Завқибек Саидаминӣ (Солеҳов), рӯзноманигори ҷавон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, довталаби курсии вакили порлумон шудааст.
Ӯ рӯзи 2-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафаш "шикастани тасаввурҳои шахшуда дар ҷомеа" ва "тағйирот дар сафи вакилон аст", ки аксаран ба хомӯшӣ ва бетарафӣ дар баробари мушкилоти мардум танқид мешаванд.
Баъзе афрод тасмими рӯзноманигорро шоистаи таҳсин хондаанд, бархеи дигар пешбарии номзадиро "бе мувофиқа бо боло" сарфи беҳудаи вақту пул донистаанд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор хоҳад шуд.
Завқибек Саидаминӣ, хабарнигори пешини нашрияи "Имрӯз News" ва телевизиони Тоҷикистон мехоҳад, аз ҳавзаи Файзобод вакили порлумон интихоб шавад. Ҳавзае, ки дар оғози солҳои 90-ум шоири маъруф Бозор Собир дар як интихоботи пурбаҳс аз номи мухолифин баранда шуда буд.
Вале баъд аз соли 2000-ум Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, бародараш Акоша Кабирӣ ва молики сомонаи "Тоҷнюз"-у ҳафтаномаи "Нигоҳ" Саймуддин Дӯстов номзад шуда, ба иттилои расмӣ, пирӯз нашудаанд. Худи онҳо интихоботро пур аз тақаллуб номида буданд.
Сарфи назар аз ҳамаи ин Завқибек Саидаминӣ бовар дорад, тақаллубҳои пешин дар интихоботи имсола такрор нахоҳанд ёфт: "Мехоҳам иштирок кунам ва бубинам, онҳо бо мо чӣ гуна рафтор мекунанд. Ҳоло соли 2015-ум нест, соли 2020 аст."
Ӯ илова кард, баъзеҳо ба худҷӯш будани тасмимаш пурра бовар надоранд, "вале дар асл дар паси ман ба ҷуз аз бародарони муҳоҷирам касе наистодааст ва бо роҳи худпешбарӣ мехоҳам барои курсии вакилӣ талош кунам."
"Дар як гузориши телевизонӣ дар Русия баъзеҳо раҳбари мухолифон Алексей Навалнийро одами ҳукумат медонистанд. Мегуфтанд, агар чунин нест, чаро ҳама гапро мегӯяд, вале боздошт намешавад ё мисли Немтсов кушта намешавад. Дар мо ҳам чунин аст. Нафаре, ки гапи ҳақро мегӯяд ва то зиндонӣ нашавад, мардум ба самимияти ӯ бовар намекунанд," -- афзуд рӯзноманигор.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: Завқибек Саидаминӣ бо кумаки бародарони муҳоҷираш вакил шуданист
Ин рӯзноманигор охири соли гузашта ба соҳибкорӣ рӯй овард ва мегӯяд, талош дорад ҳуҷҷатҳояшро барои сабти ном шудан ба масъулини ҳавзаи Файзобод пешниҳод кунад. Аммо мегӯяд, ба фарқ аз номзадҳои дигар барномаи пешазинтихоботӣ надорад ва ба мардум "ваъдаи калӯшу сохтани пулу роҳро" низ намедиҳад.
"Танҳо мехоҳам, дарди дили мардумро ба ҷойҳои зарурӣ расонам," – мегӯяд ӯ.
Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон то камтар аз се моҳи дигар, 1-уми март, баргузор мешавад. Ҳизбҳои сиёсӣ то ҳол номзадҳои худро аз ҳавзаҳои якмандатӣ эълон накардаанд ва фазои пешазинтихоботӣ низ гарм ба назар намерасад.
Ҳизби сотсиал-демократ мегӯяд, ҳоло маълум накардааст, ки дар интихобот иштирок кунад ё онро бойкот намояд. Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ номзадҳо бар асоси рӯйхати ҳизбиро эълон кардааст, аммо номзадҳояш аз ҳавзаҳои якмандатӣ маълум нест. Панҷ ҳизби дигар дар бораи номзадҳояшон чизе нагуфтаанд.
Ҳоло маълум нест, рақибони Завқибек Саидаминӣ дар ҳавзаи якмандатии Файзобод киҳо хоҳанд буд. Ҳамчунин дақиқ нест, номзадияш сабтином мешавад, ё не.
Мӯҳсини Зикрулло, як корбари Фейсбук, дар шарҳи эълони Завқибек Садаминӣ барои пешбарии номзадиаш навиштааст, "ҳамчун номзади собиқ маслиҳат медиҳам, ки вақт ва маблағи худро беҳуда сарф накунед".
Алим Шерзамонов, раиси пешини дафтари ҳизби сотсиал-демократ дар вилояти Бадахшон ва чанд дафъа довталаби курсии вакили порлумон, ки феълан дар Аврупо ба сар мебарад, гуфт: "Дар Тоҷикистон дифоъ аз овозҳое, ки ба тарафдорият медиҳанд, хеле сахт аст. Шароит барои таблиғот низ баробар нест. Пайдо кардани нозирон барои номзадҳои мустақил ҳам гарон аст, чун ҳеч кас намехоҳад дар муқобили тамоми ин мошинаи фишор биистад."
Мақомоти расмӣ мегӯянд, шароит барои пешбарӣ ва таблиғоти номзадҳо баробар аст ва интихоботҳо низ шаффоф мегузарад.
Мардуми Тоҷикистон дар панҷ сол як дафъа вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумонро интихоб мекунанд.
То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд. Баръакси созмонҳо ва кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин, ки ба ин интихоботҳои Тоҷикистон баҳои баланд дода, шаффоу демократӣ хондаанд.
https://www.ozodi.org/a/tajik-journalist-parliament-election/30357550.html