Аврупо ба кишварҳои Осиёи Миёна дар мубориза ба хабарҳои фейк дар ВАО кумак хоҳад кард
     TJ RU EN
01:29 / 2024-11-16

Аврупо ба кишварҳои Осиёи Миёна дар мубориза ба хабарҳои фейк дар ВАО кумак хоҳад кард

Иттиҳодияи Аврупо барои боло бурдани сатҳи дастрасии аҳолии кишварҳои Осиёи Миёна ба иттилоот ва мубориза бо хабарҳои бардурӯғ пул масраф хоҳад кард

Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии ВАО, ташкилоти ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон фаъоли Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбакистон барои ҷилавгири аз ифротгароии хушунатомез ва тундгароӣ 4 миллион евро изофапулӣ ҷудо намудааст, иттилоъ додааст намояндагии Ииттиҳодияи Аврупо дар Душанбе.
Дар доираи барнома барои рӯзноманигорон тренингҳои махсус барои такмили ихтисос ташкил карда мешавад.

Маблағҳои мазкур барои санҷиши хабарҳо ва хабарҳои фейк, инчунин барои мубориза бо хабарҳои бардуруғ равона хоҳанд шуд .

Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон яке аз 130 намояндагии Иттиҳодия аст, ки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мекунад. Намояндагии Комиссияи Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе соли 2003 таъсис ёфтааст.

https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20190913/1029857047/Avrupo-ba-kishvaroi-Osii-Mina-dar-muboriza-ba-khabaroi-feyk-dar-VAO-kumak-khoad-kard.html


Инҳоро бояд шинохт

  • Маърупов Ҷамшед Баҳромович


  • Тақвим

    << < Декабрь 2018 > >>
    Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
              1 2
    3 4 5 6 7 8 9
    10 11 12 13 14 15 16
    17 18 19 20 21 22 23
    24 25 26 27 28 29 30
    31            
     
    Пайвандҳои лозима