптимизатсия кунед. Номи файли тасвирҳо ва тегҳои alt бояд аз дархости ҷустори асосӣ иборат бошанд.
Аз ҳад зиёд кутоҳ ва аз ҳад зиёд дароз нанависед. Матнҳои кутоҳ ҳам ба мушкилӣ ташхис мешаванд. Метрикаҳои Яндекс барои мушоҳидаи он, ки матолиб то охир хонда мешаванд ё на, имконият медиҳад.
Матнҳо бояд ба хонанда равона бошанд, маълумоти муфид пешниҳод кунанд ва ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳанд.
Дар бораи дархостҳо фикр накунед, балки кӯшиш кунед, ки ба хонандагон писанд бошед. Ҳангоми навиштани матн аввал дар бораи он фикр кунед, ки барои аудитори чӣ ҷолиб аст ва баъд онро ба тартиб оваред. Дар акси ҳол, Google шуморо спам мешуморад ва агар шумо зери таҳримот қарор гиред, аз онҳо хориҷ шудан хеле душвор аст.
Бо ҳарфи“Ҷ “ва дигар ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ чӣ бояд кард?
Калимаҳои калидии худро муайян кунед, масалан, Tojikiston;
meta name=”keywords” content – Точикистон”-ро илова намоед.
86% корбарон “Точикистон” меҷуянд, на “Тоҷикистон”.
Аз ҳама муҳимаш созгор намудани сомона дар системаҳои ҷустуҷӯ аст.
Сомонаатонро ба Google News https://news.google.com/publisher ва
Yandex News https://yandex.ru/support/news/feed.html илова кунед.
Алҳол илова кардани ахбори худ ба Google душвор нест, зеро ширкат дархостро дар давоми як рӯз баррасӣ мекунад.
Ворид шудан ба Яндекс-News мушкилтар аст, яъне шумо бояд бастаи ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ карда, тавассути почта бифиристед, то онҳо дар системаи ҷустуҷӯии худ дохил намоянд.
https://newreporter.org/tj/2020/01/13/auditoriyai-somonaro-chi-tavr-metavon-du-barobar-afzud/?fbclid=IwAR0aEL8uH7YO76DWqygvRhRtcwjCcpgj0KCxr7rjKwrQ9mdmBfbvrTpjVKA
DPF
13.01.2020 19:07
237
Хабарҳо