Ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар моварои амалиёти махфии пулис дар Душанбе
     TJ RU EN
01:49 / 2024-11-16

Ду хабарнигори Радиои Озодӣ дар моварои амалиёти махфии пулис дар Душанбе

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова, ду хабарнигори Радиои Озодӣ, рӯзи 7-уми октябр тасодуфан дар моварои як амалиёти махфии кормандони умури дохилии шаҳри Душанбе афтоданд. Гуфта мешавад, ҳадаф аз ин амалиёт боздошти таксирон буд, ки бино ба гуфтаи кормандони умури дохилӣ, ба ҷинояти вазнин гумонбар мешавад. Кормандони пулис мегӯянд, дар оғоз мехостанд, хабарнигорон ба мошини дгар нишинанд ва корашонро идома диҳанд, аммо наворбардорӣ аз ҳодиса садди роҳ ва ҳамчун дахолат ба амалиёти махфии пулис арзёбӣ шудааст.

Таҳмина Ҳакимова мегӯяд, бо дидани он ки афроде наздик омаданд ва худро ба ронандаи мошине, ки вай низ мусофираш буд, муаррифӣ карда, хостанд, ӯро аз мошин фуроранд, ҳайрон шуд ва ин вазъро наворгирӣ кард ва ин амал кормандони пулисро водор намуд, то ӯ ва ҳамсафараш Афсона Акобиршоеваро ба шӯъбаи пулис баранд.

Ду хабарнигор барои иҷрои вазифаи касбиашон таксӣ киро карда буданд. Таҳмина мегӯяд, воқеа дар ҳоле рух дод, ки Афсона таксиро боздошт ва барои хариди кучаке ба фурушгоҳ даромад. Ин замон панҷ нафаре, ки либоси мулкӣ доштанд, ба ронанда наздик шуданд.Таҳмина мегӯяд, маълум набуд, инҳо кистанд ва бо ронандаи таксии онҳо чӣ кор доранд. Вай ба ширкати таксӣ занг зад ва аз воқеа хабар дод. Ҳамзамон Афсонаро даъват кард, ки баргардад.

Лаҳзае баъд як нафар, бо лаҳни ором ба хабарнигорон ҳуҷҷати худро нишон дод ва гуфт, раҳбари гуруҳ аст ва онҳо як шахси гумонбар дар ҷиноятро боздошт мекунанд. Таҳмина ва Афсона ба ӯ гуфтаанд, ки кормандони Радиои Озодӣ ҳастанд ва ҳуҷҷатҳои худро. Хабарнигорон гуфтаанд, онҳо мебоист ба "Наврӯзгоҳ" мерафтанд, дер мекунанд. Ин корманд ба онҳо гуфтааст, ки барояшон таксии дигар даъват мекунад. Таҳмин ва Афсона аввал розӣ нашуданд, аммо пас ризоият доданд, ки аз мошин фуроянд, аммо он нафар дурбини видеоро дид ва тасмим гирифт, хабарнигоронро ба шӯъба барад.

Ба Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфтанд, барои мамониат кардан ба кори пулис ба 15 шабонарӯз ҳабс хоҳанд шуд. Маъмурони милисаи ин ноҳия дар тамоси телефонӣ гуфтанд, сабаби ба шӯъба бурдани хабарнигорон он будааст, ки онҳо лаҳзаи боздошти гумонбарро наворбардорӣ кардаанд.

Дертар ба занги телефонии мо ба яке аз ҳамкоронамон маъмури шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ посух дод ва гуфт, ки "Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова дар назди моянд ва мо дар ҳоли муайян кардани шахсияти онҳо ҳастем".

Ин корманди пулис ба суоли он ки мақоми ҳуқуқии ҳамкорони моро чӣ гуна шарҳ медиҳад, ҷавоб надод. Аммо дертар ошкор гашт, ки кормандони пулис забтҳои видеоии лаҳзаҳои боздоштро пок кардаанд.

Пас аз дуним соати боздошт ва додани баёноти хаттӣ, хабарнигорони Радиои Озодӣ озод карда шуданд.

Афсона Акобиршоева ва Таҳмина Ҳакимова беш аз як сол боз ба ҳайси журналист ва наворбардор дар Радиои Озодӣ кор мекунанд.

https://www.ozodi.org/a/tajik-police-detained-two-rferl-video-reporters/30203375.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима