Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад
     TJ RU EN
10:46 / 2024-11-29

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

Се созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Далер Шарифов, хабарнигори мустақили тоҷикро, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд, фавран аз зиндон раҳо кунад. Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад. Хабарнигори 31-соларо рӯзи 28-уми январ дастгир карданд ва ӯро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳ медоранд. Мақомоти интизомӣ ӯро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ” муттаҳам мекунанд. Иттиҳомоте, ки вакили дифоъ ва хешовандонаш беасос номидаанд. Дар баёнияи ҳомиёни ҳуқуқ омадааст, Далер Шарифов, ки зуд-зуд масоили баҳсбарангез, ба мисли ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи мазҳабиро инъикос ва ҳукуматро барои сиёсатҳояш дар арсаҳо танқид мекард, зоҳиран барои ҳамин фаъолиятҳояш ба ҷиноят муттаҳам шудааст. Бёрн Энгесланд, мудири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки дар ин баёния гуфтааст: “Тоҷикистон дар авҷи як бӯҳрони ҳуқуқи инсон аст. Дар инҷо мақомот тамоми мухолифон ва дигарандешонро нафасгир кардааст ва Далер Шарифов, яке аз хабарнигорони мустақили ангуштшумор дар дохили кишвар аст. Иттиҳомот ба зидди ӯ баёнгари беэҳтиромӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон аст.” Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов дар 6 соли гузашта "200 матлабу мақолаи дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" нашр кардааст, ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ.. равона шудаанд." Аммо вакили дифоаш ва ҳамсараш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Далер Шарифов ҳеҷ гуноҳе накардааст ва иддаоҳо асосе надоранд. Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб вазъи ҳуқуқи инсон, мурооти ҳаққи мардум ба озодии баён бадтар шуд, мухолифонро саркӯб карданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт. Дар идомаи баёния омадааст, “Дар Тоҷикистон анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ ва ё нашри гузоришҳо дар бораи масоиле, ки мақомот “ҳассос” мешуморанд, тақрибан номумкин шудааст, чун амнияти хабарнигор ва хешовандони ӯ зери хатар мемонад.” Дар ин баёния Бриҷит Дюфур, мудири созмони Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Далер Шарифовро фавран озод кунад. Ӯ гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, амнияти Далер Шарифовро кафолат бидиҳад, тамоми иттиҳомот ба зидди ӯро беэътибор ва худашро фавран раҳо кунад. Онҳо бояд замонат бидиҳанд, ки ӯ аз ҳаққи худ барои озодии баён истифода барад.” https://www.ozodi.org/a/30429174.html

Тақвим

<< < Декабрь 2019 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          
 
Пайвандҳои лозима