20 соли НАНСМИТ ва “дард”-ҳои наву кӯҳнаи расонаҳои Тоҷикистон. ВИДЕО
     TJ RU EN
01:50 / 2024-11-16

20 соли НАНСМИТ ва “дард”-ҳои наву кӯҳнаи расонаҳои Тоҷикистон. ВИДЕО

НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, як созмони ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аз бист соли кори худ натиҷагирӣ кард. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон созмони мазкур дар ин муддат дар ҳифз ва рушди озодии баён дар кишвар саҳми бузург дошт, вале дар фурсатҳои муайяне қодир ба шикастани маҳдудиятҳои мавҷуда набуд.

Бистсолагии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар шароите таҷлил шуд, ки созмонҳои байналмилалӣ чанд сол боз аз вазъи, ба гуфтаи онҳо, бади озодии баён дар Тоҷикистон нигаронанд ва чандин нашрияву хабаргузорӣ баста ва баъзе аз хабарнигорон кишварро тарк кардаанд. Созмонҳои журналистӣ ба дараҷаи муайяне аз ҳуқуқи расонаҳои ҳамагонӣ ва хабарнигорон дифоъ мекунанд ва маҷбуранд, шароити муайянкардаи мақомотро бипазиранд.

Мақомот ин интиқодро қабул надоранд ва баръакс мегӯянд, ки қонунҳои Тоҷикистон озодии баёнро кафолат додааст. Онҳо меафзоянд, дар таҳияи ин қонунҳо созмонҳои машҳури журналистӣ, аз ҷумла Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ширкат варзидаанд. Дар ҳоле аз ин қонунҳо ситоиш мешавад, ки иҷрои ҳамаи нукоти онҳо дар Тоҷикистон зери суол аст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, мушкили дигаре, ки солҳо боз гиребонгири журналистони тоҷик аст, дарёфту тасдиқи иттилоъ аз ниҳодҳои расмӣ ва бахусус мансабдорони давлатист.

Вай афзуд, “баъд аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 маҳдудият дар кори расонаҳо зиёд шуд. Дар баробари мушкили молӣ, худсензура хеле боло рафтааст ва дастрасӣ ба иттилоъ мушкил шудааст.”

Хабарнигорон борҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти расмӣ саривақт ба дархост ё суоли онҳо ҷавоб намедиҳанд.

Шамсулло Фозилов, хабарнигори нашрияи “Фараж” мегӯяд, “масалан, ҳафтаи гузашта як манбаъ аз ноҳияи Восеъ хабар дод, ки маъмурони Оҷонсии зидди коррупсия кормандони “Амонатбонк”-и ин ноҳияро бо иттиҳоми азхудкунии пул дастгир кардаанд. Мо аз Оҷонсии зидди коррупсия шарҳи расмӣ хостем. Як ҳафта боз ҷавобро интизорем.”

Баъзе аз соҳибони раоснаҳо пешниҳод доранд, ки муҳлати расмии гирифтани иттилоъ аз мақомот камтар карда шавад, чун хабарнигорон наметавонанд саривақт тасдиқи иттилои фавриро аз манбаъҳои расмӣ бигиранд. Мақомот мегӯянд, ки масъулони идора ё мансабдорон дар муҳлати на кам аз 3 рӯз бояд ба дархости рӯзноманигор ҷавоб диҳанд. Дар сурати рад шудани пешниҳод расона ҳақ дорад, масъулонро ба додгоҳ кашад.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар аксар вақт хабарнигорон аз шикоят кардан нисбат ба бемасъулиятии мақомот худдорӣ мекунанд.

Ҳомии ҳуқуқ Шоира Давлатова мегӯяд, “новобаста аз он ки дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моддаи 148 ва 162 ҳуқуқи журналистонро барои дастрасӣ ба иттилоъ ва амалӣ намудани фаъолияташон ҳимоят мекунад, то ҳол ягон парванда оғоз нашудааст ва ягон мурофиа ҳам набуд.”

Коршиносон дар ҳамин гуна шароити мушкил вуҷуди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигоронро ба монанди НАНСМИТ муҳим мешуморанд. Онҳо мегӯянд, чунин созмонҳо дастикам мушкили хабарнигоронро ошкор ва ба онҳо машварати ҳуқуқӣ медиҳанд. Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ҳамчунин борҳост, барои сухангӯёни ниҳодҳои давлатӣ давраҳои омузишӣ баргузор кардааст.

Кристоф Делуар, дабири кулли созмони Хабарнигорони бидуни марз ҳам дар паёме НАНСМИТ-ро “сипар ва шамшери рӯзноманигории мустақил дар Тоҷикистон” тавсиф кардааст. Ӯ гуфтааст, “бо вуҷуди мушкилҳои зиёд шумо ҳамсунон таъсири мусбат доред. Дар ин солҳо шумо аз ҳамкороне, ки зери фишор буданд, дифоъ кардед.”

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 28-уми сентябри соли 1999 бо ҳадафи ҳимоят аз хабарнигорон ва таълими ҳуқуқии онҳо дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабтином шудааст. Маркази асосии созмон дар Душанбе аст ва намояндагиҳояш дар Хуҷанду Бохтар амал мекунад.

https://www.ozodi.org/a/30191753.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима