Телевизиони “Хатлон” дар формати HD: мақомот барои ин иқдом 750 ҳазор сомонӣ масраф кард
     TJ RU EN
10:17 / 2024-12-20

Телевизиони “Хатлон” дар формати HD: мақомот барои ин иқдом 750 ҳазор сомонӣ масраф кард

Мақомоти вилояти Хатлон эълон намудааст, ки аз моҳи ноябри соли равон барномаҳои телевизиони “Хатлон” бо формати HD пахш хоҳанд шуд.

Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ додааст, бо қарори раиси вилояти Хатлон Идораи телевизион ва радиои вилоят барои бо формати HD пахш намудани барномаҳо ба 750 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири телевизионӣ харидори кардааст.

“Соли ҷорӣ бо қарори раиси вилояти Хатлон ба Идораи телевизион ва радиои вилоят дар ҳаҷми 750 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти муосири телевизионӣ ҷудо гардид.Моҳи сентябр ин таҷҳизот ба идораи ТВ-и вилоят дастрас гардиданд ва ҳоло насби онҳо ҷараён дорад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Роҳбарияти идораи телевизион зикр намуданд, ки сар аз моҳи ноябри соли ҷорӣ барномаҳои телевизиони “Хатлон” бо формати HD пахш хоҳанд шуд. Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки бо кӯмаку дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муддати ду моҳ мешавад, ки шабакаҳои телевизионии “Хатлон” ва “Кӯлоб” тариқи моҳвора барномаҳои худро манзури тамошобинон мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти вилояти Хатлон ба роҳбарияти идораи ТВ ва радиои вилоят дастур додааст, ки барои беҳтар кардани сатҳу сифати барномаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи касбияти кормандони эҷодиву техникии худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20191009/1030001075/Televizioni-Khatlon-formati-HD-maqomot-somoni-masraf-.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима