Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро ҳабс кард
     TJ RU EN
09:31 / 2024-11-28

Қирғизистон ҳисоби бонкии Радиои Озодиро ҳабс кард

Хонаводаи Матраимовҳо 9 декабр барои ҳифзи обурӯй ва шарафи худ зидди бахши қирғизии Радиои Озодӣ, рӯзноманигор Алӣ Токтакунов, сомонаҳои 24.kg ва Kloop.kg ба додгоҳ шикоят бурданд. Додгоҳ рӯзи дигар ҳисобҳои бонкии расонаҳо, ҷамъан ҳудуди 859 ҳазор долларро ба ҳабс гирифт.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар якҷоягӣ бо Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop.kg қисмати дувуми таҳқиқоти рӯзноманигориро дар бораи ба хориҷ бурдани 700 миллион доллар аз Қирғизистон нашр карданд. Рӯзи 10 ноябр дар шаҳри Истамбули Туркия яке аз чеҳраҳои калидии таҳқиқоти рӯзноманигорӣ — тоҷири чинӣ Айэркен Саймаитӣ кушта шуд. Вай дар суҳбат бо рӯзноманигорон иқрор шуда буд, ки хонаводаи муовини пешини раиси Хадамоти гумрук Раимбек Матраимов дар фасодкорӣ даст дорад.

Матраимов дар навбати худ гуфт, дар интиқоли ғайриқонунии 700 миллион доллар аз Қирғизистон ба хориҷ даст надорад ва маълумоти рӯзноманигорон дар таҳқиқот дурӯғ аст. Ӯ афзуд, ки дар ин бора ба додгоҳ шикоят бурдааст. Ба гуфтаи Матраимов, ӯ барои ба додгоҳи байналмилалӣ кашидани Радиои Озодӣ омодагӣ мебинад.

https://tajikistantimes.com/politic/%d2%9air%d2%93iziston-%d2%b3isobi-bonkii-radioi-ozodiro-%d2%b3abs-kard/


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима