Додоҷони Атовулло авф шуд! Ӯ метавонад ба Ватан баргардад (видео)
     TJ RU EN
06:36 / 2024-11-16

Додоҷони Атовулло авф шуд! Ӯ метавонад ба Ватан баргардад (видео)

Додоҷони Атовулло, сармуҳаррири рӯзномаи “Чароғи рӯз”,роҳбари созмони “Ватандор” аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон авф шуд. Дигар ӯ  мавриди таъқиб ва ҷустуҷӯ қарор надорад. Дар ин бора ба сомонаи “Рressa.tj”аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. 

Бар маълумоти ин манбаъ, қарори авфи Додони Атовулло санаи 16 декабри соли равон  содир шуд. Худи авшуда дар суҳбати видеоӣ ба мо гуфт, ки аз авф шуданаш хабар надорад ва ин муждаро бори  аввал аз мо мешунавад.

“Ман барои ин хабар аз шумо қарздорам… Намедонам, дигарон чӣ андеша доранд, аммо ин хабар барои ман хеле ва хеле арзишманд аст, зеро банда дар ғурбат ҳамеша дар орзуи бозгашт ба Ватан ҳастам.”-гуфт Додоҷони Атовулло.

ВИДЕО: Додочон Атовулло авф шуд! "-Охирин орзуям ба ватан баргаштан аст" -мегӯяд ӯ.

Дар маълумотномае, ки Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гузошт, омадааст:

Атовуллоев Додоҷон санаи таваллудаш 02.03.1955 сол, зодаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2008-2014 зимни фаъолияти журналистӣ ҷиноятҳои гуногунро содир намудааст.

Аз ин рӯ, аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Атовуллоев Д. парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуда, ӯ аз соли 2008 дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

16-уми декабри соли 2019 Атовуллоев Д. дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ карда шуд.

Бинобар ин, Атовуллоев Д. аз рӯйхати шахсони дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта хориҷ карда шудааст.”

Тавре ки ба мо аз мақомоти Прокуратураи генералӣ гуфтанд, Атовуллоев  Додоҷон аз ин баъд комилан озод аст ва  метавонад озодона ба ҳар кишваре, ки мехоҳад сафар кунад ва аз рӯийхати онҳое, ки мавриди ҷустуҷӯ ва боздошт қарор доранд, хориҷ гаштааст.

Додоҷони Атовулло дар идомаи суҳбат бо хабарнигори сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-Pressa.tj дар мавриди он ки оё хоҳиши ба Ватан баргаштан дорад, чунин изҳор намуд:

“Ман иншооллоҳ ба Ватан бармегардам. Аммо наметавонам кай баргаштанамро мушаххас бигӯям, зеро авф шуданамро нав аз забони шумо шунидам. Дар ин бора ҳатман иттилоъ хоҳам дод”.

Авфи Додоҷони Атовулло дар ҳоле содир мешавад, ки соли оянда дар Тоҷикистон ду маъракаи муҳими сиёсӣ: Интихоботи парлумонӣ ва Президентӣ баргузор мешаванд.

Ба суоли мо дар мавриди мақеъгирии сиёсиаш Додоҷони Атовулло гуфт:“Вақти он аст, ки чӣ оппазитсия ва чӣ ҳукумат барои рушди Тоҷикистон, барои ободии рӯзгори мардум ва озодӣ мубориза барем, яъне девор насозем, балки пулҳои васл бунёд кунем”.

Сомонаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон”-Pressa.tj фавран тавассути Skype бо Додоҷони Атовулло иртибот гирифт ва суҳбати кутоҳе орост, ки дар шабакаи YouTube (Tajikistantimes) ва сомонаи Pressa.tj пешкаши хонандагон ва тамошибинон мегардад.

ДОДОҶОНИ АТОВУЛЛО КИСТ?

Додоҷони Атовулло  2 марти 1955 ба дунё омадааст. Охирҳои солҳои 1970 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст. Ӯ дар замони Шӯравӣ, солҳои 80 бо мақолаҳояш дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ» ва «Омӯзгор» шуҳрат ёфта, соли 1991 «Чароғи рӯз» — нахустин рӯзномаи хусусӣ дар Тоҷикистонро таъсис дод.

Додоҷон Атовуллоев аз поёни соли 1992 дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Ӯ то ибтидои солҳои 2000 дар Маскав кору зиндагӣ мекард, вале баъди чанд сӯиқасд ба ҷонаш ва чанд бор боздошт шуданаш бо дархости мақомоти Тоҷикистон ба Олмон паноҳанда шуд.

Нисбати Додоҷони Атовулло чандин парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд ва собиқ Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов дар як нишасти хабариаш ӯро «террористи иттилоотӣ» ном бурда буд.

Инак, санаи 16 декабри соли 2019 ӯ авф шуд ва ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ӯ қатъ шуданд.

https://tajikistantimes.com/tajikistan/dodo%d2%b7oni-atovullo-avf-shud-%d3%ae-metavonad-ba-vatan-bargardad-video/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима