Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро?
     TJ RU EN
04:56 / 2024-12-20

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомонаро баст. Кадом сомонаҳоро?

Додгоҳи олии Тоҷикистон 30 сомона ва саҳифаҳои марбут ба Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифин дар хориҷаро бастааст. Қарори додгоҳ рӯзи 12-уми ноябр нашр шуд ва рӯйхат аз саҳифаи "Бги дега" то "Озодандешон" ва "Кимиёи соадат"-ро дар бар мегирад. Мухолифон ба ин тасмими додгоҳ ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Бастани ин гурӯҳи сомонаҳои интернетӣ дар ҳолест, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр Паймони миллиро созмони террористиву экстремистӣ эътироф кард. Ба қавли мақомот, фаъолияти он дар қаламрави кишвар аз 15-уми августи имсол мамнуъст.

Масъулони Паймони миллии Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябри имсол дар баёнияи расмӣ ҳалномаи Додгоҳи олиро "ҳайратангез" ва "ғайриконститутсионӣ" хонданд. Онҳо гуфтанд, на танҳо ин имкон барояшон дода нашуд, ки бо вакили худ дар мурофиае, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунанд, балки "ҳатто пеш аз қабули ин қарор ҳеч хабаре дар бораи он надошт".

Додгоҳи олии Тоҷикистон то ба ҳол сабаби ифротӣ ва террористӣ эълон кардани паймонро шарҳ надодааст. Аммо дар гузашта мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон борҳо Паймони миллиро "ворис"-и ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ донистаанд, ки фаъолияташ аз соли 2015 боз мамнуъст.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад.

Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун тақрибан бист созмону ҷунбиш, аз ҷумла “Ҳизби Таҳрир”, “Ал-Қоида”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Толибон”, “Ҷамоаи Таблиғ”, “Тоҷикистони Озод”, “Салафия”, “Гуруҳи 24”, “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ут-нусра” ва “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”-ро ба ҳайси созмонҳои террористиву ифротӣ шинохтаанд. Даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ ва тарафдорӣ аз ин созмонҳо боздошту зиндонӣ шудаанд.

https://www.ozodi.org/a/30269831.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима