Шӯро бесарпараст аст, аммо ба оянда умед дорад
     TJ RU EN
10:12 / 2024-12-20

Шӯро бесарпараст аст, аммо ба оянда умед дорад

Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ рӯзи 8-уми октябр аз фаъолияти семоҳааш натиҷагирӣ карда, хабар дод, ки дар ин муддат расонаҳои кишвар 159 маротиба меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро поймол кардаанд.

Раиси Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова ва котиби генералии Шӯро Зеваршои Муҳаммад гуфтанд, бештар бандҳои 12 (Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама) — 35 маротиба, 14 (Асардуздӣ/плагиат) — 21, банди 5 (Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр) — 26, Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс (банди 7) — 20 бор ва банди 8 (Эҳтимолияти бегуноҳӣ)-и Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон 20 маротиба нақз шудаанд.

Зеваршои Муҳаммад илова кард, дар баррасии мазкур теъдоди хеле ками нашрияву расонаҳои интернетие фаро гирифта шудааст, ки узви Шӯро ҳастанд. Ба гуфтаи мавсуф, “агар фарогирӣ бештар мебуд, эҳтимолияти ҳузнангез будани вазъ бештар мегардид”.

— Аз 17 банди Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ 13 банди он аз сӯи расонаҳо нақз шудааст, ки хеле нигаронкунанда аст. Фазои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди расонаҳо, мушкилоти молию иқтисодӣ, ба вуҷуд омадани расонаҳои нав ва шабакаҳои ичтимоӣ аз мушкилоте ҳастанд, ки бархе аз расонаҳои суннатиро барои дарёфти манбаи молӣ водор ба зери по кардани меъёрҳои ахлоқӣ кардааст. Аз сӯи дигар, чунин ҳолат бархе аз ҳамкасбони моро маҷбур кардааст, ки дар навиштаву расонаҳои худ аз забони хушунат, паст задани шаъну шараф, тарғиби хушунат (зӯроварӣ) ва пешдоварӣ кор бигиранд. Ин ҳама тамоюлҳо ба нафъи рӯзноманигории мо набуда, баръкс эътимоди расонаҳо ва муаллифони онҳоро дар назди мухотаб ва ҷомеа коста мегардонанд,- гуфт котиби генералии Шӯрои ВАО.

Раиси Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова бар он назар аст, ки дар замони падид омадани расонаҳои нав, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рушди фанновариҳои иттилоотӣ дурустиву беғаразии иттилоот бояд аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти рӯзноманигорӣ бошад.

— Агар чунин пешравиҳо аз як сӯ ба рушди журнализм мусоидат карда бошанд, аз тарафи дигар имконияти дурӯғпароканиро бештар кардааст. Аз ин рӯ, риояи меъёру усулҳои ахлоқи касбӣ ва стандартҳои пазируфтаи соҳа хеле муҳим аст. Шӯро ҳамчун ниҳоди худтанзимкунандаи соҳа барои босифат шудани журналистикаи ватанӣ ва аз пайомадҳои ногувор эмин мондани он фаъолияти худро пеш мебарад ва дар ҳамин самт кор карда истодааст. Мо медонем, ки ниҳодҳои худтанзимкунандаи фаъолияти расонаҳо бештар ба хотири ҳимояи худу рӯзноманигорон ва расонаҳо мебошад ва рушди журналистикаи босифату боахлоқ ба нуфуз ва обрӯи идораҳои васоити ахбори омма ва кормандони онҳо мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, Шӯрои ВАО вайрон кардани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон»-ро таҳти ҳар гуна шароит маҳкум месозад ва аз расонаҳову ҳамкасбон хоҳиш мекунад, ки меъёрҳои мазкурро риоя намоянд ва дар рушди рӯзноманигории босифат ва расонидани иттилооти дурусту беғараз саҳм бигиранд,- гуфт Шаҳло Акобирова.

Нигаронии Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз фазои ногувори иҷтимоию иқтисодӣ барои рушди расонаҳо, мушкилоти молию иқтисодии онҳо дар ҳолест, ки соҳибназарон дар мавриди мушкилоти молии худи Шӯро ҳарф мезананд. Бино ба маълумотҳо, кормандони Шӯро бинобар надоштани сарпарасти молиявӣ аз маблағи иҷора, барқу об аз КВД “Шарқи Озод” қарздоранд ва маоши чандмоҳаашонро нагирифтаанд. “Эҳтимоли аз фаъолият бозмондани Шӯро дар соли оянда вуҷуд дорад”.

Аммо раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шаҳло Акобирова ҳама сарусадоро дар мавриди аз фаъолият бозмондани Шӯро рад кард ва гуфт, САҲА, ки аз сарпарастони молии Шӯро ба ҳисоб мерафт, аз аввали соли равон маблағгузорияшро манъ кардааст, вале Шӯро фаъолият карда истодааст.

— Ба ҷуз САҲА боз ташкилотҳои дигаре ҳастанд, ки барои фаъолияти Шӯрои ВАО маблағгузорӣ мекунанд ва мо фаъолиятро идома медиҳем. На ҳама нашрияву расонаҳои узви Шӯро аъзоҳақиро сари вақт месупоранд. Дар маҷмуъ хеле кам пардохт кардаанд. Он ки аъзоҳақӣ намесупоранду Шӯро баста мешавад, дуруст нест. Онҳое, ки ҳақи узвият намесупоранд, пештар ҳам намесупориданд, вале баста нашудааст. Мо дар ҷустуҷӯ ҳастем, роҳҳои маблағгузориро меёбем. Ба ташкилотҳои гуногун лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногун пешниҳод кардаем. Умед дорем, ки дастгирӣ меёбанд ва минбаъд ҳам фаъолияти Шӯро идома хоҳад ёфт,- гуфт раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Шаҳло Акобирова.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ВАО 30-юми октбяри соли 2009 ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии танзимкунандаи меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар кишвар ба фаъолият оғоз кардааст ва дар умум 86 нашрияву расонаҳои мустақилу давлатии кишвар дар он аъзоянд. Ба гуфтаи масъулин, ҳақи узвияти Шӯро дар як сол 120 сомониро ташкил медиҳад, ки аксари аъзо аз пардохти он саркашӣ мекунанд.

http://faraj.tj/sahifai-asosy/siyosat/shuro-besarparast-ast-ammo-ba-ojanda-umed-dorad/?fbclid=IwAR3G8HqAPff0H2uzbChLOJqkntd5s8Hx3pzqI7fmsI1DIvsBMoowZ1KShdI


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима