Мавҷи радиои "KAND-FM" дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои атроф дастрас буда, он бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол карда шуд.
Дар шаҳри Конибодом нахустин радиои хусусӣ ба фаъолият оғоз кард, гузориш медиҳад дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Дар ин бора рӯзноманигорони маҳаллӣ низ гузориш додаанд.
Гуфта мешавад, радиои хусусӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Абдумалик Қодиров таъсис ёфта, ҳайати эҷодӣ ва техникии онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Тибқи иттилои муассисон мавҷи радиои "KAND-FM" дар ҳудуди шаҳр ва минтақаҳои атроф дастрас буда, он бо мақсади пурра намудани фазои иттилоотӣ фаъол карда шуд.
Ҳайати эҷодӣ ва техникии "KAND-FM" ният доранд, ки бо таҳияву пешниҳоди барнома ва гуфторҳои ҷолиб шунавандагони хешро хушнуд созанд.
https://sputnik-tj.com/culture/20200113/1030529827/konibodom-radio-sohibkor.html