Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.
Дар озмун шоирону адибон, журналистону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистӣ ва публитсистиву адабӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа ба ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ва шеърҳо то 30 байт қабул карда мешаванд. Озмун аз 15 июли соли 2019 то 15 майи соли 2020 идома ёфта, дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ду бахш ҷамъбаст мегардад.
1. Беҳтарин асари публитсистӣ дар бораи нақши истиқлолият дар ҳаёти мардуми тоҷик (мақола, очерк, лавҳа) Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ
2. Беҳтарин шеър дар васфи Тоҷикистон Барои ҷойи аввал – 5000 сомонӣ Барои ҷойи дуюм – 3000 сомонӣ Барои ҷойи сеюм – 1500 сомонӣ
http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=37774