Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон
     TJ RU EN
04:13 / 2024-12-20

Чанд тақозо аз Макрон пеш аз мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон

Дар остонаи мулоқоти раиси ҷумҳури Фаронса бо Эмомалӣ Раҳмон, ду созмони муҳими дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии матбуот аз Эммануел Макрон хостанд, ки ба масъалаи саркӯбу ҳабси мунтақидон, шиканҷа, маҳдудияти озодии баён ва маргумири боздоштшудаҳо дар Тоҷикистон "чашм напӯшад". Қарор аст, мулоқот рӯзи 8-уми ноябр дар Париж баргузор шавад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми ноябр ба Швейтсария ва рӯзи 7-уми ноябр аз онҷо ба Фаронса рафт. Намояндагони мухолифини тоҷик, ки аз соли 2015 боз дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд, дар Швейтсария ва Фаронса ба зидди сафари президенти Тоҷикистон таҷаммуъ карданд.

Созмони Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 6-уми ноябр бо нашри номае гуфт, мутмаинан Эмомалӣ Раҳмон аз Фаронса пуштибонии сиёсӣ ва иқтисодиро дархост хоҳад кард. "Макрон бояд ба усули худ содиқ бошад ва раиси ҷумҳур Раҳмонро аз сиёсатҳои саркӯбгароёнааш огоҳ кунад. Макрон бояд раиси ҷумҳури Тоҷикистонро зери фишор қарор диҳад, то вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ва дигаронро, ки парвандаҳояшон аз тарафи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал баррасӣ шудааст, озод кунад; ба озору азияти мухолифин дар хориҷ поён диҳад ва маргумири зиёд дар боздоштгоҳу зиндонҳоро таҳқиқ кунад",-гуфт Филлип Дам, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Ин дар ҳолест, ки Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон, моҳи июли имсол дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Бузургмеҳр Ёров ва дигарон наметавонанд озод шаванд, "чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси қадом қонунҳои дигар".

Филлип Дам мегӯяд, "Эммануел Макрон набояд ин фурсатро аз даст диҳад ва ба Эмомалӣ Раҳмон фаҳмонад, ки равобити наздиктари Фаронса ва Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон ба хатми саркӯбҳо вобастааст."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 2002, дар замони раёсати Жак Ширак ба Фаронса рафта буд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ӯро яке аз раҳбарони дарозумр дар қудрат дар Осиёи Миёна дониста, ба саркӯби дигарандешон гунаҳкор кардааст. Чизе, ки мақомоти Тоҷикистон бо он розӣ нестанд. Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 аввал ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ва аз соли 1994 то кунун ба ҳайси президенти Тоҷикистон амал мекунад.

"Соли 2015 ҳукумат охирин ҳизби таҳаммулгарои мухолифро мамнуъ кард. Дар пайи муҳокимаҳое, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ набуд ва бо шиканҷа олуда буд, садҳо нафар фаъоли сиёсӣ ва рӯзноманигорон ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд. Ҳабси вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров ба муддати 28 сол ва ба ҷурми кӯшиши дифоъ аз мунтақидони мухолиф баёнгари стратегияи президент Раҳмон барои хомӯш кардани садои мухолифин аст. Ҳадди ақал 150 намояндаи мухолифин дар пушти милаҳои зиндон ҳастанд. Бисёре дигар чорае ба ҷуз аз тарки кишвар надоштанд", -омадааст дар номаи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнӯъ ва онро террористӣ унвон кард. Додгоҳ гуфт, аъзои ин ҳизб дар ташкили ба қавли мақомот ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 даст доранд. Раҳбарияти ҳизб дар хориҷа ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ба қавли масъулони созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар, онҳое, ки роҳи фирорро интихоб карданд, низ дар амон намонданд: "Дар баъзе маврид кишварҳо бо поймол кардани тааҳҳудоти марбут ба ҳуқуқи башар мунтақидонро ба зӯр ба Тоҷикистон баргардонданд. Дар баъзе маврид мунтақидон рабуда шуданд, то дубора дар зиндонҳои Тоҷикистон андохта шаванд." Ин созмон Тоҷикистонро ба суистифода аз Интерпол, пулиси байналмилалӣ ҳам айбдор кардааст.

"Шиканҷа дар боздоштгоҳҳо зиёд аст. Танҳо дар соли гузашта ва аввали имсол дар натиҷаи ошӯб дар ду зиндон ва эҳтимол хӯрдани ғизои заҳролуд дастикам 60 нафар кушта шуданд. Дар ин се ҳолат низ воқеияти ҳодиса маълум нест", -- гуфтааст Филлип Дам, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳарду ошӯб аъзои гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро гунаҳкор карданд. Ҷузъиёти таҳқиқи ҳодиса эълон нашудааст. Муҳокимаи муттаҳамон ба ташкили ошӯб низ паси дарҳои баста ҷараён гирифт.

Дар ҳоле ки президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба қабули ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон омода мешавад, созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ҳам дар номае расмӣ аз раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хостааст, дар ивази равобити хуб бо Тоҷикистон аз ин кишвар эҳтиром ба озодии матбуотро тақозо кунанд.

Ин созмон мегӯяд, тасмими Макрон барори мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон "фурсати хубе" барои матраҳ кардани масъалаи озодии баён дар Тоҷикистон аст. Ҷое, ки озодии баёну матбуот ҳамеша поймол мешавад, ҳарчанд қонуни асосӣ ва санадҳои байналмилалӣ онро замонат додаанд. Ба иттилои созмон, аз соли 2016 ба ин тараф беш аз 20 хабарнигор аз Тоҷикистон ба хориҷ рафтаанд.

Дар изҳороти Хабарнигорони Бидуни Марз омадааст: "Қарор аст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сулҳи Порис иштирок ширкат кунад. Мо аз ҳамаи роҳбарони аврупоӣ мехоҳем, то дар ивази равобити хуб бо Тоҷикистон эҳтиром ба озодии матбуотро шартгузорӣ кунанд."

Тоҷикистон аз соли 2015 ба ин тараф дар шохис ё индекси озодии матбуот дар ҷаҳон 45 зина поин рафтааст. Суқути чашмгире, ки бахше аз он ба далели сензураи густардаи Интернет аст. "Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ ва худсарона вебсайтҳои хабарии мустақил ба монандаи "Азия Плюс"-ро бастааст”, -- гуфта шудааст дар изҳороти созмон. Пештар масъулони Хадамоти алоқа гуфта буданд, ки дар ин кор даст надоранд ва "эҳтимол мушкил аз берун аст".

Хабарнигорони Бидуни Марз мегӯяд, "мақомоти Тоҷикистон аз соли 2018 назорат ба интернетро шадид кардаанд ва бо истифода аз тавоноиҳои худ дастрасӣ ба пойгоҳҳои хабарии пешрафта ба монанди "Фарғона" ва "Ахбор", паёмрасонаҳо, Ютуб ва ҳатто Гуглро қатъ мекунанд".

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта борҳо изҳори нигаронӣ карда буданд, ки гуруҳҳои, ба ибораи онҳо, "тундрав" аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби фаъолиятҳои худ сӯистифода мекунанд.

"Рӯзноманигороне, ки фақат талош мекунанд кори худро анҷом диҳанд, пайваста мавриди озору азияти мақомот, шантаж ва тарс додан ҳастанд. Хайрулло Мирсаидов дар моҳи декабри соли 2017 пас аз интишори номае саркушода бо муттаҳам кардани мақомоти аршад ба фасоди идорӣ дастгир шуд ва дар моҳи январ дар муҳокимаи шармовар 12 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Вай баъд аз ҳашт моҳ аз зиндон озод гардид, вале мақомот ба ҳадафи худ расид. Фазои олуда ба тарс рӯзноманигоронро аз бозтоби мавзуъҳои ҳассос бозмедорад", -гуфтааст Хабарнигорони Бидуни Марз.

Ин созмон аз фишор ба расонаҳои байналмилалӣ низ ёдовар шудааст: "Рӯзноманигорон ва касоне, ки барои бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ кор мекунанд, бо таҳдиди доимии бозхонди аккредитатсия ё парвонаи кор рӯ ба рӯ ҳастанд".

Тоҷикистон дар шохиси озодии матбуот дар соли 2019-ум аз миёни 180 кишвар дар ҷойи 161 қарор гирифтааст.

Бори аввал нест, ки созмонҳо дар остонаи мулоқоти муҳими раҳбарони кишварҳои ғарбӣ бо мақомоти Тоҷикистон вазъи бади ҳуқуқи инсон ва матбуотро ёдовар мешаванд. Мухолифин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ онро як роҳи таъсиррасонӣ барои тағйири вазъ дар Тоҷикистон медонанд. Вале бисёриҳо аз он нигаронанд, ки аксар вақт натиҷаи гуфтугӯҳо дар пушти дарҳои бастаи мулоқот мемонад.

https://www.ozodi.org/a/tajik-president-in-france/30258761.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима