Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд
     TJ RU EN
11:24 / 2024-11-16

Ҷеймӣ Флай ва Эмомалӣ Раҳмон озодии баён ва аккредитатсияро баррасӣ карданд

Чанд рӯз баъд аз посухи пароканда ва нисбии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ барои аккредитатсияи хабарнигору кормандонаш, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Дар ин дидор, ки бо дархости Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо, дар Сюрихи Швейтсария сурат гирифт, ду ҷониб вазъ ва шароити кори хабарнигорон ва кормандони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот гуфт, ҳукумати Тоҷикистон "ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад."

Президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеймӣ Флай гуфт, ин дидор самимона буд ва ӯ дар он аз ҳаққи мардуми Тоҷикистон ба дарёфти иттилои озоду бетарафона ҳимоят кард ва зарурати кори озодона ва бидуни тарсу ҳароси хабарнигори Радиои Озодӣ таъкид намуд.

Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки "хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шудаанд ва озодона фаъолият мекунанд, ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ кори Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст." Вай ҳамчунин таъкид кард, ки солҳои охир Радиои Озодӣ "бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст".

Ҷеймӣ Флай ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Радиои Озодӣ баландтарин меъёрҳои журнализмро риоят мекунад ва ҳаргиз зимни таҳдиду зӯргӯӣ ин арзишҳоро халалдор нахоҳад намуд." Дар робита ба аккредитатсия ва иҷозаи кор ба хабарнигорони Радиои Озодӣ, Ҷеймӣ Флай гуфт, Радиои Озодӣ "чунин вазъро қабул надорад, ки интихобан ба баъзе аз хабарнигорон аккредитатсия бидиҳанду ба баъзеи дигар на, ё муддати кори бархеи дигарро кӯтоҳ кунанд." Раҳбари Радиои Озодӣ ишора кард, ки агар масъала ҳарчӣ зудтар ҳал нашавад, ба Радиои Озодӣ зарур меояд, ки идомаи фаъолияташро дар Тоҷикистон бознигарӣ кунад.

Ба қавли Ҷеймӣ Флай: "Раиси ҷумҳур Раҳмон ба аҳамияти кори Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ишора кард ва гуфт, мехоҳад Озодӣ дар Тоҷикистон бимонад." Баъди мулоқот, Ҷеймӣ Флай аз Вазорати умури хориҷӣ ва ниҳодҳои дигар даъват кард, ки "ҳарчӣ зудтар дастурҳои президентро амалӣ кунанд ва тамоми хабарнигорони Радиои Озодиро сабти ном намоянд" ва ба озори хабарнигорони мо хотима бидиҳанд.

Чанде пеш, рӯзи 31-уми октябр, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба 7 хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ иҷозаи фаъолият дод, вале шаш нафарашон фақат ҳаққи фаъолияти нимсола ва як нафар барои се моҳ иҷозаи кор гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки бар пояи муқаррароти Ҳукумати Тоҷикистон аккредитатсия ба хабарнигорони доимӣ барои 1 сол дода мешавад ва муҳлати семоҳа танҳо барои онҳое таъйин шудааст, ки бо сафари кӯтоҳмуддат вориди Тоҷикистон мешаванд.

Мудирияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дода шудани ин ҳафт парвонаи корро "назарфиребӣ" номид ва мегӯяд, дар ҳоли ҳозир 11 хабарнигор ва корманди ин расона аккредитатсия надоранд ва аз ҳаққи кор маҳруманд.

Пештар Ҷеймӣ Флай дар номае ба Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон навишт, додани аккредитатсия танҳо ба қисме аз хабарнигорон "нодида гирифтани ҳаққи бунёдии хабарнигорони мо барои кор аст." Ӯ аз вазорат хост, "ба ҳамаи кормандони Радиои Озодӣ акредитатсия дода шавад, то онҳо битавонанд, вазифаҳои худро анҷом диҳанд.”

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ҳайати таҳририяи рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва созмонҳои дохилии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон ҳукумати Тоҷикистонро барои аккредитатсия накардани хабарнигорони Радиои Озодӣ танқид карда, хостаанд, то ҳукумат онро барои нақзи озодии баён ва ҳамчун абзори сензура истифода набарад.

Вакилони Сенат ва Конгресси Амрико бо ирсоли нома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон талошҳои ҳукумат барои таъсир гузоштан ба кори хабарнигорони Радиои Озодиро танқид карда ва гуфтаанд, ки монеъ шудан ба фаъолияти озоди Радиои Озодӣ метавонад ба ҳамкориҳои Амрикову Тоҷикистон осеб расонад.

Радиои Озодӣ яке аз чанд расонаи ангуштшуморе дар Тоҷикистон аст, ки ахбори дуруст ва бетарафона нашр мекунад ва бинандаву хонандаи зиёде дорад. Вебсайти Радиои Озодӣ аз вебсайтҳои асосии хабарӣ ва серхонанда дар Тоҷикистон аст. Канали Радиои Озодӣ дар Ютуб бо 838 ҳазор пайрав маҳбубтарин канал дар кишвар ба ҳисоб меравад. Видеоҳои онро соли 2019 195 миллион бор тамошо кардаанд. Саҳифаи Фейсбуки он 184 ҳазор пайрав дорад ва видеоҳояшро соли 2019 14 миллион бор дидаанд.

https://www.ozodi.org/a/rferl-president-discussed-media-freedom-and-accreditation-with-rahmon/30258416.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима