Таъсиси сохторҳои махсуси мубориза бо экстремизм дар Тоҷикистон
     TJ RU EN
10:40 / 2024-12-20

Таъсиси сохторҳои махсуси мубориза бо экстремизм дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз таъсиси ниҳодҳои махсуси мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла алайҳи таблиғи ҳаракатҳои мамнуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” дар таҳрири навро қабул кард, ки аз ҷониби мақомоти амнияти миллӣ, умури дохилӣ, адлия ва додситонии кул таҳия шудааст.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳа иттилоъ дод, ки дар ҳайати Прокуратураи генералии кишвар сохтори махсусгардонида - Раёсати муқовимат ба терроризм, экстремизм ва назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ ва бо мақсади муқовимат бо тарғиботи ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дар воситаҳои ахбори иҷтимоӣ шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис ёфт.

Ӯ татбиқи Стратегияи миллии муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020-ро зикр карда, илова намуд, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъо­лияти мақомоти тафтишот ва хизматҳои оперативӣ дар назди прокурори генералии Тоҷикистон ситоди ягона таъсис дода шуд.

“Ба зиммаи он вазифаи муайян кардану ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки шаҳрвандонро ба сафи “Давлати исломӣ” ҷалб ва ба минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳо, равон мекунанд, вогузор шуд”, - хабар дод нашрияи “Садои мардум” аз қавли Холмуҳаммадзода.

Ӯ таъкид намудааст, ки лоиҳаи нави қонун бо забони одиву оммафаҳм эҷод гардида, дар он аз ҷумла муайян шудааст, ки “экстремизм” - ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистӣ буда, барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгаройӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона шудааст. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки феълан бо қарорҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон 18 ташкилот – “Давлати исломӣ”, “Ҳаракати Толибон”, “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”), “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафӣ”, “Ал-Қоида”, “Ҷабҳат-ун – Нусра”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”, “Бародарони мусулмон”, “Лашкари тоиба”, “Гурӯҳи исломӣ” (“Ҷамоати исломии Покистон”), “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, “Гурӯҳи-24”, “Тоҷикистони озод”, “Созмони таб­лиғот” (Ҷамоати Таблиғ) ва “Шоҳидони Иеговы” экстремистӣ ва террористӣ эътироф гардида, фаъолияти ҳар яке аз онҳо дар Тоҷикистон қатъ карда шуд.

 https://sputnik-tj.com/defense_safety/20191130/1030315217/Tasisi-sokhtorhoi-makhsusi-muboriza-bo-ekstremizm-dar-Tojikiston.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима