Ҳукумати электронӣ: Гап ҳасту амал нест!
     TJ RU EN
10:33 / 2024-12-20

Ҳукумати электронӣ: Гап ҳасту амал нест!

Новобаста аз Қарори Ҳукумати кишвар дар бораи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар тамоми сохторҳо ва ба роҳ мондани низоми пардохти электронӣ то ҳанӯз на танҳо мардуми одӣ, балки ҳатто масъулини ҷорикунандаи ҳукумати электронӣ дар ҷумҳурӣ онро сарфаҳм нарафтаанд.Аҷиб ин аст, ки чаро масъулин сарфаҳми кори худ намераванд ва ё устои кори худ ҳастанд ва барои ба даст овардани манфиати ҳангуфт, иҷрои ин ҳадафро пиёда кардан намехоҳанд?

Агар амалисозии ҳадафи ҳукумати электронӣ ин зайл идома ёбад, метавон гуфт, ки то даҳсолаҳои баъдӣ низ ҷумҳурӣ электронӣ нахоҳад шуд. Як мисол, суроғаи электронӣ ва ё саҳифа надоштан дар сомонаҳои иҷтимоии як мансабдори давлатӣ исботи гуфтаҳо шуда метавонад.

Пас куҷо монад сомонаи махсуси мақомоти маҳалливу иҷроия ва ё кумитаву вазоратҳои ҷумҳурӣ. Агар ҳоло дар ҷумҳурӣ як барномаи мутамарказонидашудаи электронӣ вуҷуд дошта бошад, ҳоҷат ба ин қадар давутоз ва ҷастухези мардум барои гирифтани ин ё он ҳуҷҷат боқӣ намемонад.

Аз ҳама муҳим роҳандозии ин низом, қариб 90 фоизи ҳолатҳои коррупсиониро аз байн мебарад. Дигар мардум дар пушти дари САҲШ, ХШБ, БДА, идораҳои нотариалӣ ва бонкҳо навбадпоӣ намекунанд, кори худро дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал мекунанд.

Пас бояд чӣ кард, то мардуми мо маърифати молиявиашон боло равад ва на танҳо ба либоспӯшии аврупоиҳо, балки ба дақиқкориву вақтсарфакории онҳо тақлид мекарданд.

Аҳолӣ ҳоло чунон маърифтаи молиявиашон дар доираи маҳдуд инкишоф ёфтааст, ки соатҳо вақти худро дар навбатпоии пардохти хизматрсониҳои коммуналӣ пушти дари бонкҳо рӯзро бегоҳ мекунанд.

Ҳол он ки ҳамон пули барқро аз хона низ бо тариқи телефони мобилӣ пардохтан мумкин аст. Имрӯз шояд аз 4 нафар аҳолии кишвар 1 нафар дорои телефони ҳангуфт бошад, аммо чӣ тавр истифодабарии онро намедонанд.

Корбар будан дар мессенҷерҳо ин нишонаи донистани технологияи муосир ва ҳамқадами замон будан нест, зеро боре ҳар яки шумо фикр кардаед, ки ҳар моҳ чандин сомонӣ барои харидории интернет сарф мекунед, аммо аз он тангае фоида дида наметавонед. Айнан ҳамин аст, он маърифати яхшудаи молиявии мардуми мо, ки онро бояд об кард.

https://tajikistantimes.com/tajikistan/ukumati-elektron-gap-astu-amal-nest/


Инҳоро бояд шинохт

  • Восеев Абдуазиз Ганҷович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима