Бахтиёр Ҳамдамов: Фаъолияти Шӯрои ВАО барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ муҳим аст
     TJ RU EN
10:20 / 2024-12-20

Бахтиёр Ҳамдамов: Фаъолияти Шӯрои ВАО барои ҷомеаи рӯзноманигорӣ муҳим аст

Суҳбат бо раиси Шӯрои ВАО - и Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Ҳамдамов.  - Шумо бори аввал ҳамчун сармуҳаррири нашрияи ҳизби ҳоким раиси Шӯрои ВАО интихоб шудед, то куҷо имкон доред ба баҳсҳои гуногуни доираи журналистӣ воқеъбинона назар намоед? Ба назари Шумо рисолати аслии Шӯрои ВАО дар чист? - Ба ҳайси раиси Шӯрои ВАО ман интихоб шудам. Агарчи баъди ҷаласаи Шӯро маҷлиси раёсат маро пешниҳод карданду ман хостам, ки як нафар алтернатива низ бояд бошад, вале чун якдилона маро  интихоб карданд, ҳамин хел зарурат пеш омад, ки ман вазифаро қабул кунам. Зеро ман худро берун аз ҷомеаи журналистии Тоҷикистон тасаввур карда наметавонам. Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон якранг нест. Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ин ақида, андеша ва назарҳои гуногунро фаро мегирад. Аммо муҳим ин аст, ки принсипи асосии журналистони тоҷик бояд, қабл аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ бошад. Чун дар дилхоҳ ҷомеаи демократӣ агар мо назар андозем, вақте баҳсҳо дар доираҳои гуногун сар мезанад ва шояд ки баъзан матлабҳои интиқодӣ зиёдтар нашр мешаванд, дар он ҳолат ҳам журналистон ба хотири ислоҳи ҷомеа он чизҳоро менависанд. Новобаста аз он ки  ман дар кадом рӯзнома фаъолият мекунам, ба принсипҳои асосии ҷомеаи демократӣ арҷ мегузорам Мутаассифона имрӯз дар мо рӯзномаҳоро ба давлативу хусусӣ ҷудо мекунанд. Рӯзномаи давлатӣ гуфтан ин иштибоҳи маҳз аст, чун ҳама дар дохили як давлат ҳастем, новобаста аз он ки рӯзномаи хусусӣ, давлатӣ ё ҷамъиятӣ аст. Дурусттараш рӯзномаҳо ба дигар бахшҳо ҷудо мешаванд. Мо рӯзномаи ҳизбӣ ҳастем. Албатта, муассис вақте рӯзномаи худро таъсис медиҳад, мо мехоҳем намехоҳем бояд манфиатҳои муассисро ҳимоя кунем. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамин гуна ҳам ҳаст. Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми масъалаҳои ҷомеаро дар ҳафтаномаи худ инъикос намоем, аммо баробари ин  аз фаъолияти ҳизб низ гузоришҳо медиҳем. Масъулияти ВАО-и Тоқикистон, баъд аз оне, ки комилан узви раёсат гардидам, ман бо оинномаи Шӯро шинос шуда будам. Ин пеш аз ҳама риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ аз як тараф, аз тарафи дигар мусоидат ба рушди озодии баён мебошад. Ман фикр мекунам, ки фаъолияти Шӯрои ВАО-ро мо метавонем густурдатар ба роҳ монем. Ман як таҳқиқот ҳам анҷом додам, ки мо бештар ба чӣ ниёз дорем. Дар давраи роҳбарии Шаҳло Акобирова хеле корҳо анҷом дода шуданд. Қабл аз ин ҳам раисони Шӯро зина ба зина кӯшишҳо анҷом доданд, ки аз ҷониби Шӯро корҳои назаррас анҷом дода шаванд. Дар мавриди он ки то куҷо ман метавонам ба баҳсҳои доираи журналистӣ воқеъбинона назар намоям, гуфтаниям, ки новобаста аз он ки Шумо дар кадом вазифа фаъолият мекунед, бояд мавқеи худро дошта бошед. Баъзе принсипҳое ҳастанд, ки ман наметавонам аз онҳо гузашт кунам. Мо дар ҳафтаномаи “Минбари Халқ” баъзе масъалаҳои доғро нашр мекунем. Ҳамаи инҳо агар барои ислоҳи ҷомеа, давлат ва миллат равона шуда бошанд, барои ман хеле муҳим аст. Дигар ин ки назари онҳое, ки маро ба ин вазифа  пешниҳод ва дастгирӣ карданд, ҳамин буд, ки ақалан як қадам муносибатҳои ҳукумат ва ҷомеаи журналистон наздиктар шавад. - Ба назари Шумо чаро аъзои Шӯрои ВАО аз ҳисоби расонаҳои расмии давлатӣ каманд? Оё барои онҳо риояи меъёрҳои ахлоқи журналистӣ муҳим нест? - Дар муқоиса ба соли гузашта зиёд ҳастанд. Чанд нафар аз расонаҳои давлатӣ барои узви Шӯрои ВАО шудан муроҷиат карданд. Ман ҷонибдори онам, ки бештар онҳое ки дар расонаҳои давлатӣ фаъолият мекунанд, ба узвияти Шӯро ҷалб карда шаванд. Чунки рӯзномаҳои давлатиро бештар элита мутолиа мекунанд ва вақте рӯзноманигороне, ки дар расонаҳои давлатӣ кор мекунанду матлабҳои танқидӣ менависанд, ба манфиати ҷомеа мебуд. Мо кӯшиш мекунем, то аъзои Шӯрои ВАО аз ҳисоби расонаҳои давлатӣ боз бештар шаванд. - Баъзе коршиносон аз тақдири Шӯрои ВАО ибрози нигаронӣ доранд, ки шояд аз байн равад. Оё Шумо бо муассисон ва аъзои Шӯро ягон стратегияи рушди минбаъдаи созмонро доред? - Чанд сол пеш бисёриҳо ҳатто намедонистад, ки чунин як Шӯро вуҷуд дорад. Пас, чаро имрӯз вақте Шӯрои ВАО  ном пайдо кардаасту мардум муроҷиат мекунанд бояд баста шавад? Ба фикри ман ин бархурдҳо нодуруст ҳастанд. Аз кӣ раиси Шӯро буданаш ин масъалаҳо набояд вобастагӣ дошта бошад. Соли гузашта агар як шикоят ворид шуда бошад, имрӯз аллакай даҳҳо шикоят ворид шудааст. Ба андешаи ман баръакс фаъолияти  Шӯрои ВАО тақвият меёбад. - Созмон барои фаъолияти худ ниёз ба маблағ дорад, то кадом андоза худи расонаҳо дар баробари сарпарастону маблағгузорон барои пул додан омода ҳастанд? - Ин масъалаи хеле муҳим ва мушкил ҳам ҳаст. Мисли мо дар кишварҳои назди Балтик, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо чунин Шӯроҳо вуҷуд доранд, ки имкониятҳои хеле густурда ва васеътар доранд.  Онҳо тақрибан ба грант ниёз надоранд, чун ҳаққи узвияте, ки ҷамъ мекунанд, имконият медиҳад, то фаъолияти Шӯро ба таври густурда ба роҳ монда шавад. Ҳар созмоне, ки узви ин Шӯроҳо ҳаст, медонад, ки ба хотири манфиатҳои вай таъсис дода шудааст ва ба фаъолияти чунин Шӯро хушбин  ва медонад ки пуштибонаш аст. Мутаассифона дар мо аъзои Шӯро имкониятҳои хуби густурдае надоранд, ки пурра Шӯроро маблағгузорӣ намоянд. Шӯро маҷбур аст, ки ба баъзе  лоиҳаҳо ниёзманд бошад. Имрӯз ташкилотҳои байналмиллалӣ бо назардошти он ки фаъолияти Шӯро муассир бошаду ба ҷомеаи журналистӣ манфиати бештар расонида тавонад, баъзе кӯмакҳоро анҷом медиҳанд. Мо як созишнома бо САҲА дар бахши мониторинги рӯзномаҳое, ки дар узвияти Шӯро ҳастанд,  ба имзо расонидем. Баъди гузаронидани мониторинг мо мехоҳем як семинар бо роҳбарони расонаҳо баргузор намоем ва фаҳмонем, ки ин ба хотири танқиди расонаи онҳо нест, балки нишон додани маълумоти дақиқ доир ба меёрҳои ахлоқи журналистӣ аст. - Оё Шӯрои ВАО бо дигар созмонҳои журналистӣ аз ҷумла АМВАОМТ ва ИЖТ нақшаи ҳамкорӣ дорад? - То ин дам ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои журналистӣ кам ба назар мерасидааст. Мо мехоҳем, ки дар ҷаласаҳои шӯрои ВАО ҳатман намояндагони  ИЖТ, АМВАОМТ  ва дигар ташкилотҳои журналистро  даъват кунем. Бадтарин кор ин вақте ки мо пароканда ҳастем. Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад, Паркандагӣ аз нифоқ хезад. Ҳар қадаре, ки ҷомеаи журналистии Тоҷикистон пароканда бошад, ҳамон қадар ҷомеа зарар мебинад. Мо бояд дар ҳамкорӣ корамонро пеш барем. Ман ҳатман аз ҷониби худам кӯшиш мекунам, то ҳамкорӣ дар байни мо густурда гардад. Суҳбати Рухшона Ҳакимова  

Инҳоро бояд шинохт

  • Сайфуллоҳ Маҳкамов


  • Тақвим

    << < Декабрь 2019 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
                1
    2 3 4 5 6 7 8
    9 10 11 12 13 14 15
    16 17 18 19 20 21 22
    23 24 25 26 27 28 29
    30 31          
     
    Пайвандҳои лозима